ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ӮЗБЕКИСТОН.  ГИРОМИДОШТИ УСТОД АЙНӢ ДАР МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АМАЛӢ 

ӮЗБЕКИСТОН.  ГИРОМИДОШТИ УСТОД АЙНӢ ДАР МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АМАЛӢ 

24 апрел 2024, Чоршанбе
14
0
15-уми апрел дар шаҳри Самарқанд бахшида ба зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Маҳфил дар осорхонаи устод ба вуқуъ пайваста, дар он аҳли адабу фарҳанг, аз зумраи шоирону нависандагон, омӯзгорон, журналистон, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва меҳмонони зиёд ширкат варзиданд. 
Тавре адиб ва журналисти самарқандӣ Зоҳир Ҳасанзода ба “Ҷумҳурият” хабар дод, мудири осорхона Амриддин Пӯлодӣ дар оғоз доир ба таърихи эҳёи осорхонаи устод Айнӣ дар Самарқанд маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд: «Дар ин маскан устод Садриддин Айнӣ аз  соли 1917 истиқоматро шуруъ карда, чанд сол ба эҷоди осори гаронбаҳову нодири худ машғул  шудааст. Вай "Мактаби кӯҳна", "Ятим", "Одина", "Марги судхӯр", "Дохунда", "Ҷаллодони Бухоро", "Ёддоштҳо" ва як қатор осори илмиву тадқиқотии худро дар ин ҷо эҷод кардааст, ки ҳоло ба маскани илму адаб ва намоишгоҳи бонуфузи шаҳри бостонии Самарқанд мубаддал шудааст. 
Адиб Адаш Истад, шоир ва сармуҳаррири рӯзномаи дузабонаи “Субҳи Гулобод” Номурод Каримзода ва як гурӯҳ олимону донишмандон ба сухан баромада, перомуни паҳлуҳои эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ ва хидматҳои бузурги вай дар соҳаи адабиёти муосири тоҷик ва пажӯҳишҳои илмиву фарҳангии ӯ сухан гуфтанд. Маҳфилро донишҷӯён бо қироати намунаҳо аз ашъори устод ҳусни дигар бахшиданд. 
Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона низ, ба хотираи устод Садриддин Айнӣ, бо ширкати аҳли адабу фарҳанг, олимон ва донишҷӯён як маҳфили хубу доманфарох баргузор гардид. Тавре устоди ин донишгоҳ, доктори фалсафа оид ба улуми суханшиносӣ Ҷумъаи Ҷамол ба “Ҷумҳурият” изҳор намуд, маҳфил саропо ба эҷодиёти устод Айнӣ ва нақши ӯ дар рушди адабу фарҳанги миллии мо бахшида шуд.
- Як нуктаи ҷолиб он буд, ки баъди шунидани маърузаҳои пурмуҳтаво, донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ аз осори устод Айнӣ намунаҳои зиёд қироат карда, саҳнаеро аз повести “Марги судхӯр” пешкаш намуданд, - иброз дошт Ҷумъаи Ҷамол. 
Чунин маҳфилу анҷуманҳои гиромидошт бахшида ба 146-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар донишгоҳҳои Тирмиз, Чирчиқ ва Бухоро низ роҳандозӣ шуд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив