ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА –  ИДИ ҚАДИМАИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА МАРДУМИ ШАРҚ

САДА –  ИДИ ҚАДИМАИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА МАРДУМИ ШАРҚ

25 январ 2024, Панҷшанбе
61
0


Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро  ба хотири  баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврўз,  Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 
Эмомалӣ РАҲМОН

Моҳи декабри соли 2023 номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҷашну идҳо, чун суннати мардумӣ, барои рангин гардондан ва ғановат бахшидани зиндагии миллатҳо хидмат мекунанд. Идҳои халқи тоҷик низ дар давоми таърих сайқал ёфта, шаклан ва мазмунан ғанӣ гардида, вобаста ба шароити замон ва сиёсати вақт оҳангу маъниҳои нав пайдо намудаанд.  Аҷдодамон ҷашнҳои Сада, Наврўз, Тиргон ва Меҳргонро «Ҷашнҳои чоргона» номидаанд, ки хусусиятҳои фарқкунанда доранд. 
Мавриди зикр аст, ки тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори Ҷашни Наврўз, Ҷашни Сада ҳам мақоми байналмилалӣ гирифт. Баъдан, ҷашн гирифтани Меҳргон ва Сада низ роиҷ гардид. Дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба идҳои мардумӣ ҳар сол конфронси илмӣ баргузор мегардад ва мазмуну моҳияти ҷашнҳо баррасӣ мешаванд. 
Бино ба гуфтаи профессори ДДБ ба номи Н. Хусрав, доктори илмҳои физика-математика  Абдулҳай Комилӣ, Сада ба монанди Наврўз ва Меҳргон, иди қадима буда, ин маросими зироаткорон дар Авасто, асарҳои Абурайҳони Берунӣ (973-1048), «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврўзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст.  
Номзади илмҳои таърих, профессор Усто Ҷаҳонов  мегўяд, ки Садаро панҷоҳ шабонарўз пеш аз Наврўз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобиқи солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меояд. 
Аммо тоҷикони Вахё ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа онро бо номи Ҳут 28-уми феврал ҷашн мегиранд ва он нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст. Мувофиқи навиштаҳои мардумшинос М. Раҳимов, омодагӣ ба ҷашни Ҳут пешакӣ оғоз шуда, ҳанўз фасли тирамоҳ соҳибхоназанҳо барои омода сохтани таоми маросимӣ ба дохили рўғанчима (кўза барои нигоҳдории равған) равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рўйпўш намуда, болои хамирро бо лой  андова мекарданд. Кўзаҳоро то фарорасии ид нигоҳ медоштанд ва дар рўзи иди Ҳут ба шавҳаронашон медоданд. Мардҳо кўзаҳоро ба аловхона (ҷойи баргузории иду маъракаҳо ва ҷамъомади ҳаррўзаи мардҳо, ки  масъалаҳои рўзро муҳокима  мекарданд) мебурданд. Дар рўзи фарорасии Ҳут ҳар хонавода то 50-100 дона чапотӣ (нони маросимӣ ҳисобида мешуд) омода карда, онро ба аловхона мебурданд. 
Мардҳо дар аловхона таоми маросимии рўғанҷўшӣ омода карда, дар зарфҳои ширу ҷурғотдошта нон реза карда, аз болояш равғани зарди доғшуда мерехтанд ва якҷоя тановул мекарданд. Ҳамин гуна таомро дар аловхона се рўз пайи ҳам омода месохтанд. Ба ғайр аз ин, ҳар хонадон ба қадри тавон таоми дигар низ пухта, онро ба аловхона равон мекард. Сарватмандон гўсфанд ё буз забҳ карда, онро яклухт пухта, ба ин макон меоварданд. Одатан, чунин рўзҳо дар аловхона хўроки зиёд ҷамъ мешуд ва онро тақсим мекарданд.  Дар омода ва тақсимоти таоми идона мардони калонсол иштирок мекарданд, зеро занҳо идро дар хонаҳояшон истиқбол мегирифтанд.       
Дар давоми се рўзи ҷашнгирии иди Ҳут дар аловхонаҳо аз ҳаррўза дида зиёдтар гулхан меафрўхтанд. Дар атрофи гулхан хурсандиву шўхӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозию рақсу бозӣ карда, масхарабозҳо бо рақсҳои ҳазломез саҳначаҳо намоиш медоданд. 
Хуллас, маросиме, ки дар иди Ҳут дида мешавад, ба Ҷашни Сада монанд аст. Сурудҳои ба  Ҳут бахшида, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омода кардани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамояд. Вале баъзан дар моҳи феврал, хусусан дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашмдошт интизор аст. Бо мақсади он ки табиат ба ҳоли деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхона ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд…   Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Сада иди то исломӣ аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шўхиҳо баргузор мешуданд. 
Дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калидӣ дошта, ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадриҷан гарм мешавад.  Хулоса, Ҷашни Сада – иди қадимаи тоҷикон буда, муаррифгари шоистаи халқи тоҷик ва таҷассумгари ҳаёти маънавии мардум мебошад. 

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи  археология, этнография 
ва диншиносии  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив