ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

06 феврал 2024, Сешанбе
32
0


Дар толори маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии раиси комиссияи даъвати шаҳрӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Ҷаласа бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе аз 21-уми декабри соли 2023, №664, “Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудании омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2024” баргузор шуда, дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.
Доир ба иҷрои қарори мазкур раисони комиссияҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои шаҳр, сарраёсати маориф, раёсати тандурустии шаҳр, комиссарони ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳо, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи марказии мададгори мудофиа, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузориш доданд.
Ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳорӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив