ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

09 октябр 2023, Душанбе
23
0


ТАСС. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш даъват ба амал овард, ки тамоми талошҳои дипломатӣ барои пешгирӣ аз тезутундшавии минбаъдаи вазъ дар Ховари Миёна истифода шавад. Дар ин бора дар изҳороти дафтари Дабири кулли СММ зикр мегардад.


ТАСС. Хабаргузории “Синхуа” (ҶМЧ), бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ аз Ҳирот, хабар медиҳад, ки теъдоди қурбониёни заминларза дар ғарби Афғонистон ва вилоятҳои ҳамсоя ба 2445 нафар расид.
Ба гуфтаи Мавлавӣ Ашарӣ, директори идораи мубориза бо офатҳои табиӣ дар вилояти Ҳирот, аз ҳама бештар минтақаи рустоии ноҳияи Ҳирот осеб дидааст, ки дар он 13 деҳа комилан хароб шуд.


Синхуа. Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян рӯзи якшанбе бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуд. Тавре Ли Сян қайд кард,  Чин ва Ӯзбекистон ҳамсояҳои наздиканд, ки дар ғаму шодии ҳамдигар шариканд. 
Вай гуфт, ки ҷониби Чин омода аст тавофуқи муҳими байни сарварони ду давлат  бадастомадаро татбиқ намояд ва шарикии стратегии ду кишварро ба сатҳи сифатан нав барорад.

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив