«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО»: ПАЁМИ ҲАМБАСТАГӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ МУШТАРАК

21 октябр 2026, Чоршанбе
14


16-уми октябр дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор гардид, ки дар он намояндагони илму фарҳанг ва муҳаққиқони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои илмиро баррасӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ҳамоиш расонд. Таъкид намуд, ки баргузор гардидани Анҷуман дар соли таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳ ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ мебошад.
– Маҳз истиқлоли давлатӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва рушди робитаҳои фарҳангиву илмии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои нав фароҳам овард, – изҳор дошт Анвар Сафарзода.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода мақоми забони давлатиро дар низоми арзишҳои миллӣ ва сохтори давлатдории Тоҷикистон таъкид намуд. Номбурда гуфт, ки забони тоҷикӣ дар тули таърих ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони барҷастаро ба камол расонда, бо осори гаронбаҳои онҳо ғанӣ гардидааст.
– Бо забони тоҷикӣ ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллат тарбият ёфта, дар поянда нигоҳ доштани он нақши таърихӣ гузоштаанд. Албатта, ин забоне аст, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некро таблиғ намуда, бо он садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудаанд, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд,– гуфт Сахидод Раҳматуллозода.
Зикр гардид, ки тоҷикон аз қадим дар қаламравҳои имрӯзаи Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳо зиндагӣ карда, дар ташаккули муҳити забонӣ ва фарҳангии минтақа саҳм гузоштаанд. Ин паҳнои ҷуғрофӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳо, омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ – форсӣ – дарӣ ва табодули таҷрибаи муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи асолати забонӣ дар баробари ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, такмили истилоҳоти соҳавӣ ва истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, технологияҳои иттилоотӣ ва фазои рақамӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Аз ин рӯ, таҳқиқи имкониятҳои забони тоҷикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи он дар муҳити илмӣ ва технологӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти забоншиносони муосир ба ҳисоб меравад.
Яке аз самтҳои муҳими Анҷуман баррасии масъалаҳои забоншиносӣ дар шароити дигаргуниҳои босуръати ҷаҳони муосир буд. Густариши технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва тағйир ёфтани шаклҳои муошират дар назди забоншиносон вазифаҳои нав мегузорад. Дар ин замина, масъалаҳои мутобиқсозии забони тоҷикӣ ба талаботи муҳити рақамӣ, таҳияи истилоҳоти нав, истифодаи захираҳои электронии забонӣ, таҳияи луғатномаҳои муосир ва фароҳам овардани заминаҳои илмӣ барои коркарди забон тавассути технологияҳои нав аҳамияти махсус доранд.
Иштирокчиёни Анҷуман дар панҷ бахш мавзуъҳои «Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он», «Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ», «Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол» ва «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон»-ро муҳокима намуданд.
Дар доираи баргузории Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон таҳти унвони «Забони мо – ҷаҳони мо» меҳмонон ва иштирокчиёни Анҷуман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор боздид карданд.


Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.10.2026 №: 203