ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ АЙНӢ.  КУМАК БА ЗАРАРДИДАГОН АЗ ОФАТИ ТАБИӢ

НОҲИЯИ АЙНӢ.  КУМАК БА ЗАРАРДИДАГОН АЗ ОФАТИ ТАБИӢ

14 август 2023, Душанбе
17
0


Баъзе солҳо аз пайомадҳои офати табиӣ ва дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишварамон, хоссатан дар мавзеъҳои баландкӯҳ, ки манзилҳои истиқоматии сокинон ҷойгир шудааст, сел омада, хисороти гароне ба бор меоварад.
Ин навбат низ, 28 июли соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ борон борид, ки бар асари он дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан сел омад. Селобаи омада ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намуда, боғу зироатҳои мардум, кӯчаю роҳравҳову баъзе хонаҳои истиқоматӣ зарар расонд.
Дар ин росто, зери ҳидоятҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз номи сокинони шаҳри Истаравшан ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Лангар ёрии аввалия – озуқаворӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, биринҷ, макарон, картошка, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулотро, дастрас карданд. 
Адҳам Маъмурзода зимни дидорбинӣ бо мардуми зарардидаи ноҳияи Айнӣ иброз намуд, ки халқи бузурги мо аз таърих то имрӯз тамоми сахтиҳову мушкилиҳои вазнини зиндагиро бо сари баланд пушти сар кардаанд ва ин офатро ҳам бо сабурӣ мегузаронанд. Муҳим он аст, ки ваҳдати миллиро таҳким дода, ҷонибдори ягонагии давлату миллат бошем. 
Зикр гардид, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан, дар ин лаҳзаҳои басе душвор дар канори мардуми зарардидаи ин диёри номдору зебоманзари кӯҳистонӣ мебошанд ва ёрии имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар навбати худ, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  иброз  доштанд, ки  Ҳукумати мамлакат ҳамеша мардумро дастгирӣ мекунад ва ин боиси руҳбаландии мо мегардад.

Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив