ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОР ПЕШГӮИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ  ТОҶИКИСТОНРО БОЗБИНӢ КАРД

БОР ПЕШГӮИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ  ТОҶИКИСТОНРО БОЗБИНӢ КАРД

02 октябр 2023, Душанбе
12
0


Бонки осиёии рушд пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои солҳои 2023 ва 2024 бозбинӣ кардааст. Дурнамои рушди Осиё, ки 20-уми сентябр нашр шуд, рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли 2023-юм 6,5 дарсад ва дар соли 2024-ум 7,0 дарсад пешбинӣ намудааст.
Дар гузориши моҳи апрелии БОР афзоиши 5,5% дар соли 2023 ва 6,5% дар соли 2024 пешбинӣ шуда буд.
Таҷдиди назари пешгӯӣ дар асоси рушди талаботи дохилӣ ба мол ва хизматрасонӣ, ки аз афзоиши интиқоли маблағ аз гардиши сайёҳон ва муҳоҷирон бармеояд, шарҳ дода мешавад.
«Рушди иқтисод дар ҷумҳурӣ, ба туфайли беҳбуди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ, инчунин, интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз 7,4% дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 8,3% дар нимсолаи аввали соли 2023 суръат гирифт”, – омадааст дар гузориш.
Муаллифон тавзеҳ медиҳанд, ки касри савдо дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар афзудааст, зеро содироти молҳо 44,2% коҳиш ёфт, ки 0,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва воридот 19,1% ё 2,7 миллиард доллар афзудааст.


НАМОИШИ ХУШКМЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР «WORLD FOOD» 
Шаш бренди хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22-юми сентябр дар шаҳри Москва (Россия) баргузор гардид, иштирок намуд. 
Ҳайат аз корхонаҳои шаҳри Исфара: «Меваи тиллоӣ», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи Ватан», «Меваи заррин», корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон зери бренди умумии «Лаззати Хатлон» ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат буд. 
Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкони хубе фароҳам овард, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб кунанд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо раванд ва тамоюлҳои нави бозор дар минтақа шинос шаванд.
«World Food Moscow» ҳар сол баргузор мегардад ва яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад ва ин тирамоҳ маротибаи 32-юм беш аз 1000 корхонаву муассисаҳои соҳаи хӯрокворӣ, коршиносон ва харидоронро аз 39 давлат ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобит ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам овард.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив