МАОРИФ. РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲА АСТ!

05 март 2026, Панҷшанбе
4


Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология, аҳамияти фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ беш аз ҳар вақти дигар боло рафтааст. Имрӯз пешрафти иқтисод, саноат, энергетика, тиб, кишоварзӣ ва ҳатто амнияти миллӣ бе донишҳои муосири илмӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушди фанҳои дақиқ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз бахшҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ояндаи кишвар аз сатҳи дониш ва маърифати насли наврас вобаста аст. Маҳз бо ҳамин ҳадаф, солҳои охир ислоҳоти фарогир дар низоми таҳсилот амалӣ гардида, шароити моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуд.
Махсусан, дар ин давра бо мақсади ҷалби наврасон ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва рушди тафаккури мантиқӣ, як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат таъсис ёфтааст, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ва тақвияти завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ роҳандозӣ шудааст. Ин иқдомҳо боис гардиданд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба илм афзоиш ёбад ва хонандагон бештар ба ихтироъкорӣ ва пажӯҳиш рӯ оваранд.
Ҳамчун омӯзгори фанҳои химия ва биология, бар он назарам, ки сифати таълим аз ду омил вобастагии зич дорад: якум, дониши амиқ ва масъулияти омӯзгор; дуюм, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таҷриба ва таҳқиқ. Дарсҳои фанҳои табиӣ танҳо бо роҳи фаҳмондадиҳии назариявӣ маҳдуд намешаванд. Зарур аст, ки хонандагон таҷриба гузаронанд, мушоҳида кунанд, хулоса бароранд ва тафаккури таҳлилӣ инкишоф диҳанд.
Имрӯз мактаб бояд на танҳо маркази омӯзиши дониш, балки макони парвариши ихтироъкорон, муҳаққиқон ва муҳандисони оянда бошад. Барои ин, ҳамкории зич миёни омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа зарур аст. Вақте ки кӯдак аз хурдӣ ба илм рағбат пайдо мекунад, дар оянда метавонад барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузорад.
Хулоса, рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ омили муҳими пешрафти давлат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимод барои тарбияи насли донишманд ва соҳибкасб фароҳам овардааст. Вазифаи мо – омӯзгорон аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар қалби хонандагон муҳаббат ба илмро бедор намуда, онҳоро ба роҳи эҷод ва навоварӣ раҳнамоӣ созем. Танҳо бо такя ба дониш, маърифат ва илми муосир метавонем Тоҷикистони азизамонро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун созем.


Зулфия СОБИРОВА, омӯзгори фанҳои химия, биологияи МТМУ № 139-и ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 05.03.2026 №: 44