ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӮХ.  АЗ САЁҲАТ ТО АРМУҒОНИ КИТОБ

САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӮХ.  АЗ САЁҲАТ ТО АРМУҒОНИ КИТОБ

07 июн 2023, Чоршанбе
139
0
“Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ ба унвони устоду шогирд беҳтарину нозуктарин риштаҳои дӯстиро ба ҳам пайваста, дунёи дӯстии ду миллатро поягузорӣ карданд ва имрӯз масъулияти идома ва таҳкими ин дӯстӣ бар дӯши мост”, – гуфта буд Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев. 
 
Гуфтаҳои Президенти кишвари мо дар чанд чорабиниҳои зебои фарҳангӣ байни тоҷикону ӯзбекон исботи худро ёфт. Аз ҷумла, чанде пеш ба ноҳияи Сӯх гурӯҳи меҳмонон бо сарварии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ташриф фармуд. 
Меҳмононро ҳокими ноҳияи Сӯх Сайидбаҳром Сайидмӯсоев ва роҳбарону шахсони мутасаддӣ пешвоз гирифтанд. Бо мавзеи зебоманзари Ҷавпая ва муассисаҳои  таълимӣ шиносоӣ пайдо карданд. Хусусан, вохӯрие, ки дар мактаби № 11-и  ноҳия  гузашт, табъи  ҳозиронро  болида гардонд. Ба эҳтироми меҳмонон барномаи ҳунарии донишомӯзони дабистон пешкаш шуд. 
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи дӯстии деринаи халқҳои тоҷику ӯзбек мулоҳизаҳои худро баён карда, нақши сарварони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро дар густариши муносибатҳо алоҳида таъкид кард.
Муҳимтарин лаҳзаи вохӯрӣ армуғони китобҳои муҷаллову хушсифати бадеии тоҷикӣ ба китобхонаи мактаб буд. Барои киштзорон агар обу нури офтоб муҳим бошад, барои мо – тоҷикони Фарғона китоб обу нурро мемонад.
 
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
омӯзгори дараҷаи олии мактаби № 11, 
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив