ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ.  АГАР ХОҲЕМ СОҲА ПЕШРАФТИ  БЕШТАР ДОШТА БОШАД...

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ.  АГАР ХОҲЕМ СОҲА ПЕШРАФТИ  БЕШТАР ДОШТА БОШАД...

15 апрел 2024, Душанбе
31
0

 
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА

Саноати хӯрокворӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар саҳми калон мегузорад. Захираҳои пуриқтидор ва ояндадори ашёи хом, талаботи доимӣ ба маҳсулот дар бозорҳои дохил ва хориҷ, пеш аз ҳама, ба нӯшокиҳои ташнагишикан, консерваҳои меваю сабзавот, равғани рустанӣ, маҳсулоти гӯштию ширӣ, машруботӣ ва спирти этилӣ, омилҳои муҳиму мусоидаткунанда барои васеъгардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ  ва тақвияти қудрати содиротии соҳа мебошанд. 

Мувофиқи маълумоти дастрас, агар соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 48,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли гузашта ба беш аз 11,6 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳиссаи соҳа дар таркиби маҷмуи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ аз 22,9 дарсади соли 2020 соли гузашта ба 24,8 дарсад расид, ки суръати афзоиши соҳа баландтарин нишондиҳанда дар байни соҳаҳои дигари саноати кишвар мебошад.

 

Вақте бо сардори раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Фирӯз Абдулназаров ҳамсуҳбат шудем, ӯ чунин гуфт: 
– Саноати хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ сол ба сол рушд дорад. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат имтиёзҳо барои соҳаҳои алоҳидаи саноат пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади пешрафти минбаъда ва таъмини бозори истеъмолӣ воридоти дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шудаанд. 
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои коркарди ғалла, истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, қаннодӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯштию ширӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти машруботӣ бо истифода аз таҷҳизоти технологии истеҳсоли Туркия, Украина, Чин, Италия, Венгрия, Россия таъсис ёфта, фаъолияти корхонаҳои бозмонда аз нав барқарор гашт. Шумораи корхонаҳои соҳа аз 94 адади соли 1991 соли 2023 ба 815 адад расид. Мунтазам афзоиш ёфтани шумораи корхонаҳои саноатӣ ба зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ва ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар таркиби маҳсулоти саноатӣ мусоидат кард. Дар соҳа ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ танҳо соли гузашта 165 корхона бо 881 ҷойи корӣ ифтитоҳ ёфт. Аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол гардид.   
Воқеан, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, Амрико ва Аврупо мунтазам афзуда, бори нахуст ба Чин содироти нӯшокии ташнагишикан, оби маъдан, шарбати меваю сабзавот роҳандозӣ гардид. Таваҷҷуҳ ва пешниҳодҳои имтиёзҳои андозӣ ба густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо ва Осиё дар самти воридоти хатҳои технологии пешқадам ва муҷаҳҳазгардонии онҳо дар истеҳсоли ватанӣ, инчунин, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, таъсиси брендҳои ватанӣ ва бароҳмонии истеҳсоли маҳсулот бо брендҳои шинохтаи ҷаҳонӣ дар истеҳсолоти ватанӣ мусоидат намуд, ки аз рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва мутобиқ будани он ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд. Агар ба хориҷи кишвар соли 2022 ба маблағи 42,6 миллион доллари ИМА маҳсулоти хӯрокворӣ фурӯхта шуда бошад, нишондоди соли рафта 50,1 миллион долларро ташкил кард, ки 17,6 дарсад бештар аст. Афзоиши ҳаҷми содирот, аз ҳисоби меваи хушк, нӯшокиҳои ташнагишикан, хӯроки омехтаи чорво ва боқимондаи саноати хӯрокворӣ, инчунин, орд мебошад.

КАМБУДИ АШЁИ ХОМ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ
Албатта, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Барнома дар ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ва назаррас анҷом ёфтаанд, вале инро наметавон сад дарсад қаноатбахш арзёбӣ кард. Бо вуҷуди пешравиҳо, буҳронҳои минтақавии иқтисодӣ, фоизи баланди қарзҳо, рақобати носолими молу маҳсулоти воридотию ватанӣ ва кифоя набудани воситаҳои гардони корхонаҳо барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба пешрафти соҳа монеъ мегарданд. Инчунин, ҳоло бо сабабҳои зикргардида, истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда дар саноати хӯрокворӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, баъзе маҳсулоти ғизоӣ дар ҳаҷми зиёд аз хориҷи кишвар ворид мешавад.  
Фирӯз Абдуназаров аз мушкилиҳои асосии соҳа изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки норасоӣ ва тағйирёбии пайвастаи нархи ашёи хом, таъмини нокифояи корхонаҳо бо қувваи барқ яке аз мушкилиҳои асосии таъсиррасон дар татбиқи барнома ва рушди соҳа мебошад. 
Барои васеъгардонии истеҳсолот ва роҳандозии маҳсулоти нав сармоя зарур аст. Ҳоло сармояи худӣ қонеъкунанда набуда, аксари корхонаҳо ба он эҳтиёҷ доранд. Барои мисол, корхонаҳои хурду миёни истеҳсолӣ, ки ҳаҷми истеҳсоли кам доранд, барои ворид кардани технологияву таҷҳизоти пешрафта иқтидори молиявӣ надоранд. 
– Ҳоло 40 дарсади корхонаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, 60 дарсади корхонаҳои боқимонда, ки аксар 15 сол пеш бунёд ёфтаанд, бо гузашти солҳо қисми таҷҳизоташон фарсуда шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Бо чунин таҷҳизот истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазиру роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷи кишвар ғайриимкон мебошад. Барои роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ҷавобгӯи талаботи бозор муҷаҳҳазгардонии истеҳсолоти ватанӣ бо хатҳои технологии талаботи замон шарти муҳим мебошад. Ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта ва ҳавасмандгардонии соҳибкории истеҳсолии ватанӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақомоти дахлдор корбарӣ дорад, – иброз дошт, Фирӯз Абдулназаров.
Бовар аст, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф кардани чанд мушкилоти ҳалталаб, ки ба пешрафти соҳа монеа эҷод мекунанд, корро беҳтару хубтар ба роҳ мемонад. 

Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив