ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОНАНД НАБУДАН, ТАНҲОИСТ

МОНАНД НАБУДАН, ТАНҲОИСТ

26 апрел 2024, Ҷумъа
12
0
 
Ин ҷумларо Муҳаммадзамони Солеҳ дар қиссаи “Ишқи актёри пир” навиштааст. Зебо гуфтааст. Ба касе монанд набошӣ, пас танҳоӣ, хосса.
 
Андешидам ва ин сифатҳо ба Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадои беҳамто рост меояд. Танҳост, дар ҷаҳони маънавии худ, бо худ, бо офаридаҳои худ. Ӯ муаллифи 700 ҷилд китоб аст.
Дар китоби панҷум - «Ман?!.» достони хурди «Пашша» нашр шудааст. Аз дидани пашшае, ки ба наздаш меояд, шод мешавад ва ӯро раҳо карда, ба вай мегӯяд: «Биё».
Ё дар китоби «Комета» бо сояи худ ҳамсуҳбат мешавад. Ӯро руҳонӣ медонад, бо ӯ суҳбату машварат мекунад. Соя дар ин асар бо ҳарфи калон навишта шудааст ва ба ӯ маслиҳат медиҳад. 
Навиштаҳояш файласуфонаанд. Китоб-ҳояшро бештари вақт худаш мефурӯшад. Дар кӯчаҳову идораҳо. Бисёриҳо гадову девона номаш мебаранд, аммо худаш назари дигар дорад. Мехоҳад ин миллат китобхону босавод бошад, дунёро фаҳмад, то ба доми гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан ва фитнагарону дурӯғгӯён наафтад. Ҳар кас бояд фахри миллат бошад. Дар китоби “Розҳо”-яш гуфтааст: “Ҷавонӣ як бор дода мешавад. Пас, ҳар рӯзи онро сарфакорона истифода бар. Онро чун файласуфи хаёлӣ нею чун ҳакими ҳақиқӣ гузарон”.
“Ҳеҷ гоҳ худро нависанда вонамуд накардаам, худамро шогирд мегӯям, тамоми умр хондам ва ба одамон некӣ, Офтоб, равшании Моҳу ситораҳо, оби тозаи чашма овардам. Ман чун чароғе дар ҷаҳони тира кӯшиш кардам, ки роҳи мардумро равшан созам, ба дигарон гармӣ бахшам. Ба қадри имкон, дар театр, дар синамо ва дар навиштани китоб некӣ кардам. Ман ҳама чизро бахшидам, бераҳмона, худамро дареғ надоштам: на чашм, на сар, на дасту на овоз... Ман ҳарчи метавонистам, кардам ва ту аз ман беҳтар мекунӣ”, - мегӯяд Ҳошим Гадо. 
Ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр, нависанда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 1937 ба дунё омадааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС аст.
Аз соли 1961 то синни нафақа ҳунарпеша ва коргардони Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ буд. Пас аз нафақа дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба шогирдон дарси маҳорат мегузашт. Дар кино ва театр чандин нақш, аз ҷумла нақши Суҳроб, Фердинанд, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигарҳоро офаридааст. Ҳамчунин, коргардони бисёре аз намоишҳост, ки маъруфтаринашон «Эдип» мебошад ва беш аз сад бор иҷро шудааст.
Ҳошим Гадо барои офаридани нақши Суҳроб дар филми “Рустам ва Суҳроб” дар театр, адабиёти форс, меъморӣ, пайкарнигорӣ, таъриху фарҳанги гузашта, тангашиносӣ ва тарроҳии либос пажӯҳиш бурд ва ба варзишу бадансозӣ машғул шуду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ҳамин буд, ки мунаққидон ин намоиш ва иҷрои ӯро хуш пазируфтанд ва аз он замон то кунун филм яке аз беҳтарин филмҳои таҳиякардаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, аз бозии Ҳошим Гадо ва ҳамкоронаш дар намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» дар Театри Лоҳутӣ чунон мутаассир гашт, ки гирён ва беҳуш шуд. Ҳунарманди халқии ИҶШС, қаҳрамони меҳнат, ҳунарманд ва коргардони машҳур Сергей Бондарчук пас аз тамошои филми «Рустам ва Суҳроб» дар кинофестивали Тбилиси, ки ҷои аввалро мушарраф гашт, ба шогирдони тоҷикистониаш дар ГИТИС Ҳошим Гадоро ҳунарманди Ҳолливуд хонд ва гуфт: “Ӯ дар оянда ҳунарманди маъруф мешавад. Бо ҳамватанатон ифтихор кунед ва ҳунарманди ҳақиқӣ буданро аз ӯ омӯзед”.
Нақши дигаре, ки писанди ҳамагон гашт, Эдип буд. Шоири эронии муқими Фаронса Неъмати Озарм гуфтааст: «Ман дар иҷрои дигарон «Эдип»-ро ба забонҳои фаронсавӣ ва инглисӣ дар кишварҳои Фаронса ва Бритониёи Кабир дидаам. Вале иҷрои ҳунармандони тоҷик, ба вижа ҳунарманди мумтоз ва бисёр арҷманд Ҳошим Гадо ягона буду мемонад. Бигзор, агар ҳунарманд бошад, мисли Ҳошим Гадо бошад». Ё нависанда ва санъатшиноси рус Александр Минкин гуфтааст: “На дар Россия ва на дар дигар кишварҳои Аврупо нақши Эдипро мисли Ҳошим Гадо иҷро накардаанд. Дар офаридани нақшҳои классикӣ танҳо англисҳоро метавон бо Ҳошим Гадо муқоиса кард”.
Санъатшиноси машҳури тоҷик, театршинос Низом Нурҷонов боре навишта буд: «Дар санъати ҷаҳон Ҳошим Гадо беҳамто аст. Ин як истеъдоди нотакрор, як падидаи табиӣ ва бузургтарин коргарест, ки аз ҷониби Парвардигор ато шудааст ва мо ҳамзамонони ӯ бояд ӯро ҳамчун моли халқи тоҷик қадр кунем».
Ӯро барои филмофарӣ ба Россия, Ҳолливуди ИМА, Испания, Италия, Озарбойҷон, Беларус, Ӯзбекистон даъват карданд, хона ва кори доимӣ ваъда намуданд, аммо нарафт, на ба Ҳолливуд на ба дигар кишварҳо. Ҳамчун як ватандӯст дар Ватан монд ва ватандӯстиро низ бояд аз Ҳошим Гадо омӯзем.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.04.2024 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив