ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОДАГАРДОНИИ РАСМИЁТИ САВДО

СОДАГАРДОНИИ РАСМИЁТИ САВДО

08 июн 2023, Панҷшанбе
25
0
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки таҳти роҳбарии муовини вазир Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Дар он миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муколамаи озод сурат гирифта, масъалаҳои баррасишаванда ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисоди кишвар мусоидат хоҳанд кард. 
 
 
ШУРОИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ИДМ
Дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки ИДМ доир гардид. 
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, иттилоъ доданд, ки дар он аз ҷумҳурии мо  сардори Хадамоти мазкур Хуршед Каримзода ширкат дошт. 
Иштирокдорони ҷаласа мавқеи худро оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрук ҳамоҳанг намуданд.
 
 
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ СТАНДАРТҲОИ ҶАҲОНӢ
Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки эксперти барномаи PQM+ Иржи Холи семинари омӯзишӣ доир ба стандартҳои ҷаҳонии “Таҷрибаи муносиби истеҳсолӣ”-и GMP баргузор гардид. 
Аз Хадамот ба мо шарҳ доданд, ки GMP (Good Manufacturing Practice) системаест, ки назорати доимии маҳсулоти дорусозиро тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин мекунад. 
 
 
«КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ – 2023»
Бо ҳамин ном  Агентии назорати маводи нашъаовар силсилачорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо ташкил намудааст.
Аз Агентӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки чорабинӣ таҳти шиори «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» аз шаҳри Хоруғ оғоз ёфта, дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода идома меёбад. 
 
 
ТАЪСИСИ ШУРОИ ТАШХИСИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ 
Вазорати маориф ва илми кишвар дар мавзуи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ҷаласаи машваратӣ доир намуд. 
Сарвари Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён роҷеъ ба мушкилоти мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва раванди ташхису тақризи онҳо  сухан гуфта, таълифи китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба талаботи замонро вазифаи муқаддаси кормандони соҳаи маориф номид.
 
 
ОҒОЗИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН 
Дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои дахлдор машварат  доир шуд.
Иштирокдорони он роҳҳои ташкили дурусти истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки бо мақсади истироҳати кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ 34 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият дорад ва дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагӣ 1696 маҳфили гуногун баргузор мешавад.
  
 
«ҶОЙГОҲИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК»
Таҳти ҳамин унвон дар Академияи миллии илмҳо конфронси илмиву амалӣ доир шуд. 
Дар Академия таъкид намуданд, ки Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти асри XX буда, дар осораш дастовардҳои замонро бо ифода ва андешаҳои баланди бадеӣ ба риштаи тасвир кашидааст. 
 
 
ҲАФТАИ МӮДИ ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.  
Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нав сурат мегирад ва дар он 30 тарроҳ аз Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд. 
 
 
ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Рафти омодагиҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳангоми сафари кории раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода баррасӣ гардид. 
Аз Кумита хабар доданд, ки ба навсозии боғи фарҳангию фароғатии ноҳия аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Раиси Кумита ҷиҳати тезондани сохтмони дарвозаи даромадгоҳи боғ, бунёди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ, майдони бозии кӯдакон, суҳбаткадаҳо   ва амфитеатр ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин маслиҳат дод.
 
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив