ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

26 декабр 2023, Сешанбе
17
0


22-юми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти тозабунёд аз 13 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, як қатор марказҳои тиббию тандурустии ҷумҳуриявӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Вазорат ҷойгиранд.
Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти навбунёд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир аст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни таълими як қатор табибони мамлакат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо тариқи онлайн шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимию созанда доир карданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибони ҷавони мамлакат, ки дар хориҷа донишу таҷриба меомӯзанд, даъват ба амал оварданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, илмҳои муосирро омӯзанд ва ба Ватан баргашта, бар нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Дар Марказ, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, толорҳои телетибу машварат ва дигар бахшҳо ҷой гирифта, барномасозону мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ муҳайёст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷрибаву сармутахассисони соҳавии Вазорат зимни баргузории амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибони минтақаҳои гуногуни кишвар тавсияву машваратҳои онлайнӣ медиҳанд.
Зикр шуд, ки дар бинои маъмурӣ ошхона бо 200 ҷой, маҷлисгоҳ барои 400 нафар, толори варзиш, китобхона, бойгонӣ, толорҳои барҳавою замонавии баргузории мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои соҳавӣ ва дигар макони маишиву фароғатӣ барои кормандон мавҷуд мебошанд.
Бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода гардид.
Фармоишгари бунёди иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи лоиҳаи  ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ба истифода дода шуд.
Паймонкорони асосии бунёди иншоот ширкатҳои ватании сохтмонии “Фаввора”, “Самар СН” ва “Инкишоф Сохтмон” мебошанд.
Дар ҷараёни сохтмон аз 450 то 650 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат аз коргарону масъулони ин бахш даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.
Дар навбати худ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро иброз доштанд.

ШИНОСОИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАҚШАИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ ВАЗОРАТҲО
22-юми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нақшаи биноҳои нави вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи бунёди вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои навро муайян карда, ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки тавассути такмил додани лоиҳа барои фаъолияти кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва саноат тамоми шароит фароҳам оварда шавад.
Бинои нави Вазорати маориф ва илм бо назардошти фароҳамсозии шароити хуби кору фаъолият барои зерсохторҳои вазорат сохта шуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ таъмин карда шавад.
Бинои нави Вазорати фарҳанг мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дорои ҳуҷраҳо барои фаъолият ва толорҳои барҳаво барои гузарондани чорабиниҳо мебошад.
Баъди бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав имкон фароҳам мешавад, ки кормандон аз шароити замонавӣ барои фаъолият, аз ҷумла ҳуҷраҳои мувофиқ, толорҳои барҳаво барои гузарондани чорабиниҳои гуногун, баҳравар шаванд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони дахлдори соҳа супориш доданд, ки сохтмони биноҳои нави вазоратҳоро бо назардошти тарҳи баланди меъмории замонавӣ, босифат ва мусоид барои кору фаъолият ба анҷом расонанд.
Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Суди Олӣ, Вазорати адлия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо идома дошта, соли 2024 ба истифода дода мешаванд.
Ҳоло дар асоси нақшаи генералӣ, мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ, дар шаҳри Душанбе бунёди иншооти гуногуни маишию хизматӣ ҷараён дорад, ки аз рушди босуръати пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат дода, ба ҳамин восита ба пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ замина гузошта мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, таҳкими созандагиҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт намунавӣ арзёбӣ карда, роҳбарияти шаҳри Душанберо барои ҳамин гуна таъмин кардани раванди бунёдкориҳо, беҳтар намудани шароит ҷиҳати кору хизматрасонӣ ва омодагии комил ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифадор карданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ ОШ 
22-юми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт бинои зебову замонавии Маркази ошро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфт. Иншоот аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, аз раванди омода намудани ин навъи таоми миллӣ, ки аз сӯи таббохони моҳир дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ дам андохта шуда буд, дидан карданд.
Гуфтан бамаврид аст, ки ош яке аз хӯрокҳои болаззати миллии тоҷикон буда, соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардид.
Марказ дорои ду ошхона, толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот ва дигар шароити муосири хизматрасонӣ, аз ҷумла мониторҳои намоишӣ, таъмин мебошад. Дар Марказ, ҳамчунин, ду толори хурд ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, 550 ҷойи нишаст дорад. Дар ин макон, асосан, барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.
Тарабхонаи миллии оилавӣ дар қабати дуюми марказ ҷойгир буда, дорои 290 ҷойи нишаст аст. Ҳамчунин, дар ин толор чор ҳуҷраи алоҳида барои мизоҷону меҳмонон ташкил шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин толор бо намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар, ки аз аввалин меҳмонони Марказ буданд, суҳбат намуда, аз маҳбубият ва лаззати беназири таомҳои миллӣ ёдовар гаштанд.
Таъкид рафт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон маъруф буда, санъати таббохии тоҷик тайи садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфт.
Толори маҳфилу чорабиниҳои Марказ дорои 220 ҷойи нишаст буда, бо нақшу нигори миллӣ ва насби мониторҳои калонҳаҷм бо ҳашамати беназираш барои ҳар як бинанда диққатҷалбкунанда мебошад. Дар он қандилҳои хурду бузург бо рангҳои гуногун, зиёда аз 200 чароғи равшанидиҳанда, монитор барои пахши мустақим ва намоиши барномаҳо насб гардидааст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор шудани ҳар гуна ҷамъомаду чорабиниҳо мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ, Маркази ош имкон дорад дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароит ва имконоти фароҳамгардида, кормандону масъулонро ба муомилаи хуб бо мизоҷону меҳмонон, муаррифии санъати баланди меҳмоннавозии тоҷикона, фарҳанги дастархонороӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар асоси талаботи байналмилалӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳанги пурғановати миллати тоҷик роҳнамоӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири хизматрасонӣ аз рӯи лоиҳаи КФ КВД “Лоиҳакаш” соли 2021 оғоз ёфта, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. Бо ифтитоҳи Марказ 200 нафар, аз ҷумла 90 ҷавон ба ҳайси пешхизмат дар ду баст, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Бинои иншооти хизматрасонӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, лифт низ дорад. Дар атрофи бино дар масоҳати 3500 метри мураббаъ таваққуфгоҳ барои 150 воситаи нақлиёт сохта шуд. Роҳравҳои атрофи марказ сафолакпӯш буда, гулу ниҳолҳои ороишии шинондашуда ба гаштугузор ва истироҳати сокинону меҳмонон тароват мебахшанд. Шабона ин гӯшаи шаҳри Душанбе аз равшаннамоии Марказ зебоии хоса мегирад.  
Бунёди ин Маркази беназири хизматрасонӣ дар пойтахти мамлакат барои муаррифии бештари таомҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, фарҳанги меҳмоннавозии хоси тоҷикона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо имконот ва шароити замонавии хизматрасонии Маркази ош, ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Умарҷон Алимадов барои дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва дар ин замина фароҳамсозии ҷойҳои нави кор барои сокинон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати таъсиси чунин марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.   

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив