БЛОГЕР. АЗ ФУРСАТУ ШУҲРАТТАЛАБӢ ТО МИЛЛАТСОЗӢ
![]()
Муносибати давлату Ҳукумати мо ба блогерони фазои иҷтимоӣ хеле хайрхоҳона аст. Иштирокашон дар чорабиниву конфронсҳои сатҳи баланд, сафарҳои бешумори ҳаррӯза ба гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон, аз тарафи давлат ба сафарҳои хориҷӣ ҷалб шудани онҳо, далели то куҷо қадр доштани ин қишри тозаташаккули ҷомеаи мо мебошад. Аммо савол ба миён меояд, ки оё ҳамаи ба ном блогерон хайрхоҳи ин кишвар, арзишҳои милливу давлатӣ ҳастанд? Маводи зер атрофи ҳамин мавзуъ баҳс хоҳад кард.
ФУРСАТТАЛАБӢ ВА НУСХАБАРДОРӢ ТО КАЙ?
Имрӯзҳо, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоии кишвари мо наворҳои босифат ва бомазмун хеле камтар аз наворҳои пастмазмун ва беаҳамият шудаанд. Агар яке паёми тоза дошта бошад, даҳи дигар ҳеҷ иттилоъ ё маъное надорад ва баръакс барои тарғиби бадахлоқӣ роҳ боз мекунад. Ин дар ҳолест, ки блогерони кишварҳои дигар интернет – воситаи таъсиррасони имрӯзро ба хидмати давлату миллати хеш гумоштаанд. Ҳатто дар баҳсҳои тезутунди таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ва минтақа дасту остин барзадаанд. Бештари блогерони мо ҳоло ҳам ба тарғиби хӯрокҳои миллатҳои ғайр, тарабхона, баҳсҳои қабеҳи лафзӣ, лаҳзаҳои қоидавайронкуниву ҷиноятӣ саргарманд.
Аксари блогерони мо фурсатталабанд. Вақте дар саҳифаҳои вежаи вазорату кумитаҳои дахлдор ё ягон шахси масъул навору аксҳои шахсияти муваффақ, сарфарозии варзишгар, эълони ҷустуҷӯйи шахс, ҳолати содир шудани ҷиноят, ё мавриди хушунат қарор гирифтани касе инъикос ёбад, дарҳол нусхабардорӣ мекунанд, то бо истифода аз ин обрӯ ва таваҷҷуҳ ба даст оранд. Гоҳе бо ҳам баҳс мекунанд, ки “ин наворро аввал ман интишор додам”, дар ҳоле ки сарчашмаи асосӣ на ин асту на он. Ҳатто ба навор каме овози худро илова карда, болои он тамғаи худро мегузоранд, гӯё худашон махсус навор гирифта, танзим намуда, ҳамин ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор дошта бошанд.
Ба назди шахсияти муваффақ ё ба ҷойи ҳодиса рафтан, бо шахсони дахлдор суҳбат оростан, бо асбоби зарурии сабт муҷаҳҳаз будан, сабабҳои сарзании рухдодҳоро ҷустан барои онҳо, аслан, бегона аст. Интизор мешаванд, ки аз куҷое бӯйи хабари хуш ё нохуш расаду онҳо саҳифаҳои хешро “оро” диҳанд.
Чанде пеш раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе номае нашр намуд, ки тибқи он, бархе аз блогерон бо мақсади ҷалби бинандагон ва афзоиши шумораи обуначиёни худ, эълони нодурусти гум шудани одамон, аз ҷумла духтаронро, интишор дода, ҷомеаро ба гумроҳӣ андохтаанд.
Фурсатталабии онҳо дар моҳи сентябри соли равон чун рӯз равшан шуд. Баъзе блогерон дар ду ҳолат омӯзгорони ноҳияҳои Ёвон ва Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо такя ба наворҳои ғайрикасбиву носанҷидаи дигарон зери санги маломат монданд, аммо дар ниҳоят, пас аз санҷидани ҳақиқати навор ва акс, Вазорати маориф ва илм ба яке унвони Аълочии маориф ва илм, ба дигаре Ифтихорномаро арзонӣ дошт.
МАЪРИФАТИ ПАСТ Ё ЧИЗИ ДИГАР...
Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика, ки бо санҷиши набзи контентҳои мо, бавежа контентҳои илмии мо, машғул аст, андешаҳояшро чунин баён намуд: “Агар наворҳои тоҷикиеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, таҳлил кунем, мебинем, ки аксарашон наворҳои аз нигоҳи мазмуну муҳтаво пастсифат буда, аз онҳо гирифтани маълумоти ҷолиб ва зарурӣ ғайриимкон аст. Ҳамчунин, ҳангоми ҷустуҷӯйи наворҳои тарбиявӣ, таълимӣ ё омӯзишӣ ба мушкил дучор мешавем, зеро миқдори онҳо хеле ночиз аст. Сабаби асосӣ дар он аст, ки барои гузоштани навори рақсу суруд ва шӯхиҳои бемағз чизи зиёд зарур нест, танҳо бо телефон сабт ва дар интернет гузошта мешавад. Барои сохтани навори касбӣ ё ҳадди ақал миёна муаллиф бояд маълумот ҷустуҷӯ намояд, дурустии онро санҷад, мувофиқи он аксу тасвир, ё навор ёбад, онро танзим созад”.
Номбурда, таваҷҷуҳи рӯзафзуни мардум ба наворҳои дилхушкунанда, вақткуш ва пучро сабаби аслии зиёд шудани чунин чизҳо медонад.
ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?
АССОТСИАТСИЯИ БЛОГЕРОНИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ?
Саҳифаи расмии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки бо номи “Душанбе Полис” гардон аст, қариб ҳар ҳафта аз боздошти блогероне хабар медиҳад, ки ба дағалона вайрон кардани қоидаву қонунҳои ҷорӣ тавассути наворҳои ғайриахлоқӣ саргарманд.
Дар нишасти матбуотии нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ сардори ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 23 блогер барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Директори Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов ҳам тасдиқ кард, ки наворҳои пастмазмуну дорои беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанг, арзишҳои миллӣ, забони модарӣ, таҳқири шахс ба зеҳну афкор таъсири манфӣ доранд. Ба қавли номбурда, аз ҷониби Ассотсиатсия чандин маротиба байни чунин блогерони бесалоҳият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудаанд, вале натиҷа ҳамон аст, ки буд. Бо вуҷуди ин, Бахтиёр Маҷидов аз блогероне хушбин аст, ки манфиати миллати хешро дар ҷойи аввал гузошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, фарҳанги баланди тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Ба қавли ӯ, чанд нафари дигаре ҳам ҳастанд, ки ба наврасону ҷавонон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёрӣ мерасонанд, зумраи дигар ошхонаи миллии моро муаррифӣ мекунанд.
Мавзуи матраҳ ин аст, ки на танҳо блогерон ё наворсозони хасакӣ, балки ҳар яки мо бояд бидонем, ки навору акс ва навиштаҳои моро дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон тамошо ё пайгирӣ менамоянд. Баҳсҳои бемаънӣ, дашномҳо, омехта кардани забони порсии тоҷикӣ бо забонҳои бегона ва таҳқири ҳамдигарии моро ҷаҳон тамошо дорад, яъне як амали ноҷои мо метавонад латма ба обрӯву эътибори миллат гардад.
Ба саволи чӣ бояд кард, директори Академияи ВАО Тоҷикистон Ҳақназар Каримзода изҳор дошт, ки танҳо омӯзиши пайваста, курсҳои вежаи омодагӣ метавонанд бахши ҳуқуқиву фарҳангии кори блогеронро тақвият бибахшанд, то наворҳо сифати миллӣ гиранд. Миллӣ, яъне саршор аз унсурҳои миллӣ, вожаҳои ноби забони модарӣ ва вежагиҳои тоҷикон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ба таъкиди ӯ, то охири соли равон аввалин семинари омӯзишии блогерони Тоҷикистон гузаронда мешавад. Умедворем, ки семинари мавриди назар қадами аввалин, вале ниҳоят ҷиддие дар роҳи омӯзиш ва тарбияи блогерони, пеш аз ҳама, хештаншинос ва ватандӯсту ватансаро хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
