ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, 18 августи соли 2023

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, 18 августи соли 2023

21 август 2023, Душанбе
121
0

 
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти имрӯзаи мову шумо – роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар давраи омодагӣ ба Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – солгарди сию дуюми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир мегардад. Бинобар ин, бо истифода аз ин фурсати муносиб, сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилоят ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин санаи воқеан таърихиву тақдирсоз самимона табрик мегӯям ва барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ҷараёни сафари чандрӯзаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар итминон пайдо намудам, ки ин диёри зебоманзару биҳиштосо бо заҳмати содиқонаи мардум ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.
Мо асри XXI маҳз ба ҳамин хотир асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем.
Қобили зикр аст, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супурда шуда, ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз корҳои сохтмонии беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мо дар маросими ба фаъолият оғоз намудани даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, инчунин, якчанд иншооти сарҳадӣ, ширкат кардем, ки ин ҳама ободиҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мебошад.
Яке аз мушкилоти бузурги ҳаёти сокинони вилоят дар даҳсолаҳои гузашта набудани роҳҳои муосиру бехатари мошингард ба ҳисоб мерафт. Барои аз байн бурдани ин мушкилот Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Ду сол қабл, баъди ифтитоҳи қитъаи роҳи Шкев – шаҳраки Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – сарҳади давлати Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшида будем. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдид гардидани он 17 километр кӯтоҳ мешавад ва дар маҷмуъ, 92 километр роҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро ташкил медиҳад.
Маблағи лоиҳа 2,5 миллиард сомонӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он беш аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Ин маблағ баробар ба буҷети қариб панҷсолаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Тавре ки мо мушоҳида намудем, роҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда истодааст ва бо анҷом ёфтани корҳо рафтуомади доимиву бехатари сокинон, воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол таъмин мегардад. Бунёди ин роҳ на танҳо барои аҳолии минтақа аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо истифода мегардад.
Ҷиҳати ташаккули ин долони иқтисодӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик лоиҳаҳои бунёди қитъаҳои роҳи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ба масофаи 235 километр ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасуро ба дарозии қариб 300 километр амалӣ карда, гузаргоҳи Кулма – Қарасуро таҷдид намояд. Корҳои лоиҳакашии роҳҳои зикршуда пурра ба анҷом расидаанд ва натиҷаи ташхис, яъне экспертиза, рӯзҳои наздик муайян мегардад.
Албатта, бо ташкили чунин долонҳо боркашониву мусофиркашонии байналмилалӣ зиёд гардида, имкониятҳои транзитиву сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бамаротиб тақвият меёбад. Илова бар ин, 18 километр роҳ аз гардиши шоҳроҳи Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон то маркази ноҳияи Ванҷ бо супориши Роҳбари давлат аз ҳисоби сарфаи маблағи лоиҳа пурра навсозӣ карда мешавад. Аз ин ду километр роҳ дар дохили ноҳия чароғон карда, бо пиёдароҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, як нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру навсозӣ гардидааст. Инчунин, дар ин давра барои вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харида шудааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, имрӯз дар вилоят ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Дар баробари беҳтар гардидани шароити инфрасохтори роҳ, ҳоло симои шаҳру ноҳияҳо низ куллан дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардуми вилоят, 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар маҷмуъ, барои таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 23 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҷониби низоми бонкии кишвар 1,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 92 фоизи он қарзҳои хурд мебошанд. Танҳо дар сею ним соли охир, яъне солҳои 2020 – 2022 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии вилоят додашуда қариб 500 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар ҳафт моҳи аввали соли 2023 ба 131 миллион сомонӣ расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз зиёд мебошад. Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо имкон фароҳам овард, ки фаъолнокии иқтисодии мардум афзуда, дар сездаҳ соли охир шумораи субъектҳои хоҷагидор се баробар зиёд гардад. Агар соли 2010 дар вилоят ҳамагӣ 3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо қариб ба 8400 расидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо татбиқи 808 лоиҳа ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи татбиқи барномаҳои мазкур, яъне солҳои 2021 – 2022 ва 6 моҳи соли ҷорӣ, 232 лоиҳа ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 206 миллион сомонӣ 62 бинои нави маъмурӣ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар натиҷа, масалан, маркази ноҳияи Шуғнон, ки як деҳа буд, имрӯз ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, шумораи аҳолии вилоят дар ин давра 35 фоиз афзоиш ёфта, аз 172 ҳазор нафари соли 1991 то ба 232 ҳазор нафар дар соли 2023 расид. Ҳамзамон бо ин, дар бист соли охир дар вилоят даромади пулии аҳолӣ 163 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 97 фоиз то 29 фоиз паст гардидааст, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаи пасандозҳои аҳолӣ низ шаҳодат медиҳад:
– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолии вилоят дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 2 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2023 ба 383 миллион сомонӣ расидааст.
Ман дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша таъкид менамоям, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он моро водор месозанд, ки ба хотири татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш ва амал намоем.
Мо таъсири манфии тағйирёбии иқлимро, махсусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки минтақаи нисбатан баландкӯҳи кишвар ба шумор меравад, мушоҳида ва эҳсос мекунем. Танҳо дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 20 ҳодисаи сар задани офати табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа, 18 нафар ба ҳалокат расида, ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 19 миллион сомонӣ хисорот ворид гардид. Умуман, дар 25 соли охир дар ҳудуди вилоят 314 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он 63 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Зарари моддии дар ин давра дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят воридшуда, қариб 300 миллион сомониро ташкил додааст, ки маблағи кам нест.
Охирҳои моҳи июни соли равон дар деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа дар натиҷаи фуромадани сел 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 2 хона, як бунгоҳи тиббӣ, як мағоза қисман ва беш аз 2,5 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ зарар диданд.
Бо супориши Роҳбари давлат Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани 210 оила, ки дар соҳили дарёи Ғунд зиндагӣ доштанд ва барқарор намудани хонаҳои зарардида, чораҳои фаврӣ андешида шуданд.
Хотирнишон менамоям, ки оилаҳои аз офати табиӣ зарардида зери назорат ва ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои расондани кумаки саривақтӣ ба аҳолии зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани бавуҷудоии офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниву устуворсозии инфрасохторро пурзӯр намуда, нақшаи марҳала ба марҳала аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолиро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ, устуворсозии инфрасохтор ва ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби шарикони рушд тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Хушксолӣ ва камобии пайдарҳам аз мушкилоти дигари имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки зиндагии мардуми сайёраро, махсусан дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ, торафт мушкил гардонда истодааст. Дар чунин шароит зарур аст, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ диққати аввалиндараҷа дода, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои зиёд намудани кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири ҳарчи бештар ва дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин кардани бозори истеъмолии дохилӣ кӯшиш намоем. Ин танҳо дар сурати истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як қитъаи замин, ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, кишоварзон ва тамоми шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вазифадоранд, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, ҷиҳати бо маҳсулоти босифат таъмин намудани бозори дохилӣ, аҳли оилаи худ ва захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол мунтазам кӯшиш намоянд. 
Ҳарчанд ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат замини кишоварзии камтар дорад, вале сифати маҳсулоти он, аз қабили чормағз, себ, зардолу, тут, анор ва дигар навъҳои мева, фарқкунанда буда, талабот ба онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз кишвар зиёд мебошад.
Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки бо сабаби кам будани шумораи корхонаҳои коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ дарёфти бозори фурӯш ҳамчун яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав барои зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Бояд гуфт, ки, бо вуҷуди шароити то андозае мураккаби ҷуғрофӣ, вазъи соҳаи кишоварзии вилоят сол ба сол беҳтар гардида истодааст. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар 20 соли охир аз ҳисоби афзоиши ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ 1,7 баробар, картошка 2,8 баробар, сабзавот 4,2 баробар ва 2,3 баробар зиёд шудани майдони боғҳо таъмин гардидааст. Аммо ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2023 дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 64 фоиз иҷро шудааст ва зарур аст, ки оянда дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва тамоми сокинон бояд ҳар як ваҷаб замини кишоварзиро оқилона истифода бурда, бозори истеъмолии вилоятро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Афзоиши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ вобастагии калон дорад. Мо метавонем танҳо бо таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ ва таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар ноил гардем. Яъне, гузариш аз модели агросаноатӣ ба саноативу аграрӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад, танҳо дар натиҷаи рушди муназзаму устувори соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ имконпазир мебошад.
Қобили таъкид аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкониятҳои бузурги саноатӣ дорад. Вале бояд гуфт, ки гарчанде шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят аз соли 1991 то имрӯз 7 баробар афзуда, аз 13 ба 91 расидааст, бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ва ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ ва таъмини рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳанӯз ҳам кофӣ нест.
Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудем, ки дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода, шаҳрвандонро бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намоем ва вобастагии иқтисодиёти худро аз омилҳои берунӣ коҳиш диҳем. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, илова ба коҳиш ёфтани шумораи корхонаҳои фаъолияткунанда, нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст. Аз ҷумла истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ин давра 59 фоиз коҳиш ёфтааст ва сатҳи таъминнокии хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ ҳамагӣ 1,3 фоизро ташкил намудааст, ки хеле ташвишовар мебошад. Аз ин лиҳоз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар вазифадоранд, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар ин самт, зарур аст, ки, махсусан, ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мармар, мева, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, эътибори аввалиндараҷа дода, суръати баланди рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин карда шавад.
Дар ин раванд, Бонки миллӣ, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» бояд ба хотири густариш додани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус барои корхонаҳои коркард ва ташкили кластерҳои саноативу агросаноатӣ, тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд. Ман ҳанӯз соли 1994 – замоне ки вазъият дар кишвар бисёр вазнину ҳассос буд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, дар ифтитоҳи навбати аввали Неругоҳи барқи обии «Помир – 1» бо тавоноии 7 мегаватт шахсан иштирок карда будам.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди вилоят беш аз 31 ҳазор киловатт иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 киловатт, бунёд гардида, 14 ҳазор киловатт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ва афзоиш додани иқтидори содиротии он ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Мо дар ҷараёни сафар бо вазъи корҳои сохтмони ин иншооти муҳим аз наздик шинос шудем ва доир ба сифати корҳо ва суръат бахшидани онҳо дастурҳои зарурӣ додем.
Махсус таъкид месозам, ки иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз», мебошанд ва ин масъала дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, истеҳсоли неруи барқ дар вилоят соли 2022 нисбат ба соли 1993-юм 2,6 баробар зиёд гардидааст. Имрӯз сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ ба 98 фоиз расидааст, ки дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 7,5 баробар зиёд мебошад.
Ду фоизи аҳолие, ки ҳоло бо барқ таъмин нест, аз ҳисоби сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи сокинони вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд. Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Помир энерҷи» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин офтобӣ ва бодӣ, тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд. Вазорати энергетика ва захираҳои об, роҳбарияти вилоят ва ширкати «Помир энерҷи» ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расондани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар зарфи 20 соли охир ба соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки дар натиҷа, имрӯз заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле мустаҳкам ва шумораи муассисаҳову фарогирии хонандагон ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Танҳо дар соли 2023 барои рушди соҳаи маорифи вилоят 202 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 фоиз ва нисбат ба соли 2005-ум 13 баробар зиёд мебошад. Вале бояд гуфт, ки гарчанде имрӯз дар вилоят 26 муассисаи томактабӣ ва 216 маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунад, ин шумора барои фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ ҳанӯз кофӣ нест.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 192 муассисаи таълимӣ барои қариб 84 ҳазор хонанда ба маблағи 350 миллион сомонӣ бунёд гардида, кор дар ин самт идома дорад. Мо дар ҷараёни сафари кории навбатии худ ба вилоят як қатор муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 барои 1280 хонанда, бинои маъмурии шуъбаи маориф, боғчаи бачагона барои 200 ҷой ва маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Ванҷ ва як мактаби навбунёд – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 барои 1680 ҷойи нишастро дар ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ намудем. Илова бар ин, сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ноҳияи Роштқалъа, ду муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2080 хонанда дар ноҳияи Ишкошим ва як кӯдакистон дар ноҳияи Рӯшон бомаром идома дорад.
Дар натиҷаи дастгириҳои соҳаи маорифи вилоят, сатҳу сифати таълими хонандагон мунтазам беҳтар гардида, шумораи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшуда ҳар сол зиёд гардида истодааст.
Дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ  39  ҳазор  нафар  ҷавонони  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3200 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро хатм намудаанд. Аз соли 1997 то соли 2023-юм 3595 нафар хатмкардагони мактабҳои вилоят (1901 духтар ва 1694 писар) ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд. Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят (351 духтар ва 302 писар) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо Квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд. Илова бар ин, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 дар вилоят то имрӯз 49 фоиз иҷро шудааст, ки нишондиҳандаи хуб мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои хонандагон, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдор раванди сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани онҳо чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешида шаванд.
Бо дарназардошти дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доштани омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон, эҳтиёҷот ба кадрҳои педагогӣ дар миқёси вилоят 389 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ишкошим 87 нафар, Дарвоз 64, Роштқалъа 58, Шуғнон 49, Мурғоб 47, Рӯшон 41, шаҳри Хоруғ 28 ва Ванҷ 15 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ва нафақахӯр фаъолият мекунанд. Таъкид менамоям, ки ҳарчи зудтар бартараф намудани ин камбудӣ вазифаи Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилоят 146 муассисаи тиббии нав бунёд карда шудааст. Танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии боз 72 иншооти соҳа ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Танҳо дар дую ним соли охир барои сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷудо гардида, муассисаҳои зикршуда ба маблағи 53 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шудаанд. Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин буда, танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харид ва дастрас карда шудааст.
Дар натиҷаи амалисозии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола аз 36,4 нафари соли 1990 ба 8 нафар дар соли 2022 коҳиш ёфтааст. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар нимсолаи якуми соли 2023 ба қайд гирифта нашудааст.
Аз соли 1991 то инҷониб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 1200 нафар ҷавонон, аз ҷумла 419 нафар тибқи Квотаи президентӣ, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 976 нафар донишҷӯён муассисаҳои мазкурро хатм кардаанд, ки 233 нафари онҳо тибқи Квотаи президентӣ мебошанд. Ҳоло аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 295 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 175 нафар бо Квотаи президентӣ, таҳсил доранд. Ҳамзамон бо ин, қариб 900 нафар кормандони соҳаи тибби вилоят ба таҳсилоти баъдидипломӣ равон карда шудаанд, ки ин ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Танҳо дар се соли охир коллеҷҳои тиббии кишварро 474 нафар ҷавонони вилоят хатм кардаанд ва ҳоло боз 853 нафар дар муассисаҳои мазкур таҳсил карда истодаанд. Аммо ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд. Ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ минбаъд низ дар самти беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоту технологияи муосир таъмин кардани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд бо истифода аз мавзеъҳои табобатӣ ва обҳои шифобахш якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ гардондани истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва ташкили корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Илова бар ин, бояд гуфт, ки тибқи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат доир ба таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 24 ҳазор оила қариб 9 миллион сомонӣ ва дар асоси дигар қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пардохти кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба 7450 оила дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4,5 миллион сомонӣ кумаки яквақтаи давлатӣ пардохта шудааст.
Ҳамватанони азиз!
Чунонки дар оғози суханронии худ хотирнишон намудам, рушди ҳамаҷонибаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боз ҳам беҳтар гардондани шароити зиндагии сокинони он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тавре ки имрӯз мушоҳида мегардад, дар натиҷаи сохта, ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун, шаҳру ноҳияҳои вилоят то дурдасттарин деҳоти он рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодаанд. Бо ин мақсад, давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо ба соҳаи сохтмони вилоят 5,3 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, 1465 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашнгирии 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар шаҳри Хоруғ 143 иншооти гуногун, ки симои маркази вилоятро куллан дигар кардааст, сохта ба истифода дода шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ дар доираи сафари имрӯза боз 16 иншооти нав, аз ҷумла 9 корхонаи саноатӣ, ба истифода супорида шуд. Танҳо дар соли 2022 бо ин мақсад 623 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 53 баробар зиёд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2023 ин нишондиҳанда ба 539 миллион сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, тайи даврони истиқлол дар мавзеъҳои наздисарҳадии вилоят ба маблағи беш аз 315 миллион сомонӣ 43 иншооти сарҳадӣ бунёд карда шудааст ва то охири соли равон боз 26 иншооти сарҳадӣ ба истифода дода мешавад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоят минбаъд низ идома дода мешаванд ва бо итминон иброз медорам, ки солҳои оянда симои шаҳру ноҳияҳои вилоят бакуллӣ тағйир хоҳад ёфт.
Ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбинишударо вобаста ба сохтмон ва навсозии иншооти ба нақша гирифташуда пайваста зери назорат қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд супурдани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша хотиррасон менамоям, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд бо дарназардошти таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои кори нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.
Ҳозирини муҳтарам!
Чунонки ҳар яки шумо мушоҳида мекунед, ободиву пешрафте, ки дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯз ба рӯз вусъат гирифта истодааст, дар навбати аввал, ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида истодааст. Бинобар ин, ҳифз кардану эҳтиёт намудани ин неъмати зиндагӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар вилоят вазъи риояи қонун тадриҷан муътадил гардида, тайи вақтҳои охир ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ коҳиш ёфта истодааст. Вале бояд гуфт, ки вазъи нашъамандӣ ва гирифторшавӣ ба бемории вируси норасоии масунияти одам ҳоло ҳам нигаронкунанда мебошад. Дар зарфи панҷу ним соли охир дар ҳудуди вилоят 1076 килограмм маводи мухаддир мусодира гардида, нисбат ба 206 нафар 158 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва аз ин шумора 95 парванда нисбат ба 152 нафар ба суд ирсол гардидааст.
Дар вилоят вазъи риояи қонунгузории замин, ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда низ то ҳанӯз ташвишовар аст. Солҳои 2018 – 2022-юм ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 91 нафар вобаста ба ишғоли худсаронаи замин ва сохтмони худсарона парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, ки аз ин шумора 11 парванда оид ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта мебошад. Дар ин давра 243 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбат ба 880 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Тайи панҷ солу шаш моҳи охир дар самти қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 940 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 421 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбат ба 1018 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
То охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарздорӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар ҳудуди вилоят 14 миллион сомониро ташкил кардааст, ки  аз ин ҳисоб қариб 4 миллион сомонӣ ба аҳолӣ, 4 миллиону 640 ҳазор сомонӣ ба ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ ва беш аз 5,5 миллион сомонӣ ба корхонаҳои ғайрибуҷетӣ рост меояд. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти дахлдор, аз маблағи умумии зикршуда 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ рӯёнда шудааст.
Бо дарназардошти вазъи зикргардида, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, масъулони соҳаи маориф, аҳли зиё ва падару модарон доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткориҳо ва таъмин намудани волоияти қонун тадбирҳои мушаххас ва қатъӣ андешанд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам боз як нуктаи дигарро хотирнишон намоям. Давоми панҷу ним соли охир, яъне солҳои 2018 – 2022 ва нимсолаи аввали соли 2023, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзҳои нахустини маъракаи мазкур барзиёд иҷро карданд, ки барои бисёр шаҳру ноҳияҳои дигар намунаи ибрат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба сокинони вилоят барои чунин фаъолнокӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо доштани кӯҳҳои осмонбӯс, гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои табобатӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, олами нотакрори наботот ва ҳайвоноти нодир, дарёҳо ва кӯлҳои беназир, пиряхҳои калонтарин ва қуллаҳои баландтарин дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин таъриху фарҳанги қадимаи миллӣ ва суннату анъанаҳои бою рангоранги худ, яке аз маконҳои асосии ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Вале имкониятҳои вилоят дар ин самт то ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намегарданд, ки ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 ба вилоят 3013 нафар, соли 2022-юм 8090 нафар ва дар нимсолаи аввали соли равон 4800 нафар сайёҳони хориҷиву дохилӣ омадаанд. Ҳарчанд ки шумораи онҳо афзуда истодааст, аммо бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ҳанӯз хеле кам аст. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди сайёҳӣ, шарикони рушд ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазъи ҷаҳони муосир ба ҳар яке аз ҳамватанони мо, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хубӣ маълум аст. Илова ба мушкилоте, ки мардуми дунё дар натиҷаи низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мебошанд, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии пайиҳам, зиндагии мардумони бисёр минтақаву кишварҳои сайёраро боз ҳам мушкилу вазнин сохта истодаанд. Дар чунин шароит мо бояд ба умеди дигарон набошем, худамон бояд заҳмат кашему мушкилоту масъалаҳоямонро худамон бартараф намоем.
Мо бояд бо истифода аз захираву имкониятҳои доштаамон ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ барои ҳар як оила ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода бошем. Дар ин раванд, боз як нуктаи муҳимтаринро ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва махсусан ба ҷавонони бонангу номуси вилоят, хотирнишон ва таъкид менамоям. Мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки яке аз миллатҳои қадимтарини дунё ҳастем, Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем.
Мо ин Ватан ва ин давлатро бо заҳмати аҳлона ва бо иттиҳоду сарҷамъии тамоми фарзандони Тоҷикистон обод месозем, пешрафта мегардонем, чунонки шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро то имрӯз хеле ободу пешрафта гардондем.
Мо бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан ҳамаи камбудиву мушкилоти зиндагии имрӯзаи халқамонро бартараф месозем. Вале дар айни замон мо набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд. Бинобар ин, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ваҳдати миллии мардумамонро боз ҳам таҳким бахшем, бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем.
Рушду тараққиёти бомароми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор хоҳад дошт ва мо ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар ин замина баланд бардоштани шароити зиндагии сокинони сарбаланди он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем. Бовар дорам, ки мо ҳама якҷо ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро боз ҳам обод гардонда, онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаву зебои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон, табдил медиҳем.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва бо эътимоду дилпурона иброз медорам, ки онҳо дар оянда низ тамоми саъю талоши худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар месозанд.
Бори дигар тамоми сокинони ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми вилоят саломативу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив