ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «РОҒУН»

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «РОҒУН»

09 феврал 2024, Ҷумъа
28
0

 
Ба бахти миллати тоҷик дар давраи басо хатарзои солҳои 90-уми асри ХХ ҷавонмарде адолатхоҳу раиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дурахшонтарин чеҳраест, ки Тоҷикистонро бо тамоми сармояҳои фарҳангӣ ва тавонмандиҳо дар бунёди давлати миллии демократӣ ба сӯи қуллаҳои мурод раҳнамун сохт. 

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихи миллат  кишварро аз вартаи нобудӣ вораҳонд. Сарвари давлат ҳар рӯзу соат сарнавишту рӯзгори хешро бе ормонҳои мардум ва амалӣ сохтани онҳо тасаввур намекунад. Яке аз ормонҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Тавре худи ӯ таъкид мекунанд: «Бо бунёди «Роғун» – мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем». 
Баъди қатъ гаштани ин сохтмон, солҳо пас бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву эъмори иншооти солҳо хобидаву валангоргаштаи НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, ки ин рухдод дар лавҳи таърих бо хатти заррин ҳаккокӣ шуда…
26-уми сентябри соли 2005 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузорони НБО «Роғун» бо нону намак пешвоз гирифтанд. Пас аз ифтитоҳи расмии корҳо, Сарвари давлат ба таъкид гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябрро фаромӯш набояд кард, зеро он  муборак асту барои тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир хоҳад буд. Пас, аз гузаштаи дуру наздики сохтмон, рӯзҳои шодиву нишот ва даҳшату нокомиҳои бунёди Неругоҳ гуфтанд.
Аз гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалҳои соли 1931 мутахассисони соҳаи геология ба Оби Гарм омада, мавзеи сохтмонро омӯзишу таҳқиқ карданд ва то кӯҳҳои Помир манбаъ ва захираи барфу яхистонро дақиқ санҷиданд. Баъди санҷишҳои мутахассисони соҳаи гидроэнергетикаи СССР, неругоҳе бо номи «Сичароғ» пайдо шуд, ки пасон номи «Роғун»-ро гирифт. Мавзеи ҳозираи Роғун Сари Қамиш унвон дошт ва аз Сичароғ тақрибан 4-5 километр поёнтар, дар ҷои боз ҳам мувофиқтар барои сарбанди неругоҳ, воқеъ буд. 
Корҳои ташкилӣ ва ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ  соли 1972 оғоз ёфтанд. 27-уми сентябри соли 1976 дар шаҳраки навбунёди Сари Пулак ҷамъомади пуршукӯҳе бо иштироки мардуми бумӣ, меҳмонон ва мутахассисони аввалини сохтмон доир гардид. Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов оид ба моҳияти сохтмони Неругоҳ сухан ронд. Дар ин маърака вазири энергетика ва электрофикатсияи  СССР П. С. Непорожний оғози сохтмони иншооти  азими барқиро муборакбод гуфт.
Дарёи Вахшро 28-уми декабри соли 1987 банд партофтанд. Дар сохтмон беш аз 6 ҳазор коргар ба фаъолият пардохт. Аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шуравӣ намояндаҳои миллатҳои гуногун ба бунёди иншоот ҷалб гардиданд. Рӯзҳову моҳҳои аввал коргарон дар хаймаҳо мезистанд. Бо мурур, майдончаҳои сохтмонӣ арзи ҳастӣ намуданд.
Дар зарфи шаш сол пешдарғот (плотина) ва дарғоти навбати аввал то баландии 40 метр бунёд ёфт. Баландии сарбанд, тибқи лоиҳа, 335 метр ва иқтидори неругоҳ 3600 мВт муайян гашт. Аммо нимаи дувуми солҳои 80-ум, ба қавле, ба ин сохтмон чашм расид. Як зумра «зиёиён»-и ватанӣ сини дигар рӯ оварданд. 
Мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон Отахон Латифӣ 21-уми ноябри соли 1988 бо унвони «Плотина» («Сарбанд») мақолае ба табъ расонд. Журналисти номошно ҳадс мезад, ки обанбори Роғун гӯё миллиардҳо мукааб оби баҳри Аралро мегирад, баҳр хушк мешавад ва ба шаҳру деҳоти Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон зарари зиёд мерасонад. 
Чанд тани дигар низ дар минбарҳои баланд оид ба ин мавзуъ «рӯширинӣ» карданд. Аз ин лиҳоз, бунёди НБО «Роғун» то ба чандин сол ба таъхир афтод. 
Ба шарофати истиқлол ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми устувор дар ҷодаи бунёди иншооти аср гомҳои нахустин гузошта шуд. 
27-уми августи соли 2007 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ба тасвиб расид.
Зимни вохӯрӣ ва мулоқотҳо,  Эмомалӣ Раҳмон ба бунёдгарони сохтмон ба таъкид гуфтанд, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишварро бе сохтмони НБО «Роғун» тасаввур кардан имконнопазир аст. Бо бунёди Неругоҳ 14 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши бориз хоҳад гузошт. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои асосии тавлидгари барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа  табдил меёбад.
Аз  рӯзҳову  моҳҳои  аввал  аз ибтикори ҷасуронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархе аз сиёсатмадорону иқтисоддонҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ангушти ҳайрат газиданд. Сару садоҳое ба миён омаданд, ки оё Тоҷикистон метавонад бо неруи ақлониву ҷисмонӣ ва сармояи худӣ, ақаллан, навбати аввали Неругоҳро бисозад. Хушоянд аст, ки имрӯз ду чархаи НБО «Роғун» дар гардиш аст.
Солҳо гувоҳанд, ки сохтмончиёни иншоот, Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қодиранд  нақшаи хешро амалӣ созанд. Воқеан, эъмори Неругоҳи  «Роғун» сарнавишти хешро ба дасти худ гирифтан аст. 
«Роғун» арсаи муттаҳидӣ дар атрофи  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. «Роғун» на танҳо манбаи нуру зиё, балки омили асосии таъмини амнияти миллии  Тоҷикистон аст! 

Умари ШЕРХОН, публитсист

Санаи нашр: 09.02.2024 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив