ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚЛИМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ КАМ КАРДАНИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ЧӢ ТАДБИРҲОЕРО РӮИ ДАСТ ДОРАД?

ИҚЛИМ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ КАМ КАРДАНИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ЧӢ ТАДБИРҲОЕРО РӮИ ДАСТ ДОРАД?

26 апрел 2024, Ҷумъа
15
0
 
Масъалаи тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Тайи чанд даҳсолаи ахир, тақрибан, сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбанд, аз байн рафт. Дар ин замина, кишвари мо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа дар масъалаи вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим саҳми арзишманд дошта, ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои  марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 
 
Бояд гуфт, ки обшавии пиряхҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об буда, коршиносон таъкид медоранд, ки он дар вобастагии зичи иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зоҳир мегардад. Дар баробари ин, таъсири гармшавии ҷаҳонӣ асоси коҳиши устувории экологӣ дар баландкӯҳҳо маъниндод мешавад. Яке аз натиҷаҳои манфии ин раванд кам шудани манбаъҳои об ва мутаносибан коҳиш ёфтани оби дарёву кӯлҳо мебошад, ки, аллакай, эҳсос мешавад. Оқибатҳои манфии ин омилҳо на танҳо ба муҳити зист, балки ба сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо низ таъсир мерасонад. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 ҳудуди 30 дарсади аҳолии ҷаҳон эҳтиёҷоти худро ба об бароварда наметавонанд. Захираҳои оби ошомиданӣ дар минтақаи мо, ки, асосан, аз пиряхҳо ва захираҳои барф сарчашма мегиранд, бинобар тағйирёбии иқлим кам мешаванд. Тибқи гузориши Гурӯҳи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлими уқёнусӣ ва криосферӣ (2019), сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд то охири аср нобуд шаванд. Дар ҳоли ҳозир ба далели тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон масоҳати пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад. Гарчанд олимон иброз медоранд, ки обшавии пиряхҳо ин раванди табиӣ аст, вале ҳолати имрӯза назорат ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Тавре мебинем, тағйирёбии иқлим солҳои охир ба мушкилии аввалиндараҷаи сайёра табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Бар асари гармшавии иқлим дар даҳсолаи ахир  беш аз  ҳазор пиряхи Тоҷикистон об шуда, боиси афзоиши бесобиқаи шумораи офатҳои табиӣ гаштааст. 
Қобили зикр аст, ки 60 дарсади об дар Осиёи Марказӣ аз пиряҳҳо ва захираҳои барфи Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, барои баҳодиҳии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа бояд таҳқиқоту мониторинги ҳамаҷониба гузаронда шавад. Ин ва дигар масъалаҳоро бе ёрии ҷомеаи байналмилалӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Ин буд ки, 14-уми декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо якдилона пазируфта шуд. Маҷмаи умумии СММ бо қабули қатъномаи махсуси худ соли 2025-ро – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Мувофиқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди СММ доир ба ин мавзуъ баргузор мегардад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ  оид ба хатари тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, маълумот дода, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб кардаанд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид доштанд, дуруст аст, ки табиати сайёра давраҳои зиёди гармшавӣ ва сардшавии иқлимро медонад, вале мо, айни, замон давраи гармшавиро аз сар мегузаронем ва агар ин раванд идома ёбад, ба гумон аст, ки пиряхи Федченко дар сад соли наздик боқӣ монад. Маҳз таҳдидҳои гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чаҳор иқдоми глобалии марбут ба об пешниҳоди ин иқдомро зарур донистанд, то таваҷҷуҳи мардумро ба хатарҳое, ки бо камшавии захираҳои об алоқаманданд, ҷалб намоянд. Ин аст, ки аҳамият ва саривақтӣ будани ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, бахусус СММ, эътироф гардид. 
Даҳсолаи ахир дар тамоми таърихи назорати ҳарорати сатҳи рӯи Замин гармтарин дар ҷаҳон гардид ва раванди гармшавии глобалӣ назар ба давраи пеш аз саноатикунонӣ хеле зудтар ба амал омад. Шумораи рӯзҳои ғайримуқаррарӣ  гарм дар тамоми минтақаҳои замин меафзояд ва ин гуна тағйирёбии иқлим асари худро ба инсоният гузошта, ба равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ хисорот мерасонад. Суоле ба миён меояд, ки барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа чӣ корҳоро метавон анҷом дод?
Мутахассисон дар ин хусус иброз медоранд, ки сабаби асосии гармшавии глобалӣ партовҳои зиёди газҳои гулхонаӣ мебошад, ки гармии Офтобро дар худ нигоҳ медоранд. Ин партовҳо, дар навбати худ, асосан, аз истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзондани ангишт, нафт ё газ ба вуҷуд меоянд. Онҳо ба корхонаҳои саноатӣ низ зарари калон мерасонанд. Аз ин рӯ, самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ин рушди «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Бо ин мақсад, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид. Нуктаҳои асосии Стратегия сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мамлакат ба калонтарин таъминкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. 
Тоҷикистон иқтидори гидроэнергетикии калон дорад, вале ҳамагӣ 6 фоизи онро истифода мебарад. Солҳои охир, дар шароити тағйирёбии иқлим, ба ҳадди аксар расондани ин иқтидор боз ҳам таъхирнопазиртар шуд. Итминон дорем, ки бо амалисозии тадбирҳои болозикр истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне сад фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина, аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» то соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.04.2024 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив