ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

21 октябр 2026, Чоршанбе
2


Бинои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ба истифода дода шуд
19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар бинои нави раёсати маорифи ноҳия барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам будани шароити зарурӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад.
Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва омӯзгорон буда, ба таҳкими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.


Ифтитоҳи бинои нави Қасри фарҳанг
19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи кор таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.
Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуд.
Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби тоҷик гузошта шудааст.
Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст.
Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла, ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос пазироии самимӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.
Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 20 иншоот
19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд.
Бунёди муҷассамаи шоири бузург дар маркази ноҳия нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Иншооти мазкур барои боз ҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон, аҳамияти барҷаста дорад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сеошёнаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони гунг ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба истифода доданд. Иншоот дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ бо ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он ошхонаи замонавӣ бо 140 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст.
Иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд, меҳмонхонаи «Сомониён» мебошад. Дар ин иншоот маркази савдо, тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 барои 800 хонанда дар ду баст дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ, бинои иловагии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 барои 1200 хонанда дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 барои 280 кӯдак дар деҳаи Роҳатии деҳоти Роҳатӣ ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №19 барои 100 кӯдак дар деҳаи Ганҷинаи деҳоти Роҳатӣ ба истифода дода шуд. Бо ба истифода додани ин муассисаҳои таълимӣ шароити илмомӯзӣ ва таълиму тарбия дар деҳаҳои мазкур беҳтар гардида, барои ояндаи дурахшони толибилмон заминаи мусоид фароҳам меояд.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, як иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд. Беморхонаи минтақавии деҳоти Роҳатӣ бо 30 кат дар деҳаи Роҳатӣ қомат афрохтааст. Бунёди ин беморхона сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро беҳтар намуда, ба солимгардонии аҳолии деҳоти Роҳатӣ мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба истифода доданд. Бинои Ҷамоат дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ ҷойгир буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, бинои истиқоматии хизматии дуошёна барои 8 оила дар деҳаи Роҳатӣ мебошад. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар намудани шароити зисти оилаҳо, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд. Бинои мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ду чоҳи амудиро, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст, ба истифода доданд. Тавассути ин чоҳҳо бо дарозии 3,5 километр аз деҳаи Қарияи Камари деҳоти Чоргултеппа то маркази шаҳраки Сомониён хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст. Се чоҳи амудии дигар низ, ки аз чуқурии 110 метр об бароварда шудааст ва об дар 2 обанбори ҳаҷмаш 1500 метри мукааб ҷамъ мешавад, дар ин рӯз мавриди истифода қарор гирифт. Оби ин обанбор бо хатти оби ошомидании 11-километра барои таъмини деҳаҳои Косибон, Румӣ, Ҳоҷиён, Турдиев ва Коргари шаҳраки Мирзо Турсунзода истифода мешавад. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо хатти оби ошомиданӣ бо дарозии 5 километр аз деҳаи Кӯктош то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён, хатти обу корез бо дарозии 5 километр аз деҳаи Оби Шифо то кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд.
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истгоҳи барқии тавоноиаш 16000 кВт дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд. Истгоҳи барқӣ дар деҳаи Мадад ҷойгир буда, барои бо барқ таъмин намудани аҳолии шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Зайнабобод пешбинӣ шудааст.
Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 3 корхонаи истеҳсолӣ оғоз бахшиданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли маводи дорувории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷ фарма» дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ФМ Аҳмадӣ» бо иқтидори истеҳсолии 150 ҳазор хишт дар як шабонарӯз дар деҳаи Болошаҳри деҳоти Гулистон мебошанд. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи кори мувофиқ фароҳам оварда шуд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи кашидани хатти оби корезӣ бо дарозии 5,3 километр шинос шуданд. Хатти мазкур барои биноҳои истиқоматии баландошёна аз кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён то деҳаи Қарияи Камар хизмат хоҳад кард.
Ба истифода додани 20 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Рӯдакӣ аз идомаи корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Иншооти нав соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди энергетика, саноат ва хизматрасонӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд.

Санаи нашр: 20.10.2026 №: 203