ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ЛИ СЯН МУЛОҚОТ КАРД
18-уми октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарварони давлатҳо муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланд қарор доранд.
«Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо боз кард. Пас аз мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ 30 созишномаи нав дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Сарварони давлатҳо Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро имзо карданд. Умедворам, ки ин ҳуҷҷатҳо минбаъд низ заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба миёни ду кишвар тақвият хоҳанд дод», – иброз дошт Сарвазири кишвар.
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян иброз дошт: “Муносибатҳои мо аз озмоиши таърих гузаштанд ва мо омодаем, ки эътимоди мутақобиларо тақвият ва ин анъанаи некро аз насл ба насл интиқол диҳем”.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ барои тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ байни кишварҳо афзалиятнок боқӣ мемонад.
Пас аз анҷоми мулоқот Созишнома дар соҳаи рушд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ, Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти давлатии танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расиданд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
