ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

29 декабр 2023, Ҷумъа
10
0


27-уми декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар оғоз бо қарорҳои дахлдор тартиби кор, котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 32 масъала тасдиқ шуд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»-ро, ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул шудаанд, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуда, дастгирӣ карданд.
Бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло бинобар вафоташ қатъ ва аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд шуд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив