ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

29 сентябр 2023, Ҷумъа
15
0


«Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» зафар ёфт
Тими “Истиқлол” дар бозии аввали марҳалаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дар майдонаш дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. 
Бино ба иттилои Лигаи футболи кишвар, тӯби ғалабаоварро Шаҳром Сулаймонов (дақ. 19-ум) ба самар расонд. 
Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 7-уми октябр дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки қувваозмоии аввали ҷуфти дигари нимниҳоӣ “Хатлон” ва “Равшан” 29-уми сентябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар мегузарад. 


БОЗИҲОИ ОСИЁ
Бурду бохти боксчиёни тоҷик 
Боксчиёни  тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг) ва Давлат Болтаев (+92 кг) бо мағлуб кардани ҳарифонашон, ба даври навбатии Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2023 баромаданд. 
Руҳафзо бар Новита Синадиа (Индонезия) ғалаба карда, ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳарифи ӯ дар ин марҳала Раксат Чутхамат  (Таиланд) мебошад.  
Давлат Болтаев бар Арсланбек Очилов (Туркманистон) зафар ёфт. Дар даври баъдӣ боксчии мо бо Эркин Одилбек (Қирғизистон) қувваозмоӣ менамояд.  
Вохӯрии онҳо 29-уми сентябр доир мегардад. 
Мутаассифона, Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ғайричашмдошт аз Йертуган Зейнуллинов (Қазоқистон) шикаст хӯрд. 
Ёдовар мешавем, ки ду боксчии дигари мо Асрор Воҳидов (-57 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) низ, дар даври аввал ғолиб омаданд. 


Буффон – беҳтарин дарвозабони асри XXI
Бар пояи фарзияи FourFourTwo, Ҷанлуиҷи Буффон, собиқ дарвозабони тими миллии Италия ва бошгоҳҳои “Парма”, “Ювентус” ва “ПСЖ”, беҳтарин дарвозабони асри XXI эътироф гардид. 
Икер Касиляси номвар (Испания, “Реал”, “Порту”) дар ҷойи дуюм ва Эдвин ван дер Сар  (Нидерланд, “Ювентус”, “Фулҳем”,“Манчестер Юнайтед”) дар зинаи сеюм қарор гирифтанд. 
Дар топ-10 инҳо шомиланд: Петр Чех (Чехия), Мануэл Нойер, Оливер Кан (Олмон), Виктор Валдес, Давид де Хеа (Испания), Жулио Сезар (Бразилия) ва Уго Лйорис (Фаронса).

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив