МУЛОҚОТИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО ВАКИЛОНИ ДУМАИ ДАВЛАТӢ
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» хабар дод, ки зимни мулоқот муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланди эътимоди мутақобила арзёбӣ шуданд.
МУЗОКИРОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
6 июн дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Федератсияи Россия Сергей Лавров баргузор гардид.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид дошт, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Россия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бояд риоя гарданд.
КОНФРОНС ДОИР БА ИДОРАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
Дар Душанбе дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» Конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Конфронс ба 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии захираҳои об дар минтақа муҳокима гардиданд.
МУШОВАРАИ ЯКҶОЯИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия доир гашт.
Акрам Сангзода, хабарнигори «Ховар», иттилоъ додааст, ки дар он масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифода аз сохторҳои ташхиси криминалистӣ баррасӣ шуданд.
30 СОЛИ ҲАМКОРӢ БО БОНКИ ҶАҲОНӢ
Дар Душанбе таҳти унвони «Татбиқи муваффақи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани ширкат карда, перомуни ҳамкории бардавому судманди дуҷониба ва саҳми назарраси Бонки мазкур дар таъмини рушди устувори мамлакат изҳори назар намуданд.
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СММ
Чанде пеш вохӯрии муовини якуми вазири адлия Нигина Ализода бо намояндагони СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор шуд.
Дар он натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳа ва барномаҳо миёни сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат ва СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, инчунин, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «GLO ACT», ки ба кам намудан ва дастгирии қурбониёни савдои одамон равона шудааст, баррасӣ гардиданд.
«ПАЙМОНИ МАРКАЗҲОИ ЗЕҲНИИ ЧИН+ОСИЁИ МАРКАЗӢ»
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси байналмилалии «Паймони марказҳои зеҳнии Чин+Осиёи Марказӣ» сухан ронд.
Дар Марказ тасдиқ намуданд, ки ҷонибҳо бо назардошти омӯзиши таҳдиду хатарҳо таъсиси "Паймони марказҳои зеҳнӣ"-ро барои рушди устувори минтақа муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
«ДУШАНБЕ – МАСКАНИ ОЗОДАГОН»
Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гашт.
Намоиши дастовардҳои соҳа ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза низ, ороста шуд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)