ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ҲАМОИШИ ФАРОГИР ДАР КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

ПАЁМ. ҲАМОИШИ ФАРОГИР ДАР КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

25 январ 2024, Панҷшанбе
47
0

 
Баррасии паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз мавзуи ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҷаласа кормандони сохторҳои дахлдори соҳаи ҳифзи муҳити зист, меҳмонону дўстдорони табиат ширкат варзида, суханронӣ намуданд.

Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки масъалаи обу иқлим ва проблемаҳои экологӣ доимо дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастуру супоришҳо аз Паём баҳри ҳалли мушкилот дар ин самт мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар бисёр проблемаҳои экологӣ ва муҳити зистро бартараф менамояд, зеро шинондани дарахтон ифлосшавии ҳаво ва муҳити зистро кам намуда, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ёрӣ мерасонад. Давоми тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор ниҳоли гуногун шинонда шуда, нашъунамои  онҳо таҳти назорат қарор дорад.
Баҳодур Шерализода, ҳамчунин, масъалаи дигари Паём – гузариш ба сифр партовҳои газҳои гулхонаӣ то соли 2037, рушди иқтисод ва «энергияи сабз» дар Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, гуфт, ки айни замон Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносӣ дар кишвар системаи баҳодиҳӣ ва ҳисоби газҳои гулхонаӣ дар соҳаҳои гуногун, махсусан соҳаи кишоварзӣ ва нақлиёт, ҷорӣ карда истодаанд. Системаи мазкур имконият медиҳад, ки ихроҷи газҳо мунтазам санҷида шуда, каму зиёд будани онҳо муайян гардад. Дар ин самт, аллакай, бо Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд гуфтушунид анҷом дода шуда, системаи баҳодиҳӣ ва ҳисоби газҳо бо истифода аз моделҳои гуногун системаи мукаммале хоҳад буд.
Зимни ҷаласа, ҳамчунин, гуфта шуд, ки  бори аввал баланд бардоштани музди маоши аҳолӣ ба андозаи 40 дарсад аз ҷамъбасти бомуваффақи соли 2023 дарак медиҳад, ки дар раванди таъсири вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ басо мушкил аст. 
Рустам Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, дар навбати худ, чунин изҳор дошт:
– Агар таҳлил карда бароем, Паём саросар ба масъалаҳои обу иқлим ва «иқтисоди сабз» равона шудааст. Кишвари мо ҳамчун мамлакати ташаббускор дар масъалаи обу иқлим баҳри иҷрои нақшаҳои дарпешгузошта тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло тавре қабл аз ҷаласа бо иқтидори инфрасохтории Агентии обуҳавошиносӣ шиносоӣ пайдо кардем, сохтори мазкур бо шароити фароҳамшуда ба аҳолӣ  оид ба вазъи боду ҳаво сари вақт маълумот пешниҳод менамояд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрўз дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим масъулияти баланди иҷрои ҳадафҳои муҳими стратегӣ дар самти обу иқлим бар дўш дорад, ки бовар аст, аз уҳдаи татбиқи ин нақшаву ҳадафҳо мебарояд. Амалисозии нақшаҳои вобаста ба обу иқлим, албатта, якҷо бо дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо баланд бардоштани маърифати экологи аҳолӣ имконпазир аст.
Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба, ба Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз зовияи дигар назар карда, паёмҳои нахустини Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёд овард: «Он замон ҳанўз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян набуда, масъалаи ба ҳам овардани миллат аввалиндараҷа буд. Имрўзҳо, тавре мебинем, нақшаю ҳадафҳо ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ мешаванд. Чанд чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, ки давоми ду соли охир баргузор гардид, дар он саҳми Кумитаи ҳифзи муҳити зист хеле назаррас аст». 
Рафиқа Мусоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон,  бо изҳори қаноатмандӣ аз иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан ҷавонон, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро хуш пазируфтанд. Дар Паёми соли 2023, воқеан, таҳлили амиқи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат пешниҳод шуда, дастовардҳо ва мушкилотро фаро гирифт. Барои мисол, дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, ки солҳои пештар мо оид ба чӣ гуна тараққӣ додани ин соҳа мегуфтем, дар Паёми соли 2023 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон миннатдории самимӣ баён карданд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив