ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАҚШИ СИККАҲО ДАР ШИНОХТИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН»

«НАҚШИ СИККАҲО ДАР ШИНОХТИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН»

29 сентябр 2023, Ҷумъа
13
0


Бо ташаббуси маркази «Тоҷикшиносӣ» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён» бо номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода маҳфил баргузор гашт. 
Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумъахон Файзализода маҳфилро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро доир ба мавзуи интихобшуда шинос кард.
Сипас, номзади илмҳои таърих Абдувалӣ Шарифзода атрофи таърихи таҳқиқи сиккаҳои Сомониён дар олам, аҳамияти ҷаҳонии сиккаҳои Сомониён, нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён, топографияи сиккаҳои Сомониён, инчунин, ҷойгоҳи онҳо дар таҳкими ҳувияти миллӣ сухан гуфт.
Аз ҷумла, Абдувалӣ Шарифзода иброз дошт, ки то аз ҷониби инсоният ихтироъ шудани сикка, харидуфурӯш байни мардум тавассути иваз кардани молу ашё сурат мегирифт. Аслан, сабаби ихтирои сикка дар таърихи башарият- ин пардохт намудани ҳаққи сарбозони кироя буд.
Тавре зикр гардид, бори аввал дар таърихи башарият Ҳахоманишиён дар асри V пеш аз милод тавонистанд, ки сиккаҳои тиллоии худро, ки қурбаш баланд буд, ба воситаи муомилоти тиҷорати байналмилалӣ табдил диҳанд.
Ҳамчунин, маҳфилро сурудҳо дар васфи Ватан рангин намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Тоҷикшиносӣ» ва мавзуъҳое, ки дар он таҳлилу баррасӣ мешаванд, дар бедории маънавии миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, хусусан барои ҷавонон, амри зарурӣ ва саривақтист.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив