ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “КУРУШНОМА”-И КСЕНОФОНТ. ЧОПИ КИТОБИ НАВ АЗ СИЛСИЛАИ “ТОҶНОМА” 

“КУРУШНОМА”-И КСЕНОФОНТ. ЧОПИ КИТОБИ НАВ АЗ СИЛСИЛАИ “ТОҶНОМА” 

10 январ 2024, Чоршанбе
22
0


Аз силсилаи  “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун), ки бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол боз роҳандозӣ мегардад, боз як китоби арзишманд нашр шуд. Бо талошу кӯшишҳои доктори илмҳои фалсафӣ, устод Рамазон Назриев “Курушнома”-и донишманди Юнони бостон Ксенофонт аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума гашта, дар хидмати хонанда қарор гирифт.
Хонандагони огоҳ медонанд, ки “Куруш-нома”-и Ксенофонт асарест, ки рӯзгори сарлашкар ва шоҳаншоҳи Порс - Курушро тасвир мекунад. Ин асари шарҳиҳолӣ ва дастурномаи идорӣ ва роҳбарӣ таъбир мешавад ва дар бораи шахсияти Куруши Бузург маълумоти ҷолиб медиҳад, ҳамзамон, он аз аввалин манобеи муътамади хаттист, ки шахсияти Курушро дар қаламрави хориҷ аз ҳудуди давлати Ҳахоманишиён муаррифӣ мекунад.  
Ксенофонт файласуф, муаррих ва сарбози юнонӣ буд, ки соли 430 қабл аз милоди Масеҳ дар Эрхиё ба дунё омад ва соли 354 то солшумории мо дар Коринфи Юнон дар 76-солагӣ аз олам рафт.  
Маъруфтарин навиштаи ӯ «Киропедия» ё «Курушнома» (аз забони юнонӣ таҳтуллафзӣ ҳамчун «Тарбияи Куруш» тарҷума мешавад) мебошад. Он як навъ романи тарбиявӣ дар бораи Куруши Бузург, подшоҳи Порс ва асосгузори сулолаи Ҳахоманишиҳо, мебошад, ки солҳои 559-530 то милод ҳукмронӣ дошт. 
Тавре дар сарсухани мутарҷим омадааст: «Киропедия» хусусияти ахлоқӣ ва дидактикӣ дорад ва Ксенофонт дар он ҳадафи созмон додани «ойини шоҳзодагон»-ро доштааст. Барои ин, вай як хислати ҳоким ва лашкаркаши ормониро бо одатҳои то ҳадде спартанӣ (намунаи давлати ашрофон – Спарта дар Юнон) бо усули вежаи саховатмандонаю накухоҳӣ эҷод мекунад. Дар баробари ин, муаллиф таъсири таълимоти Суқротро, ки шогирди ӯ буд, дар консепсияи тарбияи накукорӣ, аретее (истилоҳе, ки Афлотун дар асараш «Ҷумҳурият» ба кор бурдааст) нишон медиҳад. Ксенофонт дар баёни бахшҳои китоб низоми таълимии Порс, дастурҳою тактикаҳои ҳарбӣ ва ҳамаи он матолиберо, ки ба ташаккулёбии симои ҳукмрони бузург – Куруш мусоидат мекунад, тасвир менамояд. Ксенофонт ба рисолаи намунавии худ бо як қатор воситаҳои нақлӣ (қиссаҳои мардумӣ, тарҷумаиҳолӣ ва тахайюлоти бадеӣ), ки бо ҳикояҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ омехта шудаанд, хусусияти хосса мебахшад.
“Курушнома”-и Ксенофонт бо маслиҳати директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо кӯшиши профессор Рамазон Назариев аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардид. Дар соли 2023 кормандони Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ ду асарро дар ҳамкорӣ бо олимон тарҷума, таҳрир ва нашр намуд. Асарҳое, ки тарҷума ва нашр гардидаанд, “Киропедия”-и Ксенофонт бо унвони “Курушнома” ва асари дигар “Саёҳат ба Осиёи Миёна”-и Мейендорф берун аз силсилакитоби “Тоҷнома” мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли даҳум аст, ки ба интихобу гирдоварӣ, тарҷумаву таҳия, таҳрир ва нашри китобҳои арзишманди мероси хаттии ниёконамон машғул аст.
Силсилакитобҳои “Тоҷнома” то ин муддат ба 15 ҷилд расида, ҳадафи асосии таҳиягарон аз интихоби асарҳо ва нашри онҳо эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносву худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанон, бахусус ҷавонон, аст. 

Манижа УБАЙДУЛЛОЕВА, сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и КМТ

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив