ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАЪМУРИИ  ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ 

ШАҲРИ ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАЪМУРИИ  ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ 

19 декабр 2023, Сешанбе
17
0

13-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми марти соли 2018 ба ифтихори иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо, гузошта шуда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, бо шароити кории фароҳамшуда дар бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ шинос шуданд. Бино тибқи фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд ёфт.
Иншоот дар майдони 864 метри мураббаъ қомат афрохта, аз таҳхона ва ҳафт ошёна, ки масоҳати умумиаш 6702 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат мебошад. Бинои нави иловагии маъмурӣ 93 ҳуҷраи корӣ, чор толори машварат, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон ва ошхона барои 180 ҷой дошта, дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва толори машқи бадан мавҷуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ – Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир аст.
Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.
Дар асоси ин супориш, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми апрели соли равон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт. Марказ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз буда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои батанзимдарории фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд.   
Дар Марказ 40 корманди соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ, фаъолият мекунад. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ шинос шуда, сипас, дар толори маҷлис бо сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералӣ суҳбати самимӣ оростанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони прокуратураро ба масъалаҳои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти хариду фурӯши замин, тоза кардани сафи сохтор аз нафарони ба коррупсия дастзананда, риояи талаботҳои Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо ҷалб карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба коргарони масъули Прокуратураи генералӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин мақсад боз ҳам бештар аз худ кардани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба кормандони Марказ дастуру ҳидоятҳо доданд. 
“Шумо кормандони прокуратура бояд чашму ҳуши давлат бошед”, – таъкид карданд Президенти мамлакат дар охири суҳбат.
Супоришҳои дигар ба кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дода шуд.

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИДОРАКУНИИ  ҲОЛАТҲОИ БУҲРОНӢ
13-уми декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир муҷаҳҳаз буда, дар он барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо низоми муайяншуда имкони мусоид фароҳам аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Комиссияи ҳолатҳои фавқулода бо имкониятҳои технологӣ барои дарёфти маълумот дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳамоҳангкунии қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии он шинос шуданд.
Барои мушаххас кардани абрҳои ҷолаовар, ҳолатҳои заминҷунбӣ, тасвири ҷойи воқеа, таҳияи харитаи офати табиӣ ва имкониятҳои пайвастшавӣ ҷиҳати гузарондани ҷаласаҳои фаврии онлайнӣ аз порталҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
Бинобар тағйир ёфтани иқлим эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ бештар гардидааст. Бо назардошти ҳамин, Сарвари давлат ҳайати шахсиро ҷиҳати истифодаи муфид аз имконияти замонавии фароҳамшуда ва сари вақт пешгирию бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода вазифадор карданд.
Масоҳати бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ 1520 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сохтмони он 2-юми феврали соли 2021 оғоз шуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфт.
Иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бино толори машварат, ҳуҷраи сардори ситоди Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулода, ҳуҷраи сардори марказ, толорҳои алоқаи фаврӣ, иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ, се ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, меҳмонхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд.
Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи низоми ягонаи давлатии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода буда, барои муттаҳид намудани манбаи иттилоот, имкониятҳои мавҷудаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягона ҷиҳати идоракунии фаврӣ дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулода нигаронда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандону мутахассисонро барои омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, такмили маҳорат, сари вақт мушаххаснамоии мавзеи эҳтимолии хавфнок ва дар ҳамоҳангӣ андешидани чораҳои зарурӣ вазифадор карданд.
Назорати доимии фаъолияти марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронии раёсатҳои Кумита дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, хадамотҳои навбатдории вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ташкил, такмил ва истифодаи устувори низоми худкори иттилоотӣ оид ба масъалаҳои огоҳсозӣ аз ҳамин маркази муосир сурат мегирад.
Дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ дар марказ ба таври худкор аз имкониятҳои захиравӣ истифода бурда мешавад.
Бунёди Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ва муҷаҳҳазгардонии он бо технологияи муосир имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқи ҷаҳон ва ҳудуди мамлакат онлайнӣ тавассути порталҳо дастрас ва ҳолати воқеӣ пайгирӣ шавад.

БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ  “ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА”
13-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.
Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Тибқи маълумот, бунёди иншоот моҳи июли соли гузашта оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ, қабл аз ҳама, бо назардошти талаботи соҳавӣ,  бо ҷалби 200 бинокор ба сомон расид. Намои берунаи иншооти нав бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ оро ёфта, дар масоҳати беш аз 8 ҳазору 600 метри мураббаъ қомат афрохта, бинои асосӣ аз 5 ошёна бо таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст иборат аст. Бинои дуюм сеошёна буда, таҳхона дорад. Бинои сеюм аз ду ошёна бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ бунёд гардидааст.
Дар бинои нави Муассиса барои сабту пахши барномаҳои мустақим ва оростани мусоҳибаҳо 8 студияи муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Аз ҷумла, студияҳои алоҳида барои барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ ва барномаи  “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” ташкил гардида, саҳнаро бо диду нигоҳи тоза ва мутобиқ ба барномаҳо оро  додаанд. Алалхусус, барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Навид”, ки ҳамарӯза 6 нашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба эфир мебарояд, имконоти зарурӣ фароҳам гардидааст. Ҳамзамон, дар студияҳои мазкур таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз хариду васл шудаанд.  Дар баробари ин, дигар барномаҳои телевизион низ минбаъд дар студияҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз сабту пешниҳоди бинандагон мешавад. Ҳамчунин, дар саҳни бинои Муассиса барои сабти мавсимии барномаҳо  майдони махсус бунёд ёфт.
Гуфта шуд, ки зарфияти дигари бинои нав он аст, ки дар ин ҷо студияи алоҳидаи виртуалӣ бунёд ва бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад. Камераҳои ин студия ба таври фосилавӣ идора гардида, технологияи нав имконият медиҳад, ки  мувофиқи талаботи барнома, дар реҷаи воқеии вақт саҳнаву ороиши он иваз шавад. Дастгоҳҳои студияи виртуалӣ, ки бори нахуст дар мамлакат истифода мегарданд, аз ширкатҳои маъруфи ИМА хариду насб  шуда, барои таҳияи барномаҳои ҷолиб ва мувофиқ ба талаботи тамошобини имрӯз мусоидат хоҳад кард. Ин шеваи корбариро дар маъруфтарин шабакаҳои телевизионӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар баробари ин, Муассиса барои сабти номераҳои консертӣ ва муаррифии ҳунару истеъдоди санъаткорон, студияи алоҳидаи барҳаво бо тамоми шароит, аз қабили дастгоҳҳои муосири сабт, равшанидиҳӣ ва саҳнаҳои зебову мунаққаш дорад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар баробари студияҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои пуриқтидори соҳавӣ, дар иншооти  нав, ҳамчунин, 63 ҳуҷраи барҳавои корӣ мавҷуд буда, дар онҳо барои фаъолияти рӯзноманигорон, муҳаррирон, танзимгарон ва ҳайати техникӣ шароити зарурӣ фароҳам аст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамчунин, бахши бандубаст ва танзими барномаҳои Муассиса бо компютерҳои пуриқтидор таъмин мебошад. Инчунин, ҳар идора танзимгоҳ ва ҳуҷраи сабти овоз  дорад.  
Тарҳ ва намои берунаву дохили бинои нави "Телевизиони Сафина"-ро бо диду нигоҳи тоза ва дизайни замонавӣ оро додаанд. Аз ҷумла, иншоот дорои лифт ва роҳравҳои барҳавою зебост. Ҳамчунин, иншоот китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво дошта, дар он ҳуҷраҳои алоҳидаи наттоқон ва пардозгарӣ ташкил гаштаанд. Иншоот ба системаи шаҳрии гармидиҳӣ низ пайваст аст.
Аз он ки варзиш дар баробари омили ҳифзи солимӣ буданаш, ҳамчунин, василаи зебоӣ ҳам ҳаст, дар Муассиса толори варзиш бо тамоми дастгоҳҳои муосири машқу тамрин ташкил ёфт. Вақтҳои холӣ кормандон метавонанд, ки ба хотири пешбурди тарзи ҳаёти солим аз он истифода баранд. Ҳамчунин, бо қомат афрохтани бинои нав, маъмурияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ҳадаф доранд дар оянда шабакаи радиои “Сафина”-ро ифтитоҳ намуда, барои шунавандагон барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ пешниҳод созанд.
Бо истифода аз шиша ва дигар маҳсулоти баландсифати сохтмонӣ оро додани бино ҷолиб буда, дар саҳни ҳавлии муассиса фаввораҳои зебо ҷойгиранд. Хусусан, шомгоҳон иншооти мазкур зинати дигар дорад, зеро ҳудуди он бапуррагӣ ҷароғону тарҳи зебои он муосиру замонавист.
Бинои нави Муассиса бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ифтитоҳ ёфта, натиҷаи амалишавии  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Он аз ҷониби ширкати “ТГЭМ” бунёд гардида, ба "Телевизиони Сафина" туҳфа шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулон ва кормандони Муассисаро вазифадор сохтанд, ки имконоти мазкурро барои таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ, омодакунии кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ, расондани хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ ва сабту пешниҳоди мусоҳибаву гузоришҳо дар мавзуъҳои рӯз самаранок истифода бурда, барои таблиғу муаррифии фарҳангу санъати асили миллӣ ва баланд бардоштани завқу салиқаи тамошобинон ҳамаҷониба саъю кӯшиш намоянд.

Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив