ТОҶИКИСТОН. АЗ БУЗУРГИИ ТАЪРИХӢ ТО ШУҲРАТИ МУОСИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

21 октябр 2026, Чоршанбе
16


Тоҷикистон шояд дар харитаи ҷаҳон аз баъзе кишварҳои бузург масоҳати камтар дошта бошад, аммо дар харитаи таърих аз ҷойгоҳи хосса бархурдор аст. Ин сарзамин зодгоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо чеҳраи дигари бузурги илму адаби ҷаҳонист. Аз ин сарзамин на танҳо одамони бузург, балки андешаҳо, мактабҳои илмӣ, осори адабӣ ва арзишҳои маънавие ба ҷаҳон роҳ ёфтаанд, ки имрӯз низ барои башар аҳамияти худро гум накардаанд.
Воқеан, мо хурд ҳам нестем, ҳарчанд баъзан нисбати сарзамини мо мафҳуми кӯчакро истифода мебаранд. Аз рӯйи арзёбиҳои демографии Созмони Милали Муттаҳид – World Population Prospects, аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба тақрибан 11 миллион нафар мерасад. Бо ҳамин нишондиҳанда, кишвари мо аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон мавқеи арзишманд дорад.
Аз ҷиҳати масоҳат низ кишвари мо дар байни 195 давлати ҷаҳон ҷойи 96-умро мегирад. Яъне, дар олам 95 давлат аз Тоҷикистон калонтаранд, вале мо аз 99 давлати дигари олам бузургтарем.
Аммо маънои «Тоҷикистон хурд нест» аз ин ҳам фаротар меравад. Ба маънои томи ин ҷумла, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди марзҳои сиёсии худ маҳдуд нест. Миллати тоҷик чунин тақдир доштааст, ки дар тули таърих марзҳои сиёсияш борҳо тағйир ёфтаанд, аммо забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва эҳсоси мансубият ба ин сарзамин аз байн нарафтааст.
Миллионҳо ҳаммиллатони мо берун аз марзи имрӯзаамон зиндагӣ доранд, аммо бо забону фарҳанг, расму оин, хотираи таърихӣ ва муҳаббат ба Ватан бо Тоҷикистон пайванди маънавӣ доранд. Яъне, руҳияи тоҷикӣ дар як фазои бузурги таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин, дар миёни ҷомеаҳои тоҷикони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо пойдор аст. Ин воқеият нишон медиҳад, ки мафҳуми миллат аз марзи сиёсӣ васеътар мебошад.
Вақте мо забони тоҷикӣ мегӯем, сухан танҳо дар бораи забони сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон намеравад. Сухан дар бораи забоне меравад, ки миллионҳо инсон онро ҳамчун забони модарӣ, забони мероси фарҳангӣ ё забони муоширати худ гиромӣ медоранд ва истифода мебаранд.
Дар Афғонистон то 12 миллион нафар гӯяндагони забони тоҷикӣ ҳастанд, дар Ӯзбекистон расман 1,66 миллион (аз рӯйи арзёбиҳои тадқиқотии ғайрирасмӣ аз 8 то 11 миллион), Покистон 1,8 млн, Федератсияи Россия 350 ҳазор, Қирғизистон 60 ҳазор, Қазоқистон 59 ҳазор, Чин 51 ҳазор, ИМА 52 ҳазор, Канада 16 ҳазор нафар ва дар Украина 4 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо забону фарҳанг ва бо меҳру муҳаббат бо Ватан пайванданду робита доранд.
Бале, Тоҷикистон хурд нест. Ҳарчанд Ватани мо аз рӯйи масоҳат ба қатори кишварҳои бузурги ҷаҳон шомил нест, аммо аз нигоҳи таъриху тамаддун сарзамини бисёр бузург аст. Ин сарзамин бо таърихи қадимаи Осиёи Марказӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Фарҳанги тоҷикон дар тули садсолаҳо дар ташаккули адабиёт, илм, забон, фалсафа ва фарҳанги минтақа саҳми бузург гузоштааст.
Аз ҳамин ҷиҳат, Тоҷикистон танҳо як давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон нест, он идомаи як тамаддун, як хотираи бузурги таърихист ва аз ин рӯ, ибораи «Тоҷикистон хурд нест» низ як ибораи одӣ нест, ин таъкиди Пешвои мост. Ин як нигоҳи нав ба Ватан аст. Нигоҳе, ки моро водор мекунад Тоҷикистонро бо чашми таърих бубинем, аз таърихи худ сабақ гирем ва давлати соҳибистиқлоли худро бузург дорему чун гавҳари чашм ҳифз намоем.
Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номаҳои табрикии роҳбарони давлатҳои абарқудрат ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳамовозии самимии бисёр давлатҳои ҳамзабон ва аз ҳузури меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф оварда, дар ин рӯзи фараҳбахш дар паҳлуи мардуми Тоҷикистон қарор гирифтанд, баръало эҳсос мешуд, ки шодии мо танҳо шодии сокинони як давлат нест.
Тантанаҳои бошукӯҳ, фазои идона ва чеҳраҳои саршори шодии мардум ба дилҳо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ мебахшиданд ва ба таври возеҳ нишон медоданд, ки Тоҷикистон хурд нест. Балки кишварест, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳ ва мавқеи сазовори худро дорад, хуб шинохта шудааст ва рӯз ба рӯз дӯстону шарикони мо бештар мешаванд; шумораи онҳое, ки бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, афзун мегардад. Акнун ба мо бо чашми дигар, бо эҳсоси баробарӣ ва эҳтиром менигаранд.


Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда

Санаи нашр: 20.10.2026 №: 203