ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗОҲИРПАРАСТӢ МОРО БА КУҶО МЕБАРАД?

ЗОҲИРПАРАСТӢ МОРО БА КУҶО МЕБАРАД?

11 август 2023, Ҷумъа
57
0

 
Бо таъсири раванди фарогири ҷаҳонишавӣ имрӯз агар мо аз як сӯ, ба дастовардҳои беназири илму фарҳанг комёб шуда бошем, аз сӯйи дигар, холигоҳе дар фазои маънавӣ падид омаду ахлоқ, одоб, одатҳо, анъана, ақидаҳои бегона андак-андак дар он ҷой гирифтаанд.

Ба руҳияи наврасону ҷавонон таъсири хабарҳои ҳаррӯза бештар аст. Онҳо ахборро аз манбаъҳои замонавӣ бо роҳи телефону телевизор дарёфт мекунанд. Мутаассифона, паёмрасониҳои муосир бештар ба хабарҳои ҳузнангез, аз қабили садамаҳо, ҷанҷолу кушторҳо, бархӯрдҳо, ҷиноятҳо, офату заминларзаҳо ҳавасманданд ва ин дунболагириҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи алоқамандон асту бас. Чунин хабарҳо, бешак, ба кори муназзами системаи асаби наврасону ҷавонон зарари ҷуброннопазир дорад. 
Садсолаҳо бад-ин сӯ манбаи дониши инсонҳо китоб буд. Баробари ихтирои василаҳои навтарини омӯзишу такмили дониш наслҳои нав тадриҷан аз китоб дур шуданд. Фарҳанги китобӣ аз дидгоҳи баъзеҳо ба атиқа табдил ёфт. Албатта, арбоби хирад ин шеваи муносибатҳои навинро  қабул надоранд, аммо дар муқобили селоби ҳодисаҳои анҷоми садаи бист ва оғози садаи бисту якум неруи зеҳнии ҷомеа сари вақт вокуниш нишон надод. Ин аст, ки ҷомеа на танҳо ба буҳрони иқтисодӣ, балки ба буҳрони маънавӣ, гирифтор шуд.
Сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди фараҳбахши созандагию ободонӣ шаҳру деҳот ва зиндагии мардуми кишварамонро шукуфону хуррам гардонд. Ҷомеаи мо худро бештар шинохт ва, ҳамзамон, дарк намуд, ки  барои расидан ба худшиносии миллӣ, ғанӣ гардондани арзишҳои маънавӣ, ба ифоқа овардани авзои ахлоқии ҷомеа, шифо бахшидан ба дардҳои равонӣ саъю кӯшиши бештаре лозим аст.
Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандонро бо урфу одат, тарзи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ, муносибатҳои ноозмудаи корӣ ошно кард. Фарҳанги бурунмарзӣ низ аз ин роҳ  вориди муҳити кору зиндагии мо шуд. Тарбияи суннатӣ, таълимоти ахлоқӣ, ҳувияти худӣ коҳиш ёфт.
Имрӯз таъсири омилҳои беруна, тақлиди кӯркӯрона, пайравиҳои бесудро дар хулқу атвор, гуфтору муносибат, майлу хоҳишҳои аксар ҷавонон ба таври равшан мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар кӯчаҳои пойтахти кишвар, дар ҳар шаҳру ноҳия, аз ҷумла дар шаҳри мо – Панҷакент сафи чунин духтарону бонувон афзудааст. Куҷост ифтихори ватандорӣ, куҷост фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ? Чунин сатру камзӯлпушиҳо ба ҷуз тақлиди кӯркӯрона ва инкори фарҳанги бумӣ чизе дигаре нест.
Бархе духтарону занон, ҳатто, ба идораҳои давлатӣ бо ҳамин пӯшиш ҳозир мешаванд. Агар нафаре аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба услуби либоспӯшии онон эрод гирад ва фаҳмонданӣ шавад, ки бо ин сару сурат ба идораҳо ворид нашаванд, ба ғазаб меоянд. Онҳо мусулмонии худро бо тарзи либоспӯшии бегонагон нишон додан мехоҳанд. Суҳбатҳо равшангари онанд, ки аксари ин сатрпӯшон на дониши  дурусти динӣ доранд на фаҳмиши зарурӣ дар бораи давлати демократию дунявии мо. 
Номгузории навзодон ҳам аз таъсири беруна эмин намондааст. Бо тамошои сериалҳои туркӣ имрӯз оилаҳои зиёд фарзандонашонро номи туркӣ мондаанд. Масалан, медонем, ки ҷавонзане аз Бобо илтимос мекард, барои ба духтарчаи   навзодаш гузоштани номи  Хуррамсултон ё Моҳидаврон розӣ шавад. Албатта, чунин номҳо дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта намешаванд. Дар натиҷа, чанде аз наврасон соҳиби як номи ҳуҷҷатӣ ва ду-се номи иловагӣ мебошанд. 
Ҳангоми даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ масъулони ҷамоатҳо саргардон мешаванд. Ҳатто, чунин шуд, ки ҷавоне аз шаҳри мо ду соли пурра хидмати ҳарбиро адо кардаву ба зодгоҳ омад, аммо боз ҳам ба ӯ даъватнома доданд. Маълум шуд, ки ин ҷавон дар қисми ҳарбӣ на бо номи аслӣ, балки бо номи дуюм сабт шудааст ва ин номи ғайривоқеӣ ба билети ҳарбияш роҳ ёфтааст.
Аз масъалаҳои дигар исрофкорӣ аст. Дар китоби муқаддаси Қуръони Карим он манъ шудааст. Дар ояти 31, сураи Аъроф омадааст: "Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад". Муқаррароти ҷомеаи дунявӣ низ ҳамвора ба истифодаи сарфакоронаи пулу амвол водор мекунад. Ин аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз исрофкории шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" рӯйи кор омад.
Аз қабул шудани ин Қонун беш аз 16 сол (8 июни соли 2007) паси сар шуд. 
Дар ин муддат тарзи тафаккури ҳамдиёронамон тағйир ёфт ва то ҳадде пеши роҳи исрофкориҳо гирифта шуд. Оилаҳо тавонистанд, маблағҳои зиёдеро сарфакорона истифода баранд ва ба хотири беҳбудии шароити манзил, таҳсили фарзандон ва дигар мақсадҳои некбинона харҷ кунанд.
Аммо ҳанӯз зиёдаравӣ ва нодида гирифтани талаботи қонуни номбурда ба мушоҳида мерасад, ҳанӯз одати бади намоишкорӣ аз байн нарафтааст. Имрӯз дар мавриди танзими анъана ва ҷашну маросим ду қувва бо ҳам бархӯрд мекунанд: яке қонун, дигаре мафкураи шахшудамонда. 
Ба андешаи мо, ин ҷо чанд омили равонӣ боиси хароҷоти миёншикан дар мавриди баргузории тӯю маъракаҳо мешаванд. Бештари онҳое, ки аз чаҳорчӯба берун мебароянд, дар бораи обрӯи худ андеша мекунанд. Маъракаҳо дар тасаввури онҳо ҳамчун як навъ мизоне шинохта шудаанд, ки шахс обрӯи худро ба намоиш мегузорад. Баъзе касон андеша доранд, ки ҳар қадаре бештар харҷ кунанд, ҳамон қадар обрӯяшон меафзояд. Аммо тӯю маърака мавридест, ки як навъ ҳамбастагиро ифода мекунад ва обрӯ низ дар ин гуна мавридҳо ба як мафҳуми ҳамагонӣ табдил меёбад. Яъне, мизбону меҳмон ҳама узви як маърака ҳастанд ва касе набояд ба касе фишор, гаронӣ оварад.
Чанд моҳ инҷониб истилоҳи «маҷозӣ» (онлайн) роиҷ шудааст. Яъне, ҷавоне ба духтаре ҳамхона мешавад, аммо худаш дар тӯй ҳозир нест. Ҷониби духтар арӯсро бо карру фар ба назди домод, ба кишвари Россия гусел мекунад. Суол ин аст, ки ба чунин тӯйҳо кӣ иҷоза додааст? Одатан, ақди никоҳ бояд дар доираи қонун, бо розигӣ ва иштироки ҳатмии арӯсу домод ва шоҳидон ба расмият дароварда шавад. Агар ақди никоҳ дар сатҳи давлат эътироф нашуда бошад, бастани никоҳи мусулмонӣ низ мумкин нест. Инчунин, никоҳҳои ғайрирасмӣ ҳуқуқи бонувонро пуштибонӣ карда наметавонанд. Ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки домодшаванда дар муҳоҷират бо бонуи дигаре никоҳи расмӣ надошта бошад. Махсусан, дар чунин шароите, ки бархе ҷавонони кӯтоҳандеш ба хотири дарёфти шаҳрвандии он кишвар ва бархурдор шудан аз имтиёзҳо ба бонувони рустабор никоҳи расмӣ бастанро авло медонанд.
Тақлид ва зоҳирпарастӣ дар суру маъракаҳо ривоҷ ёфтааст. Акнун бисёр писарон пеш аз тӯйи хонадорӣ муддати ду-се ҳафта риш месабзонанд, то ки дар тахти бахт бо чунин симо қарор дошта бошанд. Рӯзи тӯй риш доштан ва дар паҳлӯи арӯс бо сару сурати қаҳрамонони сериалҳои туркӣ рост истодан барояшон як навъ ифтихор мебошад. Бешак, ин тангназарӣ, бегонапарастӣ ва худношиносии маҳз аст.
Як зуҳуроти нописанди дигар ин рабудани ашё ё маблағ аз ҷойи кор аст. Вақте ки пул ё ашёи муфт бадастомада, дар рӯзгор истифода бурда мешавад, баракати хона мепарад. Гузаштагони мо на ба миқдори пулу дороӣ, балки ба баракати он аҳамият медоданд.
Баракат танҳо дар чизи ҳалол аст. Чизи ҳалол бо меҳнат ба даст меояд. Чизи ҳалол баракат дорад, вале агар ба чизи ҳалол як зарра чизи ҳаром ҳамроҳ шавад, файзу баракат аз байн меравад. Ҳар чизе, ки бо роҳи дуздӣ ба даст оварда мешавад, ҳамчун ҷиноят ҷазо дораду ҳамчун гуноҳ азоб. 
Одам будан, инсонвор зистан, ғанимат донистани тандурустӣ, ба қадри неъматҳо расидан, оромишу осудаҳолиро арҷгузорӣ кардан эҳсосу андешаҳое ҳастанд, ки ба китоби зиндагӣ маънӣ меафзоянд. 

Луқмон ҚУРБОН,
Искандари РАҲМОН,
адибон, шаҳри Панҷакент

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив