ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ.  НАРАСИДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

МАОРИФ.  НАРАСИДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

26 апрел 2024, Ҷумъа
24
0
 
Бо вуҷуди пешрафти маорифи кишвар ҳанӯз ҳам монеаҳое садди роҳи ин соҳаи ҷомеасоз побарҷоянд, ки бартараф карданашон ногузир аст. Ҳарчанд норасоии китобҳои дарсӣ мавзуи нав нест, вале боз ҳам ҳолати воқеӣ дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ моро водор мекунад, ки сари мавзуи мавриди назар баргардем. Хусусан, нарасидани китобҳои дарсӣ бо забонӣ русӣ дар ҳоле ки талабот ба забономӯзии наврасону ҷавонон тақозои замон ва аз хостаҳои Сарвари маҳбуби кишвар маҳсуб меёбад. 
 
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар кишвар 59 муассисаи шакли таҳсилашон пурра бо забони русӣ ва 164 муассисаи дорои гурӯҳҳои русӣ фаъоланд, ки таъмини пурраи онҳо бо китобҳои дарсӣ бо ин забон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Мутаассифона, дар баъзе аз ин муассисаҳо мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ ба назар мерасад. Фарзи мисол, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 92-и шаҳри Душанбе, ки 2044  хонанда дар 55 гурӯҳи русӣ таҳсил мекунад, айни ҳамин мушкилот мавҷуд аст.
 Бо тасдиқи ҳамин далел Амина Улфатова, муовини директор, чунин гуфт: 
- Барномаи таълимии гурӯҳҳои русӣ аз ҷониби Федератсияи Россия таҳия мешавад ва дар доираи ҳамин барнома ба муассисаи мо китобҳо дастрас мегарданд. Мавриди таъкид аст, ки бештари китобҳои воридшуда асарҳои бадеӣ буда, китобҳои дарсӣ ба қадри кофӣ намерасанд. Аз ин лиҳоз, хонандагон, воқеан, дар ин масъала мушкил доранд. 
Омӯзиши мавзуъ моро ба марказҳои фурӯши китобҳои дарсии русӣ воқеъ дар бозорҳои “Садбарг”, “Сафариён” ва мағозаи “Книжный мир” овард. Нархи китобҳо қариб дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш якранг буд: аз 35 то 75 сомонӣ. Мутаассифона, соли нашри баъзе аз китобҳо  2002 ва ҳатто 1990 буда, ҳолаташон низ чандон ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бино ба иттилои фурӯшандагон, ин нарх метавонад дар арафаи соли хониш боз ҳам боло равад, вале, бо вуҷуди ин, волидайн аз ноилоҷӣ онҳоро мехаранд. 
Ба саволи он ки Вазорати маориф ва илм чӣ саҳме дар таъмини чунин китобҳои дарсӣ дорад, Санавбар Камолова, китобдори Муассисаи мазкур, мазмунан чунин посух дод:  
- Китобҳои дарсие, ки Вазорати маориф ва илм ба мо пешниҳод месозад, то ҳадде кофиянд. Соли гузашта китобҳои дарсӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ барои синфҳои 10-11 ва таърихи халқи тоҷик, география, геометрия барои синфҳои аз 6 то 9 бо теъдоди аз 250 то 300-то аз Вазорат дастрас шуд.
Ба иттилои Фаридун Раҳмонзода, сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии назди Вазорати маориф ва илм, мушкилоти норасоии китобҳо дар ояндаи наздик бартараф хоҳад шуд.
Тавре мавсуф таъкид кард: 
–  Аз ҷониби Вазорат маркази мазкур гурӯҳҳои корӣ амал карда истодаанд, ки ҳадафашон тарҷума ва нашри  китобҳои дарсӣ ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла  русист. Масалан, соли гузашта, 176 ҳазор нусхаи 16 китоби таълимӣ  бо ҳамин роҳ аз чоп баромад. Соли 2016 бо маблағгузории Федератсияи Россия китобҳои дарсии «Русский язык» (барои синфҳои 5, 10, 11)  «Литература» барои синфҳои аз 6 то 11 бо теъдоди 65 310 нусха ва  дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия соли 2009-ум 121 номгӯй китоби дарсии забони русӣ, адабиёт, математика, алгебра, геометрия, химия, физика бо теъдоди 10 193 ва соли 2017 бошад,  китобҳои дарсӣ аз фанҳои хониши адабӣ, адабиёт ва забони русӣ бо теъдоди 18 500 нусха нашр ва мактабҳо то андозае таъмин гардиданд.
Албатта, тавре шоҳидони ҳол иброз доштанд, Вазорати маориф ва илм дар ин самт иқдомҳоеро анҷом медиҳад, вале далелҳо бозгӯи онанд, ки норасоии китобҳои дарсӣ, хоса ба забони русӣ, ҳанӯз ҳам аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ монда, бартарафсозии он тадбирандешиҳои муассиртареро аз ҷониби масъулон тақозо мекунад. 
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, 
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 26.04.2024 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив