ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

30 октябр 2023, Душанбе
8
0


29-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат дар робита ба садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ба Президент ва мардуми бародари Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён карданд. Сарвари давлати мо таслияту ғамшарикии худро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин, таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф мешаванд.
Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо алоқамандии тарафҳоро ба идомаи ҳамоҳангии зичи талошҳои ҳамдигар дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив