ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ДУРНАМОИ РӮЗГОРИ ПУРФАЙЗ ВА МУНАВВАР

ПАЁМ. ДУРНАМОИ РӮЗГОРИ ПУРФАЙЗ ВА МУНАВВАР

05 январ 2024, Ҷумъа
67
0


Саодати мардуми тоҷик аст, ки пайваста дар поёни ҳама сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2023, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир аз он паём мерасонад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва, махсусан минтақа, хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои вуруд ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.
Таҳлили дақиқу амиқ ва ҳамаҷонибаи фаъолиятҳои иқтисодиву саноатӣ, иҷтимоӣ, сохтмону бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таҳаққуқи барномаҳои марбут ба саноатикунонии кишвар ва амсоли ин низ гувоҳ бар ҳақиқати андешаҳои санҷидаву мустанади Пешвои миллат дар мавриди натиҷагириҳои муваффақона аз соли рафта ба шумор мераванд.
Муҳимтарин ҷанбаи Паёми навбатӣ, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогирии масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир тавассути сабзу хуррам гардондани муҳити зист, такмили маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ мебошад. Андешаву афкори санҷидаи Сарвари давлат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, хоса шинохти қадри модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба ёди каломи бузургону мутафаккирони барҷастаи адабиёти гузаштаамон мебарад. Ин ҳикмат ва андеша бори дигар собит месозад, ки таҷрибаҳои  ҳосилшуда аз мулоқоту суҳбатҳо бо мардум дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба тамоми манотиқи кишвар Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти ватандӯст, инсонпарвар, соҳибназару соҳибфазилат муаррифӣ менамояд ва ин андешаву афкор дар оянда ба хазинаи ҳикмати ҷовидони миллати тоҷик ворид шуда, дар такмили ахлоқи башарӣ чун андарзи абадӣ ҳазорсолаҳо  хидмат хоҳад намуд.
Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба масъалаи истифодаи имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии кишвар бо мақсади пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ қобили мулоҳиза мебошад. Хоса, руҷуъ ба унсурҳои фарҳанги бостонии тоҷикон ва мусоидат дар ташаккули онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин имконияте ба шумор оварда шуд, ки ба раванди такмили ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари сайёҳон таъсиргузор хоҳад буд. Ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва маънавии ЮНЕСКО ворид шудани 15 ёдгории таърихӣ худ далели возеҳи анҷоми барномаҳои бузург дар ин арса аст. Дар иртибот ба раванди боз ҳам такмили корномаҳои бузург дар ин арса Президенти маҳбуби мамлакат чунин таъкид доштанд: “Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад”.
Таъсис ёфтани чунин ниҳоди муҳим дар низоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад, ки масъалаи ҳифз ва таҷдиду тармими ёдгориҳои таърихии кишвар дар сатҳи нав ба миён гузошта шавад.
Руҷуи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ аз нукоти арзишманде ба шумор меояд, ки ҷанбаҳои маънавии Паёмро боз ҳам барҷастатар ба намоиш мегузорад. Маълум аст, ки ба таъкиди Пешвои миллат: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.”
Дар ин робита, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати тақвият ва истифодаи босамари сармояи инсонӣ тадбирҳои зарурӣ биандешанд. Дар меҳвари ин дастуру раҳнамоиҳо боз ҳам таваҷҷуҳ ба масъалаи такмили савод ва маънавиёти ҷомеа қарор гирифт ва, аз ҷумла таъкид шуд, ки маҷмуи тадбирҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла баргузории чандин озмунҳои маърифатӣ дар кишвар маҳз ба хотири такмили маърифат ва маънавиёти мардум аз сар гирифта шавад. Вобаста ба ин, дар назди омӯзгорону устодон, донишмандону олимон вазифаҳои муҳим гузошта шуданд, то дар оянда ҷиҳати тарбия ва камолоти шогирдон, хоса омода намудани олимон дар риштаҳои улуми дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ иқдомҳои шоиста аз сар бигиранд. Баробари ин, баланд бардоштани сифати таълим, таваҷҷуҳи хоса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот омили муҳими такмили маънавиёти ҷомеа ва меъёри мутобиқгардонии низоми таҳсилот дар Тоҷикистон ба низомҳои пешқадами ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад. 
Мо, омӯзгорону устодони макотиби таҳсилоти миёнаву олиро зарур аст, ки дар навбати аввал аз ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хулосаҳои даркорӣ бароварда барои дар амал татбиқ намудани онҳо аз маҷмуи имконоти мавҷуда босамар истифода намоем, зеро таҳаққуқи ин дастурҳои фардосоз яке аз вазифаҳои муҳим ва рисолати бузурги аҳли зиё ба шумор меравад.
Соли 2024 дар таърихи давлатдории миллии мо бо ҳузури чанд рӯйдоди муҳим ва нодир, ки яке аз онҳо таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, нақши зарҳалӣ хоҳад гирифт. Аз ин рӯ,  яке аз нуктаҳои меҳварие, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар иртибот ба ин рӯйдоди бузурги таърихӣ таъкид гашт, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Таъкид хоса ба масъалаи қабули Конститутсия, ки воқеан, таҷрибаи нодири қонунэҷодкунии Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро бар пояи арзишҳои миллӣ ибтидо бахшидааст, бозгӯи он аст, ки дар марҳалаи нави таърихӣ ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва сарчашмаи низоми қонунгузории миллии Тоҷикистон тавонист мақоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро дар арсаи байналмилал баланд бардорад. Аз ин рӯ, эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили низоми қонунгузорӣ, иртифои сатҳу муҳтавои қонунҳои ба шароити нави таърихии таҳаввулоти Тоҷикистон мутобиқ нақши муассир хоҳад гузошт.

Нуралӣ НУРЗОД,
директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Б. Ғафуров

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив