ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 октябр 2026, Панҷшанбе
5


Дар бораи гулҳои миллӣ эълон
намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш
Бо мақсади тарғиби мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи гулҳои миллӣ фармон медиҳам:
1. Гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва муаррифии гулҳои миллӣ дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ чораандешӣ намояд.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №1231

Санаи нашр: 21.10.2026 №: 204