ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ МЕҲРУ МОҲИ МЕҲРУ ҶАШНИ ФАРРУХ МЕҲРГОН

РӮЗИ МЕҲРУ МОҲИ МЕҲРУ ҶАШНИ ФАРРУХ МЕҲРГОН

13 октябр 2023, Ҷумъа
28
0
 
Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Нек рӯзу нек ҷашну нек вақту нек ҳол.
 
Ба шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, шаклгирии муҳити солиму созанда ва ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну суннатҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд, бо шукӯҳу манзалати хоса таҷлил гардидани онҳо иқдомҳои наву ҷолиб тарҳрезӣ шуданд. Манбаъҳои таърихии давраи дунёи қадим, асрҳои миёна, замони нав ва навини халқҳои мутамаддини ҷаҳон аз он дарак медиҳанд, ки тоҷикон дорои ҷашну анъанаҳои неки таърихӣ буда, маъруфтарини онҳо Сада, Наврӯз, Тиргон ва  Меҳргон ва маҳсуб меёбанд. 
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Меҳргон низ ба мисли Наврӯз яке аз ҷашнҳои бонуфузи тоҷикон маҳсуб ёфта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст. Мавриди зикр аст, ки Меҳргон дар солҳои даврони шуравӣ дар ҳудуди мамлакат ҳамчун ҷашни миллию мардумӣ баргузор намегашт. 
Дар асоси далелҳои эътимодбахши манбаъҳои таърихӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар Ҷашни Меҳргон  мардум  аз  баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона намуда, либосҳои шинаму рамзӣ ба бар намуда, аз дастовардҳо ва ҳосилоти ҷамъовардаи худ ком ширин мекарданд. Ҷашни Меҳргон рӯзи шонздаҳум, яъне рӯзи меҳр ва моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ, яъне дар меҳрмоҳ бошукӯҳ таҷлил мегардид.  Масъуди Саъди Салмон дар ин маврид чунин гуфтааст:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрбон.
 
Тоҳир Мирзоализода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доир ба таърихи пайдоиши ин Ҷашн изҳор дошт, ки дар китоби Авесто омадааст  мардум Меҳргонро шаш рӯз ҷашн  мегирифтанд, ки аз он айём то ба ин дам беш аз панҷ  ҳазор сол  гузаштааст. Ҷашни Меҳргон иди миллии таърихиву суннатии миллати мо буда, дар баробари Наврӯз ба урфу одат бо гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон алоқаи ногусастанӣ дораду оид ба маъно, пайдоиши он ривояту нақлҳои фаровону гуногун мавҷуданд. Дар Авесто зикр ёфтааст, ки ниёгони мо  солро ба ду фасл тақсим мекарданд: зимистон ва тобистон. Ҷашни Наврӯз дар оғози тобистон ва Меҳргон дар оғози зимистон бо шукӯҳу тантана барпо мешуданд. Пеш аз фасли сармо омадани Ҷашни Меҳргон аз он далолат мекунад, ки он ҷашни табиат аст ва баъд аз бардошти ҳосили кишоварзӣ ба хотири шукронаи Офаридгор барпо мешудааст. 
Сабаби дар  тирамоҳ ҷашн гирифтани Меҳргон мувофиқ омадани номи рӯзу моҳи меҳр дар тақвими хуршедӣ мебошад. Сабаби дигари баргузории Меҳргон дар тирамоҳ ин аст, ки он фасли фаровонисту дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳҳо ҷомаи зарин ба бар мекунанд, ки гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад. Кишоварзон дар ҳамин фасл ҳосили бо ранҷ парвардаи худро ҷамъоварӣ менамоянд.  
Дар Ҷашни  Меҳргон чун  рӯзҳои  наврӯзӣ  мардум хонаҳоро оростаю пероста карда, пероҳани идона ба  бар менамуданд, сӯи  якдигар гулоб пошида, ба ҳамдигар  хушбӯиҳо  тақдим  мекарданд, сарояндагону навозандагон, ширинкорону масхарабозон, дорбозону  паҳлавонон, раққосон ҳунари  хешро пешкаши мардум менамуданд, шеърхонию  байтбарак,  қиссахонӣ  мекарданд. Алқисса, базми  Меҳргон  ба тантанаи  пуршукӯҳ  табдил меёфт, ки  базмороён одамонро  ба меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ, табиатдӯстӣ, накӯкорию дӯстию бародарӣ ва  шафқату  меҳрубонӣ  даъвату ҳидоят менамуданд. Болои  дастархони  идона  кулли  нозу  неъмати  бо дасти  кишоварзон  рӯёндаро гузошта, шукронаи  сулҳу  осоиш, ваҳдати инсонӣ  мекарданд, ба ранҷи кашидаи  барзгарон  аҳсанҳо хонда, ба ояндаи неки халқу Ватан дасти дуо мебардоштанд. 
Хушбахтона, ба василаи таҷлили ҷашнҳои суннатии миллӣ мо ба сӯи асолати таърихии хеш баргашта, анъанаҳои гузаштагонамонро эҳё намуда истодаем. Хусусан,  Меҳргонро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ бо дастовардҳои шоёну самимияти хоса ҷашн мегирем. Таманно мекунем, ки Меҳргон ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ оварад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.10.2023 №: 204
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив