ОЗМУНИ «ҲУНАР ОМӮЗ…». ҚАДАМИ ДИГАР ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор гардид. Аз рафти баргузории он Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дидан намуданд.
Тибқи низомнома, ба Озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия, аз ҷумла кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ, намадмолӣ ва қолинбофӣ молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод намуданд.
Моҳи майи соли равон даври якум дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, 278 ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастони худ иштирок дошт.
Ба даври ниҳоӣ 96 ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифта, ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокдорон ва меҳмонон муаррифӣ карданд.
Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофоти пулӣ ва Диплом қадр шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷоизаи «Ҳунарманди сол» супурда шуд.
Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории Озмун, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадр гардиданд.
Мақсад аз баргузории Озмун, рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ ва оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти дастӣ ва дастгирию ҳавасмандии аҳли ҳунар буда, инчунин, барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бавижа занон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат менамояд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)