ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲСОЗӢ ҶОМЕАСОЗИСТ

РОҲСОЗӢ ҶОМЕАСОЗИСТ

05 июл 2023, Чоршанбе
60
0
  
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 143,1 ҳазор километри мураббаъ, дар қисмати кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар маркази чорраҳаҳои пайвасткунандаи шабакаҳои рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакаҳои нақлиётии Россия ва Қазоқистон), бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар – шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири кӯтоҳтарини шоҳроҳи тиҷоратии кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.
Инфрасохтори нақлиётии кишвар, асосан, аз солҳои 60-80 асри гузашта ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шуравӣ бунёд ёфта, дорои хусусияти якҷонибаи бунбастӣ дошт, бинобар ин, солҳои 90 ба таназзул омад. Аз сабаби он ки дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёт, инфрасохтори мавҷудаи нақлиёт ба талаботи ҳадафҳои пешрафти иқтисодӣ ҷавобгӯ набуд, дар баробари дигар вазифаҳои стратегӣ, зарурати муайян намудани тамоюли нави инкишофи инфрасохтори нақлиёти мамлакат ба миён омад.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориашон ҳадафҳои стратегии миллии мамлакатро муайян намуда, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз ин ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ эълон доштанд. 
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (декабр 2022) иброз доштанд, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳи мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, корҳои дар соҳа анҷомёфта имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда шаш лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад. 
Ҳамзамон, баҳри идомаи корҳои таҷдиду навсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар соли гузашта татбиқи се лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардид. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод бомаром идома дорад. Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд. Илова бар ин, соли ҷорӣ оғози татбиқи лоиҳаи дигар, аз қабили сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб, Данғара – Гулистон, Гулистон – Фархор, Бохтар – Леваканд – Данғара, 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсеми ВМКБ дар назаранд.   
Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ба тасвиб расидааст, ки дар заминаи амалишавии он якчанд шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта, ба истифодаи умум дода шуданд. То ба имрӯз теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолият доранд, ки аз иқдоми навбатии ҳадафмандонаи Ҳукумати кишвар дарак медиҳанд. Татбиқи пурраи ҳадафҳои дар Барномаи мазкур зикргардида, ки барои кишвари мо аҳамияти стратегӣ доранд, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятнок дастгирӣ ёфта, роҳҳои мошингарду оҳан, нақбу пулҳо, марказҳои логистикӣ, майдонҳои ҳавоию долонҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ бунёду таҷдид гардида, дараҷаи хизматрасонии онҳо ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешаванд. 
Инкишофи соҳаи нақлиёт, дар навбати худ, воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад. Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи роҳсозӣ, ки бо раҳнамоии Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ амалӣ шуданд, ба беҳзистии ҳар сокини мамлакат ва гулгулшукуфии Тоҷикистон равона гардидаанд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив