ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. РУШДИ СОҲИБКОРӢ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР АСТ

ТОҶИКИСТОН. РУШДИ СОҲИБКОРӢ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР АСТ

13 октябр 2023, Ҷумъа
142
0
 
Дар мамлакат ҳамасола 14-уми октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон ва таҷлили ин Рӯз иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад, зеро дар шароити имрӯза ин қишри соҳибэҳтиром ва масъулиятшинос  кафили устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа маҳсуб меёбад. 
 
Бо назардошти ин, масъалаи рушди соҳибкорӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоси  роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва рушди инфрасохтори соҳа пайваста тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мегарданд. 
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар занону бонувони матиниродаву болаёқат  дар баробари мардон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бо шукргузорӣ аз фазои озоди сулҳу субот, бомуваффақият ва устуворона фаъолият доранд. Хусусан, сафи соҳибкорзанон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ рӯ ба афзоиш дошта, онҳо баҳри  ободонии  диёр саҳми назаррас мегузоранд. 
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин  қишри фаъоли ҷомеа барои рушди устувори мамлакат сафарбар карда шавад.  Имрӯз соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.  
Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» ташкилотест, ки 30 сол инҷониб фаъолият дошта, 1000  зан узви он мебошад. Ташкилоти мазкур дар муттаҳид намудану дастгирии соҳибкорзанони қавиирода, рушду такомули соҳа ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда пайваста тадбирҳо андешида, дар ин ҷода ба корҳои назаррас  муваффақ шудааст. Ассотсиатсия, асосан, бо табақаҳои осебпазири аҳолӣ кор карда, гурӯҳҳои мақсадноки он аз занони камбизоат, духтарони ятим ва маъюбон иборатанд.
Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиатсияи мазкур, узви раёсати Бизнес- ассотсиатсияи занони соҳибкори Осиёи Марказӣ, номзади илми таърих, зимни суҳбат изҳор дошт, ки бо ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвар заминаҳои хуби қонунгузорӣ дар самти таъмини  баробарии ҳуқуқи занон ва мардон ва рушди соҳибкории  бонувон муҳайё  шуданд. Аз ҷумла, грантҳои президентӣ, 60 санади меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо ба ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва рушди соҳибкории занон равона гаштаанд. Соли сипаришуда ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ  ба маблағи беш  аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2018-ум  2,4 баробар зиёд  мебошад.
 
Боиси сарфарозист, ки теъдоди занони соҳибкор тули солҳои соҳибистиқлолӣ чор баробар афзудааст. Айни ҳол зиёда аз 4 ҳазор нафар зан бо маҳорати баланди кордонӣ корхонаҳои худро сарварӣ мекунанд. Сифат ва иқтидори корҳояшон аз мардон пасттар нест. Ёдрас бояд шуд, ки грантҳои президентӣ, ки ҳамасола ба занони соҳибкор барои пешбурди фаъолияти самаранок ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешниҳод  мешаванд, натиҷаҳои нек ба бор оварданд. 
Нигинамоҳ Кенҷаева аз ҷумлаи соҳибкорзаноне мебошад, ки соли 2020 коргоҳи кӯрпаю кӯрпача ва  матрасбарорӣ ташкил намуд. Ӯ гирандаи Гранти президентӣ дар соли 2021 гардид, ки маҳз ин кумаки ҷиддӣ ба рушди беш аз пеши фаъолияташ мусоидат кард. Чунонки Нигинамоҳ зикр намуд, ӯ соли 2020  фаъолияташро дар доираи 4 нафар зани хонашину бекори маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе оғоз кард. Имрӯз теъдоди коргарон ба 25 нафар расид, ки саҳми ӯ дар ин раванд хеле калон аст. Ҳаҷми истеҳсолот низ нисбат ба солҳои гузашта дучанд афзудааст. Мавриди зикр аст, ки Нигинамоҳ Кенҷаева аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  дастгоҳи кӯрпадӯзӣ ва  матрасдӯзӣ ворид карда, истеҳсоли кӯрпаҳоеро ба роҳ мондааст, ки солҳои пеш аз давлатҳои Туркия ва Чин ба бозорҳои кишвари мо ворид мегардиданд. Ин дастгоҳ зиёда аз 320 намуди гулро дар кӯрпа нақшгузорӣ менамояд. Заҳмату талоши шабонарӯзии як нафар зан – модар ба он мусоидат намуд, ки имрӯз ӯ дар бозори “Корвон” мағозаи калони фурӯши кӯрпаю кӯрпачаро барои мизоҷон кушода, бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мардуми ниёзмандро таъмин мекунад. Ин ҳама дастоварди як соҳибкорзан дар муддати кӯтоҳ мебошад, ки, албатта, ба рушди иқтисоди кишвар низ мусоидат хоҳад намуд.  
Фаъолияти Манижаи Саидмурод, ҷавондухтари соҳибкор ва ҳунарманд низ, боиси таҳсину офарин аст. Тавре Дилороми Талбак, директори Муассисаи давлатии “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, изҳор дошт, Манижа ба маъюб буданаш нигоҳ накарда, ниҳоят фаъол мебошад. Ӯ имрӯз дар назди бинои Муассисаи мазкур маркази омӯзишӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ кушода, фаъолияти  пурсамар дорад. Ин ҷавондухтар дар баробари он ки ба духтарони маҳаллӣ касбҳои дӯзандагӣ ва попурзаниро меомӯзад, инчунин, боз фаъолияти хуби соҳибкорӣ низ дорад. Манижабону бо ҳунари дастии хеш ба ширкатҳои як таксӣ, "Рахш", супермаркетҳои “Ёвар” ва “Пайкар” либосҳои корӣ дӯхта, пешкаши кормандони ин ширкатҳо гардондааст.        
 Мавриди зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 160 нафар духтари маҳаллӣ дар маркази мазкур ҳунар омӯхта, бо сертификати дараҷаи байналмилалидошта таъмин гаштанд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба ин марказ 8 мошинаи дарздӯзӣ дастрас  шуд. Манижабону айни ҳол барои гирифтани Гранти президентӣ  дар соли 2024 кӯшиш карда истодааст.  Ӯ мегӯяд, ки дар сурати дастгирӣ ёфтан омода аст, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва бо шуғли муносиб таъмин намудани занону бонувони бекору хонашин  саҳми  муносиб гузорад.
Заҳмати чунин  занони ҳунарманд  аст, ки  онҳо  борҳо дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд  ширкат варзида, маҳсулоти ҳунармандии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.  Талабот ба онҳо дар бозори дохилу хориҷи кишвар  беш аз пеш афзуда,  дархост пешниҳод мекунанд. Ин ҳама аз ғамхориҳо ва сиёсати оқилонаи  Сарвари давлат шаҳодат медиҳад, ки имрӯз  барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.10.2023 №: 204
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив