ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

26 апрел 2024, Ҷумъа
21
0
ПАС АЗ 55 СОЛИ ЗИНДАГӢ 
Падару модарам 55 сол бо ҳам зиндагӣ карданд. Як рӯз субҳ, модарам ҳангоми омода намудани субҳона ба падарам сактаи қалбӣ карду афтод. Падарам ӯро баланд кард ва ба бемористон бурд, аммо, мутаассифона, дер шуда буд ва модарам вафот кард. Ҳангоми ташйии ҷаноза падарам суҳбат накард. Он шаб падарам ногаҳон аз мо хост, ки ӯро ба қабристон бибарем. Мо гуфтем: “Падар, соат 12-и шаб аст. Феълан наметавонем ба қабристон биравем”. Падарам гуфт: “Лутфан бо марде, ки ҳамсари 55 –солаи худро аз даст дода, баҳс накунед”. Мо, ҳама рафтем сари қабри модарам. Падарам дар канори қабр нишаст, дуо кард ва гуфт: “ 55 сол аст медонӣ, ман ва ӯ дар хубию бадӣ бо ҳам будем. Ҳамаи инҳо тамом шуд ва ман имшаб хушҳолам, чун ӯ қабл аз ман рафт ва маҷбур нашуд азоби дафни манро ба танҳоӣ таҳаммул кунад. Он қадар дӯсташ дорам, ки нахостам дард бикашад”.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
ТИТАНИК.  ФАЛОКАТИ КИШТӢ ВА АСРОРИ ЗИНДА МОНДАНИ ЯК МАРД
Масабуми Хосонои ҷопонӣ, ки дар вазорати роҳу нақлиёти кишвараш кор мекард, аз нафароне буд, ки ҳангоми фалокати киштии Титаник бо як усули назарфиребона ҷон ба саломат бурд.
Вақте Титаник ғарқ шуд, ба қаиқҳои наҷотбахш дастур доданд, ки дар навбати аввал занону кӯдаконро ба соҳил расонанд. Дар ҳамин ҳол, Масабуми либоси занона пӯшида зуд ба қаиқи рақами 10 савор шуда худро наҷот дод ва билфосила моҷарои зинда монданашро навишт. Вале аз куҷо медонист, ки маҳз ҳамин навишта иқболашро ба пастӣ мебарад, зеро дар пайи он давлати Ҷопон ӯро марди тарсуе унвон дод, ки дар ин фоҷиа ҳаққи занону кӯдаконро дӯздидааст. Ба ин далел, Масабуми аз кор ронда шуд ва то охири умр ҷойи кор пайдо карда натавонист. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ФИТНАИ ҒУЛОМЕ,  КИ ХОҶАРО  БА ЗИНДОН АНДОХТ
 
Марде бо мақсади харидани ғулом ба бозор омад. Ғуломфурӯше мегуфт:
– Ин ғуломро арзон мефурӯшам, зеро фитнагар аст. 
Мард ғуломро харид ва бо писханд аз дил гузаронд: «Ин ҷуз ғуломе нест, чӣ фитнае метавонад барангезад? Муҳим бо пули ночиз харидам».
Ғулом чанд муддат содиқона хидмат карда, эътимоди ҳамаро ба даст овард. Баъдан, ба фитна пардохт. Пеши ҳамсари хоҷааш рафту гуфт:
– Медонед, ки шавҳаратон ба шумо хиёнат карданист.
Зан бо эҳсоси рашк аз ӯ илоҷи кор пурсид ва дар ҷавоб шунид: 
– Вақте хоҷа ба хоб рафт, як тори ришашро бурида биёр. Ин тарафаш кори ҳалшуданӣ.
Субҳи барвақт ғуломи маккор ашкрезон назди хоҷа давид:
– Ҳамсаратон нақша дорад, ки шуморо кушад.
– Бовар намекунам. 
– Агар бовар накунед, худро ба хоб андозед. Ҳамсаратон бо теғе ба шумо наздик мешавад.
Зани сода чун ба бистари хоҷа наздик мешавад, мехоҳад бо дукорда торе аз риши ӯро бурад. Ҳамин лаҳза мард аз хоби сохтаи худ мехезад ва бе суолу ҷавоб ҳамсари худро мекушад. Хоҷаро, ки акнун қотил буд, ба зиндон меандозанд. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
ЛЕОГИХИД
Касе бо норизоӣ гуфташ: - Эй шоҳ,
Чи зуд орӣ бадал ҳукми худ аз роҳ.
Ҷавобаш дод: - Ман-ку бо зарурат,
Шумо, аммо, ҳамеша бо разолат.
                        * * * 
Бипурсиданд: - Некиҳои худро 
Чӣ сон беҳтар нигаҳ дорем аз бад?
- «Ба ҳар пешомаде бовар мадоред.»
Ба посух гуфт он шоҳи сипаҳбад,
Замоне ҳам аз ӯ пурсиш гирифтанд:
- Ба фарзандон чӣ омӯзем беҳтар?
Ҷавоб омад: - Биомӯзед онро,
Камол оранд, кор ояд саросар…
                         * * *
Касе гуфташ: - Чаро Испартаниҳо
Ба май кам майл доранду фароғат?
Ҷавоб омад: - На касҳо ҷои моён 
Ки мо ҷои касон гирем фикрат.
 
ЕВДАМИД, ПИСАРИ АРХИДАМ. 
(331-355 пеш аз мелод)
Ба ҷанги Макдунӣ чун лашкар орост,
Яке гуфташ, ки тарсонад ба ҷонаш:
- Надидӣ Порсҳоро чун шикастанд?
Марон лашкар ба сӯи марги хонаш.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
КЮРИ
Ду «Нобел»-и як зани олим
 
Марии Кюриро ихлосмандони фанҳои дақиқ хуб мешиносанд. Шояд, ҳатто медонанд, ки ӯ мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кардаву духтари муаллим буд. Вале кам касоне огоҳанд, ки Кюри на танҳо нахустин занест, ки ҷоизаи Нобелро сазовор гаштааст, балки нахустин олимаест, ки ин ҷоизаи олиро ду бор ба даст овардааст. Аниқтараш соли 1903 дар соҳаи физика ва соли 1911 дар соҳаи химия. Тавре шоҳидони ҳол нақл мекунанд, маъмулан бузургон баъд аз марг маъруф мешаванд, аммо Кюри достони зиндаи илм дар Аврупо ва тамоми дунё унвон гирифтааст, ки чунин як маъруфият хеле камназир аст. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
САЙМОН БЕРГЕР.  МАРДЕ, КИ ДАР ШИША ЗЕБОӢ МЕОФАРАД
Расмҳои аз хок эҷодшуда ё композитсияҳои абстрактӣ аз коғаз дигар касеро ҳайрон намекунанд, аммо он чизе, ки рассом ва ҳайкалтарош Саймон Бергер месозад, ҳатто ҳунармандони ботаҷрибатаринро ба ҳайрат меорад. 
Бергер барои тасвири одамон ё ашёҳои гуногун ба шиша бо асбобҳои махсус зарба зада, тарқишҳоро ба вуҷуд меорад. Ин кори хеле нозук аст, зеро на танҳо ҷойи зарба, балки қувва ва ҷойи татбиқи онро дуруст ҳисоб кардан лозим меояд.
Шишае, ки рассом истифода мебарад, хеле устувор аст ва баъзан Бергер расмҳои сеченакаро низ меофарад. Вай бо ручка ё фломастер тасвирро ба шиша мегузаронад ва ҷойи зарбаҳоро дақиқ қайд мекунад. Вай худро поягузори самти нави санъат мешуморад ва орзу дорад, ки мактаби махсус ташкил намояд.
 
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
 
СИНГАПУР  ВА НАҚШИ МУЪҶИЗАОФАРИ МУАЛЛИМОН 
ДАР РУШДИ ОН
Аз Ли Куан Ю, Сарвазири собиқи Сингапур, пурсиданд, ки шумо чӣ тавр аз як минтақаи хурд кишвари пешрафта сохтед, ин муъҷизаро чӣ гуна офаридед?
- Ман дар кишварам муъҷизае накардам, танҳо вазифаи худро дар назди халқу Ватан иҷро намудам. Буҷети давлатро ба соҳаи таълим равона кардам, муаллимро аз табақаи паст ба табақаи баландтарин расондам. Одамоне, ки дар Сингапур муъҷиза мекарданд, омӯзгорон буданд. Онҳо наслеро ба воя расонданд, ки дар такя ба илму ахлоқ барои пешрафти Ватан садоқатмандона хизмат мекунанд, - посух медиҳад Ли Куан Ю.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
ПОЙТАХТИ  ТУРКМАНИСТОН ДАР "КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС"
Ашқобод – пойтахти Туркманистон ҳамчун шаҳри мармарини сафед ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид гардидааст. Дар ин ҷо, дар масоҳати 22 километри мураббаъ беш аз 500 бино бо мармари сафед рӯкаш шудааст.
Тавре сармуҳаррири "Китоби рекордҳои Гиннесс" ба рӯзноманигорон гуфтааст, рӯйхати биноҳои бо мармари сафед рӯкашшудаи Ашқобод таҳия гардида, шуморабандӣ шудаанд ва ҳар кадом арқоми дақиқи пӯшиши масоҳати мармарро доранд. Ин алҳол теъдоди аз ҳама бештар дар дунё аст.
Воқеан, Ашқобод маротибаи панҷум аст, ки ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид мешавад. 
 
Таҳияи Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
МЕҲНАТИ БИСТСОЛА
- Сидиров сухани ҳамсояи сарватмандашро, ки ним соат боз лаҷоми гапро дар даст дошту воҳимааш ба фалак мепечид, бурида, пурсид:
- Рафиқ генерал, шумо, ки дасти кам 20 соли охир хизматчии давлатӣ будед,  8 миллион долларро аз куҷо ёфтед?
- Ҳамаи ин пулҳоро, то тангаи охир, бо арақи ҷабин ҷамъ кардам. Як умр бо афроде, ки даст ба коррупсия мезаданд, мубориза бурда, то охирин доллари дуздидаашонро кашида гирифтам. 
- Кашида гирифтанатон нағзу чаро ба давлат насупоридед?
- Чӣ магар ман ба аблаҳ монандам? Агар ин маблағҳоро ба буҷет месупоридам, боз бо дасти кадом як мансабдори фасодкор дубора дуздида мешуданду меҳнати бистсолаи ман барбод мерафт. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ХОБИ ТАМАЪКОР ВА ЯК ПОСУХИ ОБДОР
Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада гуфт: 
– Хӯҷаин, имшаб хоб дидам, ки шумо ба ман раҳматнома ва мукофоти пулӣ додаед. 
Сардор гуфт:
– Раҳматномаро нигаҳ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алҳол ба он эҳтиёҷ сахт аст.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ХАТАРНОКТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ВУЛҚОНҲОИ ГАВАЙӢ
Боғи миллии вулқонии Гавайӣ як манзараи беназири геологӣ буда, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ҷойҳои машҳуртарини сайёҳии он ду вулқони фаъолтарин дар сайёраи мо мебошанд. 
Мауна Лоа як қисми гурӯҳи мегавулқонҳо буда, ҷойи дуюмро дар рӯи Замин ишғол мекунад. Охирин таркишҳои бузург дар он соли 1984 сабт шудааст. Вулқон ҳамеша фурӯзон буда, зилзилаҳои зеризаминӣ мунтазам ба қайд гирифта мешаванд.
Килауэа аз соли 1983 пайваста оташфишонӣ мекунад ва диққати ҳазорон сайёҳро ҷалб намудааст. Сайёҳон омодаанд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, рӯзона дар осмон ҳаракати абрҳои хокистарранг, газу буғ ва шабона ҷараёни дурахшидани вулқонро бубинанд.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВАҚТ НИШОН МЕДИҲАД
Ду кампирак назди дукони китоб нишаста, баҳс доранд. Сидиров, ки тарафи овоз меомад, наздик шуда, мепурсад:
- Худаш чӣ гап? Чаро кӯчаро ба саратон бардоштаед?
- Гӯш кун, писарам, раиси комиссияи даъватро навакак дошта, бурданд. Мегӯянд, ки бар ивази кори ҳангуфте пора гирифтааст. Ман бовар намекунам, ана, ин Оляхолаат бошад, даъво дорад, ки ӯ ҳатман суд мешавад.
- Баҳсро як тараф монеду интизор шавед. Агар туҳмат бошад, ҳатман пушти панҷара меравад, агар дар ҳақиқат пора гирифта бошад, то пагоҳ озод мешавад. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
АПОЛЛОН БЕЛВЕДЕР
 
Аполлон Белведер яке аз муҷассамаҳои машҳури даврони антиқа буда, он дар Осорхонаи Пио-Клементинои Ватикан нигоҳ дошта мешавад. Онро соли 1489 ҳангоми ҳафриёти Вилаи Нерон дар Антиа наздикии шаҳри Рум пайдо кардаанд. 
Ин ёдгории беназир ҳамчун рамзи худои нури Офтоб буда, он дар симои ҷавони зебои тирандоз тасвир шудааст. Муҷассама аз санги мармар соли 330 пеш аз мелод аз ҷониби ҳайкалтароши дарбори Искандари Мақдунӣ, Леохарес сохта шуда, баландиаш 2 метр мебошад.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
МАРД ХУДРО 62 СОЛ КАР ВОНАМУД КАРД, 
ТО БА ГАПҲОИ ЗАНАШ ГӮШ НАДИҲАД
Дороти Доусони 80-сола пас аз фаҳмидани он ки шавҳари 84-солааш Барри солҳои зиёд худро ношунаво вонамуд кардааст, то ба гапи занаш гӯш надиҳад, барои талоқ ариза дод. 
"Ман ду сол бо истифода аз ишораҳо муошират карданро омӯхтам, аммо, вақте дар ин кор маҳорат пайдо кардам, чашмони Барри мушкил пайдо карданд. Ҳоло фикр мекунам, шояд ӯ ин корро низ, махсус кард, – гуфтааст Дороти. – Дар хона ҳамеша худро кар вонамуд мекард, то он даме ки дар “Ютуб” навореро дидам, ки дар караоке суруд мехонад".
Вакили мудофеи Доусон бар ин назар аст, ки мард ин ҳиларо на барои хафа кардани ҳамсараш истифода кардааст, баръакс оилаашонро ҳифз намуд. Ӯ як одами хеле ором ва камгап аст, занаш бошад, хеле сухан мегӯяд. Агар ӯ худро кар вонамуд намекард, издивоҷи онҳо 60 сол пеш барҳам мехӯрд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
АҶОИБОТИ ТЕРМИНВОКС
Терминвокс яке аз аввалин асбобҳои мусиқии электронист, ки онро соли 1920 олим, муҳандис-электромеханики рус Лев Термин ихтироъ намудааст. 
Вақте инсон ба асбоб ва шахси навозанда менигарад, чунин таассурот пайдо мешавад, ки ҳамаи ин як сеҳр аст. Чун навозанда бе ягон таъсири ҷисмонӣ аз асбоб садо мебарорад. Бинанда танҳо дастони дар ҳаво чархзанандаи навозандаро мебинаду халос. Ин ҳаракат каме ҳаракати дрижёрро дар назди оркестр ба хотир меорад.  
Ин ҳама амал на сеҳру ҷоду, балки физика аст. Сирраш дар он нуҳуфтааст, ки таъсир ба асбоб тавассути ҳаракатҳои даст дар майдони электромагнитӣ дар масофаи муайян ба амал меояд. 
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
 
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
Бозиҳои олимпӣ – мутааллиқ ба ҳама
Ҳаракати олимпӣ ҳамчун воситаи рушди зеҳниву ҷисмонии башарият сол ба сол рушд меёбад.
Бозиҳои соли 1896 дар Афина бомуваффақият гузашт. Юнониҳо пешниҳод карданд, ки мисли замонҳои қадим бозиҳо то абад дар ватани онҳо гузаранд, аммо масъулони Кумитаи байналмилалии олимпӣ андешаи дигар доштанд – бозиҳои муосири олимпӣ аз аввал хусусияти байналмилалӣ касб карданд ва бояд онҳо ба ҳамаи одамон, кишварҳо ва қитъаҳо тааллуқ дошта бошанд. 
Қарор шуд, ки II Бозиҳои олимпӣ дар Париж баргузор шавад – ватани Пйер де Кубертен. III Бозиҳои олимпӣ дар Сент Луиси ИМА, IV Бозиҳои олимпӣ дар Лондон доир гашт. Шумораи кишварҳои иштирокчӣ муттасил афзоиш ёфт: Афина – 14; Париж – 24; Лондон - 22; Стокҳолм – 28, ҳоло бошад, ҳамаи 206 давлати ҷаҳон иштирокчии олимпиада ҳастанд. 
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИТОБҲО
• Китоби Л. Кэррол «Алиса дар олами муъҷизаҳо»-ро ба далели ҳайвонҳои гӯянда дар Чин мамнуъ кардаанд.
 
• Дар китобхонаи машҳури Ҳарвард чаҳор китоб вуҷуд дорад, ки онҳо дар рӯи пергамент аз пӯсти инсон навишта шудаанд. 
• Дар «Саёҳати  Гулливер» баъзе қонунҳои механикаи осмонӣ, аз ҷумла андозаи моҳвораҳои Миррих ва хусусияти гардиши онҳо дар атрофи сайёраи мо сад сол пеш аз кашфи ситорашиносон тасвир шудаанд, ки хеле пурасрор аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
АВВАЛ ХУД ХУШБАХТ ШУДАН ОМӮЗ
Боре, хирадманде роҳ кӯтоҳ мекард, ки мардеро дид зери бори гарон қомат камон шуда.
–  Чаро худро гирифтори ранҷу азоб кардаӣ? – пурсид хирадманд.
–  Ин ҳама ранҷ ба хотири хушбахтии фарзандону набераҳо мекашам, – посух дод мард. – Бобокалонам тамоми умр сарфи бахти бобоям кард, бобоям ба хотири хушбахтии падарам азият кашид, падарам бошад, барои ман. Ман ҳам то охирин нафас ранҷи рӯзгор таҳаммул хоҳам кард, то ки фарзандону набераҳоям рӯзҳои нек бинанд.
– Бигӯ, ки дар аҷдодат ягон нафар хушбахт буд? – суол кард хирадманд.
– Не, аммо фарзандону набераҳои ман ҳатман хушбахт хоҳанд шуд! –гуфт марди бадбахт.
– Марди фозил пешона пурчин карда гуфт: – Аввал худ хушбахт шудан омӯз, то донӣ, ки чӣ тавр фарзандону набераҳоро хушбахт созӣ.
 
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ НАҲАНГ
1. Наҳангҳо аз сӯрохиҳои махсус нафас мегиранд. На ҳама дарк мекунад, ки наҳангҳо ширхӯранд ва аз ҳаво нафас мегиранд. Сӯрохии нафасгириашон дар болои сар ҷойгир аст. Ҳангоми ғарқ шудан наҳангҳо ин сӯрохиро мепӯшанд ва ҳангоми баромадан онҳо ҳаворо ба боло сар медиҳанду чашмаи обро ба вуҷуд меоранд.
2. Наҳангҳо бо забони худ муошират мекунанд. Онҳо қобилияти махсуси аз дур суҳбат карданро доранд. Садои ҳамдигарро ба воситаи суруд мешунаванд. Садои баланди онҳо дар сад километри зери об ҳам шунида мешавад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА 
 
 
ҲИКМАТИ ЯК ЗАВРАҚИ ХОЛӢ
Карл Густав, равоншиноси швейтсариягӣ мегӯяд: «Вақте ҷавон будам, заврақсавориро хеле дӯст медоштам. Як заврақи хурд доштам, ки бо он дар дарёча шино мекардам. Як шаби орому зебо, бидуни он ки ба чизи хосе фикр кунам, даруни заврақ нишастам ва чашмонамро бастам. Дар ҳамин ҳангом, заврақи дигаре ба ман бархӯрд. Асабонӣ шудам ва хостам бо шахсе, ки оромишамро аз байн бурд, даъво кунам, аммо дидам, он заврақ холӣ аст. Чӣ тавр метавонистам бо ӯ даъво кунам? 
Дубора нишастам ва чашмонамро бастаму хашмамро фурӯ бурдам. Заврақи холӣ барои ман дарсе шуд. Аз он замон, агар касе боиси асабонияти ман шавад, ба худ мегӯям, ин заврақ холӣ аст».
 
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО
 
 
 
 
 
 
 
Санаи нашр: 26.04.2024 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив