ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК

РӮЗИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК

25 октябр 2023, Чоршанбе
23
0

Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Рӯзи фарҳанги тоҷикон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия хабар додааст.

Дар ин чорабинӣ масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Хабаровск, Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Нюнгери Саха-Якутия, ҳамватанони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии Хабаровск ва фаъолону ҷавонон иштирок намуданд. Иштирокчиён вобаста ба арзишҳои фарҳангӣ, фарҳанг ҳамчун омили муттаҳидӣ ва василаи густариши муносибатҳои дӯстона миёни халқҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ду халқи бузург – тоҷику рус сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиш расму оинҳои мардумӣ аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи дурдаст ба намоиш гузошта шуда, ба меҳмонон доир ба аҳамияти онҳо, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ва хусусияти фарқкунандаи он иттилоъ дода шуд. Дар баробари ин, барои меҳмонон либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти занону духтарони тоҷик дар ин минтақа ба ҳисоб мераванд, ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик барои тарғиби арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву давлатии Хабаровск бо намоиши маҳсули дастранҷи худ фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ бо тарзи омода намудани онҳо шинос гардиданд. Ҳамоиш бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив