ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

17 август 2023, Панҷшанбе
67
0


 
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ ДАР МАҶМААИ САЙЁҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ “ЧОРЧАМАН”
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи сайёҳию истироҳатии “Чорчаман” аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дидан намуданд.
Дар растаҳои алоҳида маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили калсит ва маводи аз он истеҳсолшаванда, мармар, маҳсулоти пластикӣ, бомпӯш, рангҳои ороишӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ордӣ ва меваю сабзавоти хушки босифат ва замонавӣ бандубастшуда, обҳои ташнагишикан, армуғонҳо ва ғайра ба тамошо гузошта шуда буданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулот, аз ҷумла ба тарзи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалӣ бандубаст шудани меваю сабзавот, баҳои баланд дода, барои тарғиби бештари намудҳои гуногуни ин номгӯи маҳсулот ба масъулон дастури мушаххас доданд. Бо назардошти фаровонии гулу гиёҳ дар кӯҳсори вилоят соҳибкорони ватандӯст дар Парки инноватсионию технологии ноҳияи Дарвоз корхонаи “Гулоба” ташкил намуда, истеҳсоли атриётро ба роҳ мондаанд, ки дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти он муаррифӣ шуд. Ин таҷриба, яъне истеҳсоли маҳсулоти атторӣ, дар кишвар бори аввал ба роҳ монда мешавад.
Занбӯриасалпарварӣ аз шуғли асосии сокинон маҳсуб меёбад. Асали табииро бо усули махсус ва сифатнок бандубаст намудаанд, ки таваҷҷуҳи харидорро дар бозор ба худ ҷалб месозад.
Дар ноҳияи Дарвоз ба ин самт аҳамияти хосса зоҳир намуда, асалро дар бастаҳои диққатҷалбкунанда пешкаши харидор менамоянд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди парвариш ва истеҳсоли моҳии сурх, ки оянда дар Дарвоз ва дигар минтақаҳои мувофиқ ба роҳ монда мешавад, муаррифӣ гардид.
Гуфта шуд, ки парвариши моҳии сурх дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз роҳандозӣ нагаштааст ва ин нақша бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи нав амалӣ мешавад. Моҳии сурх, асосан, баҳрист. Мутахассисон бо пайдо намудани роҳҳои нав парвариши онро дар Тоҷикистон имконпазир донистаанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти коргоҳу  корхонаҳои дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хосса қолинбофӣ, диққати мардумро ба худ кашид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дастии занону духтарони ноҳияи Дарвоз мароқ зоҳир намуда, ҷалби бештари ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ муҳим шумурданд. Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, бозёфтҳои таърихӣ, аз ҷумла лавозимоти рӯзгор, ки аз ҳудуди шаҳраки Дарвози қадима - қалъаи Карон пайдо гардидаанд, ба маъраз гузошта шудаанд. Маҷмааи сайёҳию истироҳатии “Чорчаман” дар Тоҷикистон аз ҷойҳои писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбад. Табиати рангин, гулу дарахтони зебо ва шаршараю дарёи пуртуғёни ин мавзеъ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвозро назаррас арзёбӣ карда, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табиии мавҷударо амри муҳим шумурданд.
 
ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОН ВА МУАРРИФИИ БИНОИ  МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАВ
16 август, дар рӯзи дуюми сафари корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди хуштарҳу замонавии кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои муосири муассисаи томактабӣ сеошёна буда, барои 200 ҷой пешбинӣ гардидааст ва кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакистон дорои синфхонаҳои барҳаво барои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, нуқтаи дастшӯӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, тиббӣ, анбор барои нигаҳдории хӯрокворӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар кӯдакистони нав 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҷараёни таълим дар боғча ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, синфхонаҳо бо аёниятҳои таълимӣ ва воситаҳои дигари фароғатӣ таъмин мебошанд.
Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки оянда омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд гардид. Бинои муосири хуштарҳ дар ноҳияи Ванҷ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1772 метри мураббаъ, қомат афрохта, ба шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Кӯдакистони нав дар ноҳияи Ванҷ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, иқдоми муҳим ва зарурӣ дар татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои кӯдакистон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамомада барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ садоқатмандона фаъолият намоянд.
Кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супурдани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард. Дар идомаи боздид аз кӯдакистони нав, дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат бинои навбунёди маркази хизматрасонӣ муаррифӣ гардид.
Иттилоъ доданд, ки сохтмони он моҳи майи соли 2019 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ оғоз гашт ва дар масоҳати 1500 метри мураббаъ қомат афрохт.  Иншооти хизматрасонии муосир дар маркази ноҳияи Ванҷ дуошёна буда, дорои меҳмонхона бо 9 ҳуҷра ва 18 ҷойи хоб, ҳаммом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн мебошад.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маркази хизматрасонӣ ба маблағи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Ванҷ 15 ҷойи кории нав таъсис ёфта, мутахассисон ва сокинон ба кори доимӣ ва маоши хуб дар иншооти мазкур, таъмин гардиданд.
 
МАРКАЗИ ЭҶОДИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ карданд.
Бино дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар масоҳати 816 метри мураббаъ қад кашид.  Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом доданд.  Дар Марказ 7 омӯзгори соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шудааст ва онҳо дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд. Марказ дорои шароити муосир буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 144 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 4 маҳфили эҷодӣ амал мекунад, ки аз 16 гурӯҳи таълимӣ иборат мебошад.
Мувофиқи лоиҳа, дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 8 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мегарданд. Бино аз маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, пухтупаз ва меҳнат иборат аст. Дар китобхона 500 номгӯйи китобҳои бадеию таълимӣ мавҷуданд. Раванди таълим бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда мешавад. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо шабакаи гармидиҳӣ, камераҳои назоратӣ ва дигар техникаи муосири маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бунёди Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи дурдасти Ванҷ аҳамияти хосса дошта, барои таҳким бахшидани қобилият ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон заминаи мусоид мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон масъулонро барои ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани кӯдакону наврасон, ташкили маҳфилҳо, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.
 
БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ВАНҶ ИФТИТОҲ ЁФТ
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 корманд пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюм   ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер таъминанд.
Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино мавқеъ ёфта, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронда шаванд. Ҳамчунин, дар бино меҳмонхонаи хурд ҳам ҳаст, ки  аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо рахти хоб таъмин аст. Масоҳати бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ беш аз 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои навбунёд бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин аст. Атрофи бино чароғон ва сабзу хуррам аст ва он ба симои маркази ноҳия зебоии хос зам менамояд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф барои кормандони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун кормандони маориф имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб гузоранд. Фармоишгари бино Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияи информатсионӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ ВАНҶ
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ аз намоиши дастовардҳои кишоварзон дидан карда, бо деҳқонону боғпарварон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба тамошо гузошта шуданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ноҳия 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар он 120 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо 3217 саҳмдор дар 1458 гектар замини обӣ кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.  Дар маҷмуъ, заминҳои корами ноҳия бештар аз 2 ҳазору 600 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, зиёда аз 1000 гектари онро боғу себзор дар бар мегирад.
Кишти такрорӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мешавад, имсол дар 60 гектар гузаронда шуд. Бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ, соли ҷорӣ дар ноҳия дар масоҳати 5 гектар боғи нав бунёд гардида, ҳамзамон, дар масоҳати 10 гектар боғҳои куҳна бо шинондани дарахтони мевадиҳанда барқарор шуданд. Кишоварзон бо заҳмати худ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт дар таъмини бозорҳои Ванҷ ва ноҳияҳои гирду атроф саҳми назаррас доранд.
Ванҷ барои парваришу истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ иқлими мусоид дошта,  дар даврони  соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила масоҳати заминҳои кишт зиёд  карда  шуданд.  Мавриди зикр аст, ки дар ин давра бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ кишти навъҳои нави меваю сабзавот ва зироати донагӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳамасола аз он хоҷагидорону кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳия дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд. Тибқи маълумоти оморӣ, 85-90 дарсади аҳолии ноҳия ба кишоварзиву чорводорӣ ва боғдориву рустанипарварӣ машғул буда, даромади онҳо аслан аз ҳамин манбаъ сарчашма мегирад.
Зимни суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, фаъолиятро аз рӯи таҷрибаи андӯхтаашон боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ хоҳанд монд. Хоҷагидорони ноҳияи Ванҷ ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат уҳдадор шуданд, ки  бо заҳмати аҳлона дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Фаровонии маҳсулот дар намоишгоҳи мазкур далели возеҳи он аст, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ Ҷашни муҳиму бузурги миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовору арзанда дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт сазовор истиқбол мегиранд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ВАНҶ
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ ва ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзи сипос намуданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат як гурӯҳ сокинон, кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 Умар Орзуев ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Заррина Музаффарова, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи бебозгашт ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар баромад карданд.
 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА 
16 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа, нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқи обии “Себзор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони зеристгоҳи барқии НБО “Себзор” аз тарафи паймонкори лоиҳа ҶДММ “Мадад” моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфта, айни замон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз озмоиш зеристгоҳ аз тарафи фармоишгар қабул шуд. Шиддати зеристгоҳи барқии НБО “Себзор” 110 киловолт буда, дар он 4 трансформатор – ду трансформатори асосӣ бо тавоноии 15 мегаволтампер, трансформатори 35/10-киловолтаи тавоноияш 2,5 мегаволтампер, трансформатори сарфиёти худии 35/04-киловолтаи тавоноияш 160 киловолтампер насб гардидааст. Фармоишгари иншоот ҶСК “Помир энерҷи” мебошад. Таҳиягари лоиҳа ҶДММ “Энергосетпроект” буда, бо маблағгузории шарикони рушд бунёд ёфт.
Масоҳати зеристгоҳ 3 ҳазору 696 метри мураббаъро ташкил дода, тавассути се хатти интиқоли барқ ба шабакаҳои умумӣ пайваст мебошад. Зеристгоҳи нав имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ ҳангоми сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 мВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин шавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоӣ хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Себзор – Хоруғ”,“Ванҷ – Рӯшон” ва дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи офтобиро мавриди истифода қарор доданд. Хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Себзор – Хоруғ” 18 километр тул дошта, зеристгоҳҳои 110-киловолтаи “Себзор”-и ноҳияи Роштқалъа ва “Хоруғ”-и шаҳри Хоруғро бо ҳам мепайвандад. Корҳои сохтмонӣ дар ин хатҳои интиқоли барқӣ аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2022 ҷараён доштанд. Бунёди хатҳои интиқолиро, ки аз 72 сутунпоя иборат мебошад, ширкати сохтмонии “Саҷар” ба анҷом расонд. Дарозии хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Ванҷ – Рӯшон” бошад, ба 57,3 километр баробар мебошад ва зеристгоҳи 110-киловолтаи “Даштак”-и Ванҷро бо зеристгоҳи 110-киловолтаи “Вознавд”-и Рӯшон мепайвандад. Сохтмони ин хатҳои интиқолиро ҶДММ “Марбут” ва ҶДММ “Бадахшон ТАДЕС” ба анҷом расонданд.  Хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи “Ванҷ – Рӯшон” тавассути 250 сутунпоя мегузарад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоӣ бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб шинос шуданд.
Тавре иттилоъ доданд, неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 киловатт ва системаи захираи энергия дар батареяҳо 1200 киловатт/соат бунёд ёфта, масоҳаташ 12 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Дар он 1060 батареяи офтобӣ насб гардидааст. Бояд гуфт, ки энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода шуда, аз лиҳози экологӣ тоза аст ва дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди зеристгоҳҳои барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Ватан изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки дастрасӣ ба энергия, хусусан барои минтақаҳои кӯҳистон, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дорад.
 
ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ НБО “СЕБЗОР” 
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” боздид намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ дар бунёди зеристгоҳи 110-киловолтаи НБО “Себзор”, бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Мадад” ва ҶДММ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” маҷрои дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста ва об аз тариқи канали муваққатии обгузар сар дода шуд. Баъди дигар кардани маҷрои дарё, корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии неругоҳ оғоз ёфтанд. Сарбанди асосии Неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши об 5 миллион мукаабро ташкил хоҳад дод. Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура, аз шаҳри Душанбе дастрас мегардад.
Коргарони ҶДММ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли бетон ташкил кардаанд. Дар маҳали сохтмон бунёди коргоҳи истеҳсоли қуму шағал дар арафаи анҷомёбист. Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди Неругоҳ дар ин мавзеъ беасос нест, зеро суръати ҳаракати об дар ин ҷо нисбатан тез буда, дар фасли зимистон ях намебандад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.
Сохтмони Неругоҳ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, аз се агрегат иборат мебошад. НБО “Себзор” бо иқтидори 11 мВт бунёд мегардад ва дар маҷмуъ, барои сохтмони ин иншоот то 300 нафар бо кор таъмин хоҳад шуд.
Неругоҳи “Себзор” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Ҳукумати Олмон ва ширкати “Помир энерҷи” бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад. Сохтмони он ба рушди минбаъдаи саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои нави кор, замина фароҳам меорад.
Дар доираи лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” дар дарёи Шоҳдара 17 хоҷагии шахсӣ ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуда, бо манзили зист таъмин гардиданд. Бунёди бинои маъмурӣ барои сохтмончиён ва роҳҳои муваққатӣ дар назди иншоот бо ҷалби зиёда аз 60 бинокори маҳаллӣ сурат гирифт. Дар баробари ин, барои тезондани корҳо оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Шоҳдара, ки барои бунёди Неругоҳи “Себзор” хеле муҳим мебошад, ҷиҳати бунёди бинои муосири мактаби маҳаллӣ низ, барои 400 хонанда тадбирҳо андешида мешаванд. Дар баробари бунёди Неругоҳ дар ин ҷо аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа 4 километр роҳ асфалтпӯш гардида, пули мошингузари деҳаи Даштак навсозӣ мешавад.
Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва дар муҳлати муайяншуда вазифадор намуданд. НБО “Себзор” ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, дар рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХОНАҲО БАРОИ АҲОЛИИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъа хонаҳои навро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода доданд.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба соҳибонашон супурда, аз шароити  маишии ҳуҷраҳо дидан намуданд. Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёду оро ёфта, барои зиндагонӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Дар мавзеи нав баҳри бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида беш аз як гектар қитъаи замин ҷудо шуда, барои 10 оила хонаи истиқоматӣ бунёд ёфтааст.  Корҳои сохтмонӣ бо дастгирӣ ва таҳти таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар муҳлати як моҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.  
Тибқи иттилоъ, ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 6 садяк замин ҷудо шуда, дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагонӣ муҳайё мебошад. Хатти алоҳидаи барқ, оби нӯшоӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард аз ҷумлаи дигар корҳое ба шумор мераванд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба анҷом расиданд.   
Сарвари давлат, зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, барқарор намудани хисорот ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад. Сокинон, дар навбати худ, ба Пешвои миллат барои расондани кумакҳои саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъминот бо хӯрок ва ҷиҳози зарурӣ миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд. Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз 27 июни соли равон ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фуромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шоҳдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб шуда, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки ба аҳолӣ расидааст, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор гардид. Кумаки роҳбарияти Ҳукумати мамлакат боис шуд, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ сари вақт оғоз ёфта, бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои муосири меъморӣ анҷом дода шавад. Дар назди хонаҳои истиқоматӣ барои истироҳату фароғати сокинони деҳаи Анҷин майдончаи варзиш ва ҷойи бозии кӯдакон бунёд гашт. Дарозии майдончаи варзиш 30 ва паҳноияш 20 метр буда, барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол мувофиқ мебошад. 
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ 
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои замонавӣ сеошёна буда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосир таъминанд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Роштқалъа мусоидат мекунад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ шуруъ гардида, бо ҷалби беш аз 60 нафар сокинони маҳалӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имконоти фароҳамшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.   
Бинои нави шуъбаи Агентӣ аз даҳ ҳуҷраи барҳавои корӣ, чор синфхонаи омӯзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимист. Минбаъд сокинони ноҳияи Роштқалъа дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, дӯзанда, технологи компютерӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар шафати бинои мазкур иншооти иловагӣ сохта шудааст, ки барои омӯзиши нозукиҳои касби таъмири воситаҳои нақлиёт пешбинӣ мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки акнун дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола то ҳазор нафар шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ ҷалб мегарданд. Бино ва саҳни он зебову назаррабо буда, дар атрофаш роҳравҳо сохта шудааст. Иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.
 
КУШОДАШАВИИ БИНОИ КДФ “БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ” 
16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави маъмурии  дуошёна дар масоҳати 156 метри мураббаъ доман густурда, дорои 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона мебошад. Сохтмони иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд шуд.
Дар Кумитаи идораи замини ноҳия ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” 14 нафар фаъолият мекунад. Кормандон аз беҳтар шудани шароити корӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Давоми панҷ соли охир Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бинои маъмурии зерсохтори Кумита дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшонро пурра таъмиру навсозӣ кард. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат шароити кории кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон низ беҳтару хубтар гардид. То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳам бинои нави маъмурии Кумита ба истифода дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бино шинос шуда, аз бунёди иншоотҳои маъмурӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъаро ба фаъолияти хубу босамар ҳидоят карданд.
Санаи нашр: 17.08.2023 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив