ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ ҒОЯҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ

ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ ҒОЯҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ

10 январ 2024, Чоршанбе
43
0


Ба андешаи ман, мо сокинони хушбахти яке аз кишварҳои сайёраи Замин ҳастем. Чунки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгар ва роҳнамои хирадманди мо буда, ҳатто, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташабусскорӣ ва ояндабинии ин марди хирадро эътироф намудааст. Тоҷикистони ҷангдидаро ба як мамлакти мустақили рӯ ба тараққӣ табдил додан, ҳадафҳои стратегии бузурги давлатро татбиқ намудан ва бар замми ин, барои ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми худро гузоштани Президенти мо далели гуфтаҳои болост.
Тоҷикистон соли 1992 узви СММ гардидааст ва бо сарварии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои фаъоле мебошад, ки дар ҳалли  масъалаҳои глобалӣ бетараф нест. Пешвои миллат барои ҳаллу фасли мушкилоти сайёра пешниҳодҳои судманд карданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.
То имрӯз СММ бо ибтикори Тоҷикистон якчанд қатънома  марбут ба об қабул кардааст. Аз ҷумла, Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”.  Қобили зикр аст, ки иқдомҳои марбут ба об дар ҳалли мушкилоти мавҷуда заминаҳои хубе фароҳам овардаанд. 
Имрӯз инсоният барои беҳтар кардани шароити зиндагии худ ба кашфиётфҳои бузурге ноил мегардад. Аммо нуктаи дигареро ҳам бояд ба назар гирифт, ки баъзеи онҳо бар зарари сайёраамон мебошанд. Яке аз мушкилоти муҳими сайёра ин афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ аст, ки тибқи таҳқиқоти олимон, ин ба системаи глобалии иқлим, аз ҷумла ҳарорати ҳаво, намнокӣ, обу ҳаво, гардиши ҳаво ва уқёнусҳо таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз пайомадҳои манфии он обшавии пиряхҳо мебошад.  Ин масъала ба тамоми сайёра, аз ҷумла ба давлати мо, сахт марбут аст, зеро пиряхҳои Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ки онҳо низ об шуда истодаанд.  Обшавии пиряхҳо боиси нигаронии тамоми кишварҳо гардида, дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд: “Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. 
Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи мо як ҳазораш пурра  аз байн рафтааст”.  
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади навбатии худ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи мазкурро яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  эълон карда шавад. Ин ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби 153 кишвари узви СММ пазируфта шуда, 14-уми декабри соли 2022 аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ҳамчунин, аз соли 2025 сар карда, ҳамасола  21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Ин ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об  мебошад. Бо назардошти ин ташаббус, соли 2025 дар пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад. 
Воқеан ҳам, бо гармшавии иқлим дар сайёра обшавии босуръати пиряхҳо  мушоҳида шуда, ин омил, ҳамзамон, боиси пастшавии истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ, камшавии захираҳои об, норасоии оби ошомиданию ирригатсионӣ дар баъзан  кишварҳои дунё   мегардад.
Пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки дар баробари дигар сарватҳои табиии барои зиндагии инсон арзишманд, дар масъалаи истифода ва ҳифзу нигаҳдошти манбаъҳои обӣ бетаваҷҷуҳ набошанд.
Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои зулол қарор дошта, ҳамчун кишвари дорои пиряхҳои бузургҳаҷм ҳамеша дар фикри самараноку мақсаднок истифода гардидан ва ҳифзи ҷаҳонии ин манбаъҳост.
Аз далелҳои болозикр ба хулосае меоем, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор доранд ва ин гувоҳи ояндабинӣ ва ташаббускории Сарвари давлат мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Пешвои миллат дар бартараф кардани масъалаҳои мубрами сайёра ҳадафнок ва наҷотбахшанд. 
Дастгирии ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо нуфузу эътибори давлати соҳибистиқлоли моро дар сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бардошта, ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ  кишвари пешгом аст.

Шодмон НУРМАТОВ

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив