ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ  КИТОБ АСТ» ДАР СОЛИ 2023

ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ  КИТОБ АСТ» ДАР СОЛИ 2023

07 феврал 2023, Сешанбе
282
0
Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, соли 2023 ба Низомномаи Озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ, тағйирот ворид шуда, соли ҷорӣ довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.  
Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиёни Озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонда шуда, дар маҷмуъ, ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонда шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.
Ҳамзамон, шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми Озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонда шуд.
Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории Озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмуъ, 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Бо дастури Пешвои миллат соли ҷорӣ барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Санаи нашр: 07.02.2023 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив