ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ САРВАКИ АШТ

МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ САРВАКИ АШТ

19 декабр 2023, Сешанбе
41
0


Деҳаи Сарваки Тоҷикистон дар тобеияти деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт буда, бо нуфуси зиёда аз 700 нафар чун мавзеи анклав дар ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳамаҷониба дастгирӣ кардани маҳалҳое, ки бо шаҳрвандонаш чун анклав дар ҳудуди кишварҳои ҳамсоя мебошанд, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони идораи асосии сохтмони вилояти Суғд ба деҳоти Пунук сафари корӣ анҷом доданд. 
Шӯҳрат Муҳаммадзода дар доираи сафар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №56-ро дар деҳаи Чароғон (Сарвак) мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Раиси ноҳия ва меҳмонон бо шароити таҳсил дар бинои нав ошно шуданд. 
Гуфта шуд, ки бинои мактаб ба бозсозӣ эҳтиёҷ дошт ва хонандагон дар рӯзҳои сард мушкилӣ мекашиданд. Акнун, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ин мушкилот пурра ҳалли худро ёфт.
Бино дорои 8 синфхона буда, барои 200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Барои бунёди бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ хароҷот шуда, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд иҷро гардидааст.
Раиси ноҳия бо хонандагон мулоқот анҷом дода, зикр намуд, ки бар ивази ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат бояд илму дониш омӯзед.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив