ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ

ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ

09 июн 2023, Ҷумъа
12
0
Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи Шурои сарварони ҳукумати кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Котиботи ИДМ хабар додааст, ки Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ омодагӣ ва ҳавасмандии ҷумҳурии моро дар самти густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид дошт, ки маҳз дар асоси ҳамкориҳои бисёрҷониба метавон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ноил гардид.
 
 
 
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ҲАМОҲАНГСОЗИ FAO
Дирӯз мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) Виорел Гутсу доир гашт. 
Аз ВКХ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар рафти вохӯрӣ рушди робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва FAO мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи фаъолияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.
 
 
 
ТАТБИҚИ ИХТИРООТИ САБТШУДА
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо роҳбари Ташкилоти патентии АвруОсиё Григорий Ивлиев вохӯрд. Дар ин бора ба мо аз Вазорати мазкур хабар доданд.  
Дар ҷараёни он атрофи масъалаҳои муҳими соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин, идомаи татбиқи барномаҳои дахлдор доир ба тақвияти иқтидори кадрии коршиносони соҳа ва амалӣ шудани ихтироот табодули андеша сурат гирифт.
 
 
 
ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ҲИФЗИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ 
Роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Россия Юрий Зубов, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо як қатор вохӯриҳо гузаронд. 
Аз Маркази миллии патенту иттилоот ба мо хабар доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дастовард ва қадамҳои минбаъда дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
 
 
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ бо ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Россия баргузор гашт. 
Маркази матбуоти Агентӣ хабар дод, ки дар рафти мулоқот вобаста ба механизмҳои муосири муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифт. 
 
 
 
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ НАВ
Дар доираи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия Созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар онҳо масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳар ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва дигар самтҳои соҳаи низому тартибот сабт гардидаанд. 
 
 
 
ВОХӮРӢ БО САФИРОНИ НАВТАЪИН
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо сафирони навтаъини Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Салоҳиддин Амриддинзода, Конфедератсияи Швейтсария – Шараф Шерализода ва Туркманистон – Вафо Ниятбекзода  вохӯрд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ, дурнамо ва самтҳои афзалиятноки соҳаи шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
 
 
 
ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО 
Чанде пеш гурӯҳи кории Кумитаи андоз ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматӣ анҷом дод. 
Ба «Ҷумҳурият» аз Кумита хабар доданд, ки сафар бо ташаббуси Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати табодули таҷриба сурат гирифта, зимни баргузории вохӯриҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳоро дар самти андозу андозбандӣ ҳаллу фасл намуданд. 
 
Санаи нашр: 09.06.2023 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив