ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНДОРӢ

23 ноябр 2026, Душанбе
4


Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Ин нукта дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баргузор гардид, таъкид шуд.
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзода зимни суханронии табрикотӣ иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, иттиҳоди мардуми кишвар, қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ормонҳои миллати соҳибтамаддуни моро таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
Баромадкунандагон зимни суханрониҳо нақши Парчами давлатиро дар тарбияи худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, бахусус дар миёни насли наврасу ҷавон, муҳим арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати ин рамзи муқаддас дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе манораи бузурги Парчами давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо баландии худ дар ҷаҳон шинохта шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гаштааст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Ин нишонаи соҳибистиқлолӣ, мавқеи байналмилалӣ ва мояи ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба мақому манзалати Парчами давлатӣ ва аҳамияти он дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ сухан намуда, аз ашъори шоирони бузург дар васфи Ватан, миллат ва Парчами давлатӣ шеърҳо қироат карданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.11.2026