ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚШИ КАЛИДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

НАҚШИ КАЛИДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

19 сентябр 2023, Сешанбе
45
0

 

Ҳастии давлат, рушд ва озодию ободии кишвар, таъмину кафолати ҳуҳуқҳои ҳар шаҳрванд ба истиқлолият вобастагӣ дорад. Ба бахти мардуми Тоҷикистон, истиқлоли  давлатии кишварамон бо зуҳури шахсияте дар саҳнаи таърих рост омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шуълавар буд. 

Замоне  ки Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ба уҳда гирифтани масъулияти тақдири ояндаи миллату давлат хеле мушкил меафтод. 
Оид ба мавзуъ ва масъалаҳои ба он алоқаманд Зубайдулло Давлатов, сардори раёсати иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
– Кайҳо собит шуда, ки ин истиқлоли мо - тоҷикон душманони дохилӣ ва хориҷие дошт, ки мехостанд ба ин миллат мазҳабу фарҳанги бегонаро таҳмил намоянд. Душманони миллату Ватан тавонистанд мардумро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Дар натиҷа, миёни як миллат сангарҳои муқобили ҳам барпо шуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ин ҷанг зарба ба ҷони миллат, иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги он буд.  Муноқишаву мухолифатҳои дохилӣ барои таҳкиму пойдории давлати миллӣ хатар эҷод мекарданд. Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ  боиси заминагузорӣ ба истиқлоли воқеӣ ва раҳоӣ бахшидан аз парешонию парокандагӣ гардид.  
Масъалаи меҳварӣ, дастоварди арзишманде, ки боиси ифтихору побарҷоии миллат дар охири асри XX гардид,  ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки, хушбахтона, мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат сарбаландона аз уҳдааш баромад. 
Истиқлол аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ чунин маънӣ дорад, ки миллати тоҷик баъди муддати тулонии таърихӣ соҳиби давлати миллии худ гардид ва ин миллат сохти дунявии давлатдориро интихоб кард.
– Ҳоло Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад ва  бо 183 кишвар муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. 

Албатта, ҷойи таъкид аст, ки бадастовардани истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ибтидои кор ба ҳисоб меравад. Аз ҳама мушкил таҳкимбахшӣ ва аз хатарҳои дохилию хориҷӣ эмин нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо мебошад. Таҳдидҳое, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва сарчашмаҳои маблағгузории он, қочоқи яроқу аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъсири  мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма барои истиқлоли давлатӣ хатарзо мебошанд. 
Тоҷикистон маҳдудаи ҷуғрофиест, ки дар он халқияту миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам зиндагӣ ва фаъолият доранд ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамватан, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд, зеро ҳаводиси хунине, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд, бори дигар собит менамоянд, ки ҳамраъйии шаҳрвандони кишвар ва муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст. Ғафлату бетафовутӣ ба фоҷиаҳо оварда метавонанд. 
Ҳоло дар саҳифаҳои сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ифротиёни зиёде ҳузур доранд ва алайҳи манофеи давлати миллати тоҷик баромад мекунанд, ки ҳадафмандона идора мешаванд. Аз ин рӯ, бояд аз ин соат даст ба кор шуд, зеро таҳдидҳо ба истиқлоли давлатӣ, халалдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои маҷозӣ ба назар мерасанд. Дар фазои интернетии Тоҷикистон барнома, гуфтору наворҳои тахрибию ифротӣ кам нестанд, балки рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванду маводро мутолиа мекунанд, ноогоҳона ба иғво дода мешаванд. Аз ин рӯ, набояд дар чунин вазъ ғофил монд, балки вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ матлабу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд. 
Фазои маҷозии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой кард. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор бошему муҳофизи Ватани азизамон. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан, далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ кам нест. 
Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азизамон аст. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив