ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ.  ПАРТОВГОҲҲОИ РАДИАТСИОНИИ МАВЗЕИ  САНОАТИИ “ТАБОШАР” БЕЗАРАР КАРДА ШУДАНД

ИСТИҚЛОЛ.  ПАРТОВГОҲҲОИ РАДИАТСИОНИИ МАВЗЕИ  САНОАТИИ “ТАБОШАР” БЕЗАРАР КАРДА ШУДАНД

09 октябр 2023, Душанбе
12
0

Ба хотири  ба анҷом расидани татбиқи лоиҳа “Оид ба безараргардонии мавзеи саноатии “Табошар” аз партовгоҳҳои радиатсионӣ дар шаҳри Истиқлол  маросими тантанавӣ доир шуд. Дар он Николай Спасский, муовини директори генералии “Росатом”, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳайатҳои васеи масъулони ду кишвар ва васоити ахбори оммаи Россия ва маҳаллӣ иштирок доштанд.
Намояндагони   Россия ва Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таъкид бар он доштанд, ки маҳз бо талошҳои ҳар ду  ҷониб шароит фароҳам омад, ки   безараргардонии партовгоҳҳо дар минтақаи  саноатии шаҳри Истиқлол – “Табошар” бо такя ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ   муваффақона анҷом ёбад. 
– Маҳз бо талоши мутахассисони ду ҷониб   шароит фароҳам омад, ки  лоиҳаи мазкур пеш аз муҳлат татбиқ гардад ва  ҷиҳати ҳифзи табиати кишвару минтақа, хусусан саломатии аҳолӣ,  қадами ҷиддӣ гузошта шавад, – иброз дошт Николай Спасский, муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии “Росатом”. 
Сергей Дерябин, менеҷери калон, мутахассис  оид ба безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии Корпоратсияи давлатии “Росатом”, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки барои амалишавии лоиҳаи мазкур зиёда аз 850 миллион рубл (8,5  миллион доллари ИМА)  сарф шуд, ки 75 дарсади маблағ  ба уҳдаи Россия ва боқимонда ба зиммаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  вогузошта  шуда буд. Ҳамкории мо дар ин самт  идома хоҳад ёфт. 
Ба муносибати пеш аз муҳлат анҷом ёфтани лоиҳаи мазкур дар қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол барномаи махсуси фарҳангӣ бо иштироки санъаткорон доир гардид. Аз ҷониби роҳбарияти Корпоратсияи давлатии “Росатом” ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нафарони зиёд, ки дар амалишавии лоиҳа  саҳми муносиб гузоштанд, нишон ва медалҳои хотиравӣ тақдим шуд.  

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив