ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУРИЯ ҲАМЧУН НАМУНАИ ИБРАТОМӮЗИ ДАВЛАТСОЗӢ

СУРИЯ ҲАМЧУН НАМУНАИ ИБРАТОМӮЗИ ДАВЛАТСОЗӢ

06 июн 2023, Сешанбе
125
0
 
Чунон қаҳтсолӣ бишуд дар Димишқ,
Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ
Таърихи навини башар собит намудааст, ки ҳар қадар иқтидори зеҳнӣ ва худшиносии миллии мардуми як кишвар боло равад, ҳамон қадар пояҳои давлатдорӣ ва қудрати сиёсиву тавоноии он афзуда, дар баробари ҳама гуна хатарҳои берунӣ истодагарӣ карда метавонад. Махсусан, дар шинохти навини ҳувияти миллӣ, ки марбут ба даврони пасоистеъморӣ буда, баъд аз ҷанги аввалу дуюми ҷаҳонӣ дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон сурат гирифт. Ин раванд давлатҳои миллии наверо дар назми нави ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард, ки бо такя ба таърих, фарҳанг ва иқтидори зеҳнии хеш тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ рушд намуда, дар баробари муқовиматҳои шадиди геополитикӣ истодагарӣ намоянд.
САЙРИ ТАКОМУЛИ ТАЪРИХӢ ДАР БОРАИ ДАВЛАТДОРИИ СУРИЯ
Аз кишварҳои Шарқи Наздику Миёна Сурияро метавон мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар ду қарни охир бо боло гирифтани ҳувияти милливу эҳсоси баланди худшиносӣ ва давлатмеҳварӣ дар муқобили хатарҳои геополитикиву тавтеасозии қудратҳо истодагарӣ намудааст. Мардуми ин кишвар аз замони расидан ба огоҳии миллӣ дар давоми ду қарни охир барои озодиву истиқлол ва нигоҳ доштани давлати милливу дунявии худ пайваста мубориза бурданд. Ҳатто аз шикастҳои худ муваффақият сохтанд. То ҳанӯз руҳияи мубориза ва ғолиб омаданро дар баробари ҳама гуна душманон аз даст надода, манфиатҳои миллии хешро ҳифз мекунанд. 
Таҳлили таърихи навини Сурия аз дараҷаи баланди ҷасорат ва худшиносии миллӣ, давлатмеҳвариву арҷгузорӣ ба низоми дунявӣ дар ин кишвар шаҳодат медиҳад. Дар маҷмуъ, ин тарзи андеша пайкараи қавии миллиро ба миён оварда, сурягиҳо  тавонистанд, ки дар муқобили терроризми ҷаҳонӣ истодагарӣ намоянд. 
Сурияи ҳозира, ки дар гузашта ҳамроҳ бо кишварҳои Урдун, Лубнон, Фаластин бахше аз сарзамин Шом маҳсуб мешуд, таърихи бештар аз панҷ ҳазорсола дорад. Қабл аз тасаллути мусулмонон бар ин кишвар, қавмҳои сомӣ, орамӣ, мисрӣ, ошурӣ, бобилӣ, юнонӣ, римӣ ва эронӣ дар давраҳои гуногун ин кишварро сукунатгоҳи хеш намудаанд ё онро барои муддате тасарруф кардаанд ва нишонаҳое аз тамаддуни хоси хешро ба ёдгор гузоштаанд.
Дар Сурия давлатҳои аввалин давлатҳои шумерию бобулӣ буданд, аммо  то замони лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин ҳудуд дар тобеияти императории Ҳахоманишҳо буд. Бо омадани Искандар ин минтақа тобеи давлати Юнону Бохтар мегардад. 
Сурия баъди зуҳури масеҳият муддате дар тобеияти императории Рим қарор мегирад. Дар он давра масеҳият ҳамчун дини расмӣ пазируфта мешавад. Пас аз зуҳури дини ислом қисме аз мардуми Сурия онро қабул карданд. 
Тавре аз хронология бармеояд (тамаддуни Шумериҳо солҳои 2130 - 1250 пеш аз мелод, Аккодиҳо 2200 - 2250 пеш аз мелод, Умуриҳо 1880 - 2200 пеш аз мелод, Бобулиҳо 2450 - 3500 пеш аз мелод, Орамиҳо 1800 - 795 пеш аз мелод, Ошуриҳо 1050 – 600 пеш аз мелод, давраи Ҳахоманишӣ 550 - 333 пеш аз мелод, императории селовакӣ 333 - 43 пеш аз мелод, шоҳаншоҳии Сосониҳо солҳои 402 - 439 мелодӣ, хилофати Рошиддин 661 – 750, хилофати Уммавӣ  750 – 1258, салтанати Аюбӣ 750 – 1358,  салтанати Мамоликӣ 1260 – 1517, императории Усмониён 1516 – 1918, давраи англисию фаронсавӣ 1918 – 1920, салтанати Фаронса бар Сурия 1920 – 1946),  таърихи Сурия пур аз шебу фарозҳо буда, ин кишвар танҳо дар соли 1946 соҳибистиқлол гардидааст. 
АРЗИШҲОИ НОМУСӢ ВА ВАТАНДОРИИ ХАЛҚИ СУРИЯ, ОШТИНОПАЗИРӢ ДАР ҚИБОЛИ ДУШМАНОНИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ
Сурия дар дарозои мавҷудияти хеш борҳо ба тамаддунҳои гуногун махлут шудааст. Тақрибан тамоми бархӯрдҳо ва ишғолгариҳо, ки дар Шарқи Наздик рух додаанд, таъсири худро ба ин сарзамин гузоштаанд. Ба чунин раванд, пеш аз ҳама, мавқеи ҷуғрофии Сурия мусоидат намудааст, ки дар як роҳи иртиботие байни Шарқу Ғарб ва мавқеи стратегӣ қарор дорад. Албатта, тамоми муборизоти суриягиҳоро наметавон дар як мақола дарҷ намуд, вале даврони нави ин кишварро, ки бо такя ба худшиносии миллӣ саршор аз муборизоту истодагарӣ барои истиқлол аст, зикр намудан бамаврид мебошад.
Аз нигоштаҳои таърихӣ бармеояд, ки мардуми Сурия ҳамеша мардуми мубориз, ғаюр ва дар муқобили ҳамагуна таҷовузе, ки ба хоки ин кишвар шудааст, истодагарӣ намудаанд. Аз даврони ниҳоят қадими таърихӣ боқӣ мондани ёдгориҳои фарҳангии Бобулӣ  ва Шумерию Аккодӣ, инчунин, ҳамчун қавмият боқӣ мондани халқияти суриёнӣ, ки ҷузъе аз таркиби қавмии имрӯзаи Сурияро ташкил медиҳанд, далели ин гуфтаҳост. 
Нишондодҳои таърихӣ бар онанд, ки мардуми Сурия ҳанӯз пас аз вуруди аврупоиён ба ин минтақа, аз асрҳои 18, 19 барои озодии худ ҳамеша мубориза бурдаанд. Аввалин ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва шӯришҳои Шарқи Наздик бар муқобили бегонагон маҳз дар қаламрави Сурия сурат гирифтааст. Аз ҷониби мустамликадорони Ғарб борҳо кӯшиш ба харҷ дода шудааст, то руҳияи озодихоҳии мардуми Сурия шикаста шавад. Аз ин лиҳоз дар ин қаламрав фаронсавиҳою англисҳо аз тамоми омилҳои таъсиррасонӣ, аз ҷумла зудудани ҳувияти миллӣ истифода намудаанд. Вале мардуми ғаюру озодихоҳи Сурия муборизаи худро барои озодию истиқлол идома додаанд. 
Ҳанӯз пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ мардуми Сурия барои ташкили шоҳигарии алоҳидаи кишвари худ зери роҳбарии Шоҳ Файсал аз хонадонӣ Ҳошимӣ талош карданд. Вале Фаронса ва Британияи Кабир ба ин иқдом монеъ шуданд ва ҳудуди Либияро аз Сурия ҷудо намуданд. 
Яке аз бартарияти муборизаи  мардуми Сурия дар он буд, ки пас аз шикасти императории Усмонӣ дар маҳдудаи ин кишвар ҳувияти баланди миллӣ ташаккул ёфт ва мардуми ин сарзамин новобаста ба гуногунии таркиби аҳолӣ (арабҳо, суриёиҳо, курдҳо, туркҳо, арманҳо, яҳудиҳо ва ғайра) барои расидан ба озодию истиқлол муборизаи муташаккилонаро роҳандозӣ намуданд.  
Мардуми Сурия ҷиҳати ташкили низоми ҷумҳуриявӣ аз қабл дар мубориза қарор гирифтаанд. Онҳо ҳанӯз соли 1928 Маҷлиси миллии хешро таъсис дода, Сурияро давлати соҳибистиқлол эълон менамоянд. Дар ҳамон сол аз ҷониби Маҷлис Конститутсияи наве қабул шуд, ки тибқи он тобеият ба фаронсавиҳо инкор карда мешуд. Дар ибтидои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, вақте Фаронса аз тарафи миллатгароён ғасб шуд, манотиқе, ки таҳти мустамликаи Фаронса қарор доштанд, худро Фаронсаи озод эълон намуданд. Бо сарварии Дегол Сурия ва Ливия бори дигар мустақилият эълон карданд.  Дар соли 1943 ҳокимияти Фаронса розигии худро ҷиҳати таъсис додани парлумон ва истиқлолияти ин ҳудуд эълон мекунад ва ахиран дар соли 1948 фаронсавиҳо маҷбур мешаванд қӯшунҳои худро аз қаламрави Сурия берун баранд. 
Тавре аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ҳеҷ қавме ба мисли суриягиҳо барои ба даст овардани истиқлолияту озодӣ ин қадар сахт мубориза набурдааст. Яъне дар давоми 30 сол онҳо 5 бор барои ба даст овардани истиқлолият мубориза бурдаанд. Агарчи 4 маротиба истиқлоли эълонкардаи онҳо аз тарафи фаронсавиҳо эътироф нагардида, ба шикаст мувоҷеҳ шуда бошад ҳам, дар охир соли 1946 онҳо тавонистанд истиқлолияти комили кишвари хешро ба даст дароранд. 
НАҚШИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ СУРИЯ  
Идеяи асосии миллиандешиву миллатгароии арабӣ маҳз дар Сурия ба вуҷуд омада, пайравони ин ҷараён бештар кӯшиш мекарданд, ғояи миллиро бар ғояи динӣ болотар гузошта, ҷиҳати ба ҳам овардани таркибҳои гуногуни динию эътиқодӣ мусоидат намоянд. Қобили қайд аст, ки ҳанӯз ҳангоми шаклгирии давлати Туркия ва инқилоби Мустафо Камол дар иддае аз кишварҳои арабӣ низ, ҷараёнҳои миллӣ шаклгирӣ намуданд. Идеологияи миллии Мустафо Камол аз 6 банд иборат буд.  Аввал, тарзи идоракунии ҷумҳуриявӣ, ки боиси рушди миллият гардида, давлатҳои миллиро ба вуҷуд меорад. Дуюм, бартарӣ додани миллатҳои давлатсоз. Сеюм, идеяи халқият, ки моҳияти он, пеш аз ҳама, барои бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ равона гардида ба ҳамаи халқиятҳо ҳуқуқҳои баробар дода шавад. Чорум, дунявияти давлат ба ҳисоб меравад, ки барои ба вуҷуд овардани ягонагии миллӣ мусоидат мекунад ва ҳамагуна ихтилофҳои мазҳабиро аз байн мебарад. Панҷум, идеяи батанзимдарорандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ будани давлат, яъне маҳз давлатмеҳварӣ метавонад миллатро ба самти шукуфоӣ раҳнамоӣ созад. Шашум инқилобгароӣ, ки дурнамои пешрафти иҷтимоиро таъмин менамояд. Дар заминаи ин 6 принсипи Мустафо Камол миллатгароии арабӣ низ, ба вуҷуд омад ва дар заминаи он ҳизби “Баас”  дар Сурия ташаккул ёфт.  
Бояд кард, ки яке аз идеологҳо ва поягузорони ҳизби “Баас” Мишел Афлокӣ (араби масеҳӣ) ва дигаре аз онҳо Закӣ ал-Арсузӣ (мусалмон) буд. Маҳз ин ду нафар  дар Сурия идеологияи миллӣ ва лоиҳаи миллиро ба вуҷуд оварданд, ки баъдан он на танҳо дар Сурия, балки дар дигар кишварҳои арабӣ низ, шакл гирифта, таъсиргузор шуд. Миллатгароии арабӣ, махсусан дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ташаккул ёфта, пас аз хотимаи ҷанг ба анҷом расид. 
Пайравони миллатгароии арабии Сурия мехостанд идеологияи худро дар дигар кишварҳои арабӣ амалӣ созанд. Таҳаввулоте, ки дар Миср соли 1954 сурат гирифт, маҳз бо кӯшиши миллатгароёни Сурия рух дод. Инқилобе, ки дар Миср амалӣ гардонда шуд, маҳз аз ҳамин идея маншаъ мегирад, ки натиҷаи он давлати шоҳигарии Миср аз байн бурда шуд. Насир мехост як давлати ягонаеро байни Сурияву Миср ба вуҷуд оварад. Рӯйи ин лоиҳа корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва дар соли 1958 қароре қабул шуд, то дар заминаи ин ду давлат Ҷумҳурии муттаҳидаи арабӣ таъсис ёбад. Қобили зикр аст, ки солҳои 50-уми қарни гузашта, даврони шукуфоии худшиносии миллии арабӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 1958 яке аз муҳимтарин воқеаҳое, ки дар Шарқи Наздик ба вуқуъ пайваст,  табаддулоти  ҳарбӣ дар Ироқ буд. Дар натиҷаи он  Ироқ низ, ба шакли нави давлатдорӣ гузашт. 
Як нуктаро зикр кардан зарур аст, ки дар он иттиҳодияи ба вуҷуд омада, Наср Сурияро ҳамчун шарики баробарҳуқуқ намедонист. Вай чунин меҳисобид, ки танҳо Миср давлати ҳақиқӣ аст ва давлатҳои дигар, қабилаҳое ҳастанд, ки дорои парчами худанд. Чунин тарзи бархӯрд боиси норозигии мардуми Сурия гардид. Аз ҷониби дигар, мушкилоти дигари иҷтимоие, ки дар ҷомеаи Сурия бархост, он буд, ки ҷомеаи мисрӣ бештар хусусияти анъанавию куҳнагароӣ дошт. Ҳарчанд англисҳо дар он инфрасохторҳои муҳим ва навро ба вуҷуд оварда буданд, мардум тарзи тафаккури анъанавӣ доштанд. 
Аммо дар Сурия тафаккури пешқадам ҷой дошт. Вақте Насир кӯшиши ба вуҷуд овардани ислоҳот кард, боиси бархӯрди шадиди синфи миёнаи Миср шуд. Натиҷаи он бо табаддулоти ҳарбӣ дар соли 1961 анҷом ёфт ва Сурия худро давлати алоҳида аз Миср эълон намуд. Аз солҳои шастуми қарни гузашта ду раванди нав дар ҷомеаи Сурия оғоз мешавад. Яке бозгашт ба иттиҳод бо Миср ва дигаре дорои давлати мустақил будан. Ин ҳолат то солҳои 70-ум идома дошт. 
Аз соли 1963 шуруъ карда, давлатмардони Сурия дар дуроҳа қарор доштанд, ки рушди минбаъдаашон бо роҳи сотсиалистӣ бошад ё капиталистӣ. Пешоҳангони ҳизби “Баас” лоиҳаи сотсиализми миллиро пешниҳод менамоянд. 
Соли 1963 табаддулоти нави ҳарбӣ дар Сурия сурат мегирад, ки дар натиҷаи он ҳокимият ба дасти ҳизби “Баас”  мегузарад. То ҳанӯз  ҳокимият дар Сурия дар дасти ин ҳизб қарор дорад. 
Ҳофиз Асад ҳамчун роҳбари кордону сахтгир низоми ҳукуматдорӣ ва давлатдориро дар Сурия мустаҳкам намуд, ки то имрӯз, бо вуҷуди фишору дахолати қудратҳои ҷаҳонӣ, истодагарӣ мекунад. Хусусияти дигари ҳукуматдории Сурия самтгирӣ ба арзишҳои дунявӣ аст, зеро арзишҳои дунявӣ дар тули таърих ҳамеша ҷиҳати тақвияти давлатҳои миллӣ ва ба қудрат  табдил ёфтани онҳо хидматҳои хуберо анҷом додаанд. 
Сурия ҳанӯз аз солҳои аввали ташкилёбии худ ба арзишҳои дунявӣ такя намуда, баробарҳуқуқии зану мардро эътироф намуд. Ҳуқуқи дар интихобот баробар бо мардон ширкат варзидани занонро ҳанӯз соли 1949 қабул намуда буд. Чунин роҳкор, ки такя кардан ба дунявият буд, сиёсати Асадро барои аксарияти ҷомеаи суриёнӣ қобили қабул намуд, зеро такя кардан ба дунявият дар Сурия тавонист ҳамзистии осоиштаи намояндагони дину боварҳо ва қавмияту халқиятҳои гуногунро таъмин кунад ва барои пешрафти кишвар мусоидат намояд.
Аммо барои ҷомеаи Сурия мушкилоти ҳамешагӣ  радикализми исломӣ буд ва то имрӯз боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар баробари ташкилёбии ҳизбҳои гуногуни сиёсии арабӣ, аз ҷумла, ҳизби “Баас”, ки хусусияти миллӣ дошт, ҳизбҳои динӣ, аз ҷумла дар соли 1928 «Ихвон-ул-муслимин» (асосгузораш Ҳасан  ал-Банно) дар Миср ба вуҷуд омада, ба Сурия низ, интиқол ёфт. 
«Ихвон-ул-муслимин» аз лиҳози назариявию идеологӣ ба сохти дунявию демократӣ ва баробарҳуқуқии зану мард мухолифат намуда, танҳо қонунҳои шариатро асоси зиндагӣ ва ҷомеаи мусалмонон меҳисобид. Чунин тарзи муносибат ба ҳизби “Баас” ва низоми давлатдории Сурия сахт мухолиф буд. Ҳамин буд, ки аз соли 1963, пас аз сари қудрат омадани ҳизби “Баас” фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» дар Сурия боздошта шуд. 
САҲМИ СУРИЯ ДАР МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ НАВИ ҶАҲОНИИ ОРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ
Қобили зикр аст, ки қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ҳамеша барои бароварда кардани манфиатҳояшон аз исломи фундаменталӣ ва сиёсӣ суиистифода намудаанд. Дар дарозои таърихи соҳибистиқлолии давлати Сурия борҳо ҳокимияти сиёсӣ ва низоми дунявӣ мавриди ҳамлаҳои  геополитикӣ қарор гирифтааст, ки тавассути радикализми исломӣ роҳандозӣ шудаанд. 
Ҳаводиси солҳои охири Сурия низ, аз он далолат мекунанд, ки мухолифини сохтори сиёсии Сурия аз радикализми исломӣ дар муқобили он истифода менамоянд. 
Бо шуруъ шудани «баҳори арабӣ» ва бо таъсири Ғарб рух додани инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ, дар Сурия низ, вазъият ноором гардид. Соли 2011 пас аз интихоботи навбатӣ дар Сурия Башор Асад аксарияти овозҳоро гирифта, Президент интихоб шуд. Аммо қудратҳои манфиатдори Ғарб дар муқобили ҳукумати ӯ гурӯҳҳои мухолифро ба вуҷуд оварда, аз радикализми исломӣ истифода намуданд. Ташкилоти  террористиро бо номи ДИИШ дар минтақа ба вуҷуд оварданд. 
Роҳбарияти Сурия ҷиҳати нигоҳдошти давлати дунявии худ аз тамоми унсурҳо истифода намуд. Махсусан, арзишҳои номусии халқи Сурия ки ин оштинопазирӣ дар муқобили душманони дохилию хориҷӣ аст. Тавре аз таҳлили таърихӣ аён аст, суриёиҳо ҳамеша ҷиҳати нигоҳ доштани давлати хеш аз тамоми аносир истифода намуда, новобаста аз гуногунии таркиби қавмият ва таркиби динӣ бар алайҳи ҳамагуна таҷовузи хориҷӣ, хусусан терроризми байналмилалӣ, истодагарӣ намуданд.
 Агарчи дар ибтидо ДИИШ тавонист қисме аз кишвари Сурияро ишғол кунад ва ба он иддае аз кишварҳои манфиатдор кумак намуданд, ҳамбастагии миллии суриёиҳо имкон фароҳам овард, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа барои ҳифзи кишвар ба по бархезанд ва дар муқобили таҳдиди бунёдӣ, ки ҳадафаш аз байн бурдани давлат буд, истодагарӣ намоянд. 
Ҳар фарди ин кишвар бо ҷасорати истисноии миллӣ  зидди хатари пешомада бархоста, иттиҳоди воқеии миллиро дар муқобили терроризми байналмилалӣ ба вуҷуд оварданд. Роҳбарияти давлати Сурия нақши бориз ва ояндабинонаро дар муқобили даҳшатафканони хориҷӣ бозида, тамоми ақшори ҷомеаро дар муқобили ин хатари бунёдсӯз ба кор андохтанд.
Саркардагон ва аъзои ДИИШ, инчунин, ташкилотҳои дигари террористӣ бо мақсади даҳшатафканӣ ва шикастани руҳиву иродаи низомиён ва кормандони сохторҳои қудратии Сурия аз шеваҳои ваҳшиёнатарину касношунид, аз ҷумла ба таври оммавӣ тирборон кардан, дар назди издиҳоми одамон сар буридан, дар қафаси оҳанин зинда сӯзондан, аз тан ҷудо кардани сар, паррондану ғарқ намудан, таҳқиру фишори занону духтарони онҳо, истифода мекарданд. Бо мақсади тарс додану пароканда кардан мехостанд сохторҳои қудратию артиш ва низоми давлатдориро дар Сурия аз байн баранд. 
Аммо террористони манфур, бо вуҷуди ин ҳама даҳшату ваҳшат, руҳияи мардуми огоҳ, аз ҷумла низомиёну кормандони сохторҳои қудратии Сурияро шикаста натавонистанд.  Баръакс, онҳо бо зоҳир намудани ватандӯстию озодихоҳии бемисл дар атрофи сарвари худ муттаҳид гардиданд ва Ватан, давлат, истиқлол, номусу шарафи худро ҳифз намуданд.
Сурия бо иттиҳоду ҳамбастагии хеш собит намуд, ки ваҳдати мардумӣ, ирода ва неруи инсонӣ, дарки манфиатҳои миллӣ ва бартарии ҷаҳонбинии илмӣ бар алайҳи ҷаҳонбинии динӣ дар шуури ҷамъиятии мардум, мустақиландешию назари танқидӣ доштан дар баробари рӯйдодҳо ва бедории фикрию пойбандӣ ба арзишҳои давлатдории милливу дунявӣ метавонанд бар терроризми ҷаҳонӣ ғолиб оянд. Ҳарчанд дар ибтидо қисме аз қаламравҳои ин кишвар аз ҷониби ДИИШ тасарруф шуда, вайрониҳои зиёде ба миён омаданд, артиши миллии Сурия ва роҳбарияти кишвар иродаи сиёсии худро аз даст надода, дар муқобили терроризми байналмилалӣ мубориза бурданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ савганди ҳарбии худро нашикастанд ва устуворона дар баробари ин хатари умумибашарӣ, мубориза бурданд. 
Ҳарчанд иддае аз кишварҳо ба хотири роҳандозии ДИИШ сараввал аз демократия ва масъалаи ҳуқуқи башар ҳарф ба миён гузошта, аз тамоми найрангҳои геополитикӣ истифода карданд, иттиҳоди мардумӣ, давлатмеҳварӣ ва фаъолияти дурусти роҳбарияти давлати Сурия гурӯҳҳои террористиро шикаст дод ва ба онҳо ғолиб омад. 
Қобили зикр аст, ки дар ин бархӯрд гурӯҳҳои террористӣ аз саросари ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Аз ҷумла, террористони Осиёи Марказӣ, Россия, кишварҳои дигари ИДМ низ, дар ин ҷанг зидди Сурия меҷангиданд. Роҳбарияти сиёсии давлати Сурия ба хотири рафъи ин хатари байналмилалӣ, ки на танҳо таҳдид ба Сурия, балки ба саросари ҷаҳон ҳам буд, иттиҳоди кишварҳоро бар алайҳи терроризми байналмилалӣ ба миён оварданд. Бо ёрии баъзе кишварҳо эътилофи зиддитеррористӣ ташкил намуда, ДИИШ-ро ҳамчун хатари байналмилалӣ  аз байн бурданд. 
Бо таҳлили вазъият ва руҳияи мардуми Сурия метавон ба чунин натиҷа расид, ки ҳувияти миллӣ, дарки давлатмеҳварӣ, ҳамбастагии мардумӣ, дарки салоҳиятҳои касбию ҳарбӣ, арҷгузорӣ ба давлату миллати хеш, амалкард дар баробари ҳамагуна хатарҳо метавонад ҳар гуна кишварро истеҳком бахшад ва онро муқовиматпазиру неруманд созад. 
Дар ҳоли ҳозир, ки хатари ифротгароии динӣ ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, кишварҳои моро низ, зарур аст, ки аз таҷрибаи муқовимат ва истодагарии Сурия истифода кунанд, зеро иттиҳоду ҳамбастагии воқеии миллӣ, давлатмеҳварӣ, бартарияти ҳувияти миллӣ бар ҳувияти динӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои дунявӣ, ки омили асосии ваҳдати миллию мардумианд, метавонад моро аз хатари радикализми динӣ берун оварад. 
МУҚОИСАИ АМАЛКАРДИ НЕРУҲОИ ИФРОТИИ СУРИЯ ВА ТТЭ ҲНИ ДАР ТАҲРИКИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
Бояд гуфт, ки монандиҳое дар шаклгирии радикализми исломии дар Сурия бавуқуъпайваста ва заминаҳои он дар Осиёи Миёна, бахусус дар Тоҷикистон низ, ҷой доранд. Тавре зикр шуд, заминаи аввалини радикализми исломӣ дар муқобили давлати дунявию миллии Сурия ҳанӯз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияташ аз тарафи «Ихвон-ул-муслимин» ба вуҷуд омада буд. Ахиран, дар ҳаводиси солҳои 2014 – 2021 тавассути  ДИИШ зуҳур намуд ва он ба терроризми ҷаҳонӣ табдил ёфт. 
Айнан ҳамин гуна шабоҳат дар таърихи навини  Тоҷикистон низ, мавҷуд буд. Аз охири солҳои 80-ум ба миён омадан ва шаклгирии ТТЭ ҲНИ, ки низ, марбут ба радикализми исломӣ асту ҳадафи бунёдиаш аз байн бурдани давлати миллию дунявии  Тоҷикистон буд, мисоли ин гуфтаҳост. Бо расидан ба истиқлол, таҳмил намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва куштори дигарандешон, муаллимону духтурон, ҷорӣ намудани қонунҳои шариат ва дар маҷмуъ, сабаби куштори 150 ҳазор нафар шудан аз амалҳои ТТЭ ҲНИ аст.  
Дар шаклгирии ин ташкилот ҳам ба мисли шаклгирии ДИИШ дар минтақаи Сурия ва Ироқ, таъсири «Ихвон-ул-муслимин» ҷой дорад. Далели мазкур бозгӯкунандаи он аст, ки ТТЭ ҲНИ, агарчи зоҳири хешро мудерну мардумсолор ҷилва медиҳад, он айнияти ДИИШ аст.
 Қабл аз шаклгирии ДИИШ дар Сурия созмонҳои ҳуқуқи башар аз дифои демокративу ҳуқуқи башар ҳарф дар миён гузошта, роҳро барои зуҳури ин гурӯҳи террористӣ ҳамвор намуданд. 
Ҳоло моро низ, зарур аст, ки дар баробари  амалкардҳои ТТЭ ҲНИ, ки ҳар замоне ба сурати дигар медарояд, ҳушёрона ва огоҳона амал намоем, зеро он ҳар замон метавонад ба гурӯҳи хашине мисли  ДИИШ табдил ёбад. Ба ибораи дигар, ТТЭ ҲНИ ҳамеша душмани ҳувияти миллӣ, давлати миллӣ, истиқлол ва пешравию рушди кишвар буду ҳаст. Набояд аз ин душмани бунёдӣ ноогоҳ бошем ва ё амалкардҳои онро сарфи назар намоем. 
Имрӯз ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст бо зоҳир кардани ҳамбастагӣ, ваҳдати миллӣ, дарки давлатмеҳварӣ, ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, масъулиятшиносӣ дар баробари ояндагон аз тамоми таҷрибаи кишварҳое, ки ба чунин хатар мувоҷеҳ шуда, устуворона дар муқобили он истодагарӣ карда, пирӯз берун омадаанд, аз ҷумла аз таҷрибаи ибратомӯзи Сурия дуруст истифода намоем ва давлату миллати худро қавӣ  гардонем.  
Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа
Санаи нашр: 06.06.2023 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив