ГУЛИ САРИ САБАДИ МИЛЛАТ.ХОТИРОТЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА

12 март 2026, Панҷшанбе
8


Дар ҳама ҷойи Тоҷикистон ӯро ҳамчун зани боҷасорати сиёсатмадор мешинохтанд. Дигар ӯ танҳо ифтихори зодгоҳаш Хатлонзамин не, балки ифтихори миллат шуда буд. Бо шунидани ному насабаш таърихи зиндаи ба сиёсат пайвастани бонувони тоҷик ҷилвагар мешавад. Бале, маҳз Низорамоҳ Зарифова бо фаъолияти намунавии хеш ба дигар ҳамтаборони худ собит намуд, ки зани тоҷик дар баландтарин маснадҳои давлатӣ низ ҷо дорад.
Низорамоҳ бо Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва як силсила шахсиятҳои номвари Иттиҳоди Шуравӣ як ҷо кору фаъолият дошт ва шоҳиди сохтани Тоҷикистон буд. Замоне ки ӯ ба дунё омад (1923), ҳудуди Тоҷикистони имрӯзаро ҳанӯз Бухорои Шарқӣ мегуфтанд. Дар яксолагии ӯ Тоҷикистон ҳамчун кишвари худмухтори шуравӣ таъсис ёфт.
Хонаводаи онҳо дертар ба деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ мекӯчад ва замони наврасии қаҳрамони мо ин ҷо мегузарад. Зариф, аслан номи падарандари ӯст, ки баъди марги падар Низорамоҳи шашсола ва бародару хоҳарчаашро саробонӣ ва тарбият мекунад. Ба эҳтироми некиҳои падарандар насаби Зарифро бар худ мегирад, ки ин ҳам ҷавонмардист.
Дили покаш 101 сол тапид ва то вопасин нафас чашмони бино ва ҳушу ёди гиро дошт, ҳама воқеаву ҳодисаҳои марбут ба Тоҷикистонро бо далел ва рақам медонист, мегуфт ва таҳлил менамуд. Ному насаби шахсиятҳо, ҷаласаву мубоҳисаҳои сиёсиву ҷамъиятиро хуб дар хотир дошт ва лаҳза ба лаҳза офариниши кишвари моро ҳикоят мекард. Бо ин модари беназир кас метавонист ба саёҳати таърихӣ равад ва ин саёҳати маънавии ибратбахшро дубора фаромӯш нанамояд.
Ҳамроҳ бо Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева борҳо ба дидораш рафта будем ва медидем, ки чи зани хушгӯ, бо лутф ва бо виҷдон аст. Зебо механдид ва моро ҳам бо хушгӯиҳои бонамак ва лаҳҷаи ширини кӯлобӣ ба ханда вомедошт. Пештар аз ин, чунин бонуи нозанину дилороро ҳеҷ надида будам.
Ҳарчанд худаш ҳам қаҳрамони зиндаи айёми мо буд, аммо аз бузургиҳои худаш нақл намекард ё ҳам агар бо хоҳиши меҳмон чизе аз корномаи хеш мегуфт, кору ҳаводиси шударо бо ҳамон ҳолу ҳавои аслӣ нақл мекард ва ҳеҷ обуранге намеафзуд. Самимият, хоксорӣ ва бетарафӣ намоди ростини ӯро менамуданд.
Дар солҳои панҷоҳуми асри ХХ, дар замоне ки занҳо ба озодиву истиқлол тоза ноил шуда буданду аз маъракаи “маҳви бесаводӣ” ба сӯйи илму дониш мешитофтанд, Низорамоҳ Зарифова, Мамлакат Наҳангова, Бӯринисо Бердиева ангуштшумор занҳои қавиирода дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ буданд.
Як нақли қаҳрамони мо доир ба сохтмони НБО “Норак” ҳеҷ аз ёди мо намеравад: “Яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгорам иштирок дар Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ дар Москва буд. Ҳарчанд қабл аз ин аз минбарҳои баланд сухан гуфта будам, ин бор суханронии ман тамоман ранги дигар дошт. Зеро аз номи мардуми тоҷик бояд масъалаи бунёди Неругоҳи барқи обии “Норак”-ро ба миён мегузоштам, назди намояндагони кишварҳои дигари шуравӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш ва зарур будани ин сохтмони бузургро собит менамудам.
Мавсуф вакили Шурои Олии ИҶШС (даъватҳои 5-6) буд. Махсус аз ҳукумати вақт супориш шуда буд, ки пешниҳоди мазкурро маҳз зан ба ҳозирин расонад. Он суханрониро Низорамоҳ чунин ба ёд оварда буд: «Бо тамоми ғайрат ҳаяҷони ботиниву зоҳирии худро пахш карда, бо лаҳни каме сактадори русӣ ҳарф мезадам ва вобаста ба тобиши маъноии ҷумлаҳо баъзе аз онҳоро бо қатъият ва хитобдору гиро мегуфтам, то бовару эътимоди ҳозиронро ба даст оварда бошам. Чун суханам поён ёфт, шуруъ аз Раиси вақти ҳукумати ИҶШС А. Н. Косигин то вакилони халқ ҳама кафкӯбӣ карда, ҳамовозии худро барои бунёди “Норак” баён доштанд».
Солҳои дароз дар корҳои роҳбарӣ будани Низорамоҳ як тараф буду раиси Шурои занони кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон буданаш як тараф. Ӯ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азхудгузаштагиҳову ҷонбозиҳо нишон дода, дар пойдории сулҳу амният ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷаҳду талош кард. Аз ҷумла, ба шаҳри Хоруғ парвоз карда, аз он ҷо то ба бунгоҳи Дарвоз омад ва аз дасти силоҳбадастон мошинҳои пурбори ёрии башардӯстонаро раҳо карда, ба Душанбе овард. Ин мардонагии Низорамоҳ ҳанӯз вирди забонҳост.
Қиссаҳои ҷолиби рӯзгори ин бонуи барнодилу зарофатгӯ бори дигар неъмати бузург будани истиқлол, ваҳдат ва оромишу осоиши кишварро талқин менамуд.
Ҳоло сафи Низорамоҳҳои тоҷик, хушбахтона, зиёд аст. Ҳатто мардуми қадршиноси мо дар ҳар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба эҳтироми ӯ номи духтарони худро Низорамоҳ ниҳодаанд.
Бигзор, ҷодаи бознамудаи онҳоро имрӯзиён идома диҳанд ва давлати ба хуни дилу оби ҷабин сохтаи гузаштагонамон асрҳо поянда бимонад!


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Ёддошт: Охирин суҳбати видеоии Низорамоҳ Зарифоваро бо кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар студияи “Фонус – минбари андеша” метавонед аз ин суроға тамошо намоед: https://youtu.be/YAVHmXqlcZ4?si=0AZxsLz1sOXIZIPr

Санаи нашр: 11.03.2026 №: 47