ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ. ЧАРО ФАЪОЛИЯТИ СОМОНАИ МИМҲД ҚАНОАТБАХШ НЕСТ?

ВАҲДАТ. ЧАРО ФАЪОЛИЯТИ СОМОНАИ МИМҲД ҚАНОАТБАХШ НЕСТ?

27 феврал 2024, Сешанбе
84
0

 
Дар замони муосир бо пешрафти бесобиқаи илму технология фаъолияти ҳеҷ як мақомот ва идораву ташкилотро бидуни интернет, сомонаҳо ва саҳифаҳои вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро, феълан, аксари мардум бештари иттилоъро аз тариқи сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дастрас менамоянд. Дар робита ба ин, метавон вазорату кумита, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораву ташкилотҳои зиёдеро мисол овард, ки тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти худ маълумот нашр  мекунанд. Мутаассифона, дар ин миён мақомотҳое низ ҳастанд, ки ба ном сомона кушода, солҳо боз онро ба ҳоли худ гузоштаанд, ки мақоли “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!”-ро мемонад.

Бояд тазаккур диҳем, ки ҳадаф аз ташкилу мунтазам кор кардани сомона ё саҳифаҳои интернетӣ сари вақт огоҳ сохтани мардум аз фаъолияти ин ё он ниҳод, бо маълумоти саҳеҳ пур кардани фазои иттилоотӣ, дастрасии шаҳрвандон ба иттилои зарурӣ ва роҳ надодан ба маълумоти бардурӯғ аз ҷониби шахсону сомонаҳои ғаразпеша дар фазои маҷозӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июли соли 2017 қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар шабакаи интернет қабул шуд. Мақсуд аз он, ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” мебошад. Бо гузашти беш аз ҳафт сол аз қабули қарор ҳарчанд аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корҳои муайян ба сомон расида бошад ҳам, вале дар ин самт камбудиҳо ҳамоно ҷой доранд.
Аз ҷумла, дар робита ба ин масъала, барои хонандагон натиҷаи омӯзиши сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро пешкаш мекунем. 
Тавре мушоҳида нишон дод, сомонаи мазкур ба ном фаъолият дорад. Мо хостем матлабҳои дар сомона интишоршударо манзури хонандаи азиз гардонем, вале, мутаассифона,  охирин матлаб ҳанӯз 23-юми ноябри соли 2022  нашр шудааст ва он ҳам аз шаҳр нест. 
Ин камбудии ҷойдоштаро хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар нишастҳои матбуотии раиси шаҳр ба самъи масъулон расонда буд, аммо онҳо бо гуфтани “мо ин масъаларо ҳатман таҳлил карда мебароем ва дар рӯзҳои наздик ин мушкилӣ ҳалли худро меёбад” – иктифо мекарданд. Инак,  беш аз як сол сипарӣ шуду ин норасоӣ аз ҷониби масъулон ҳанӯз ҳам рафъ нагардидааст. 
Дар баробари ин, сомонаи расмии шаҳри Ваҳдат  (http://www.vahdat.tj)  бахши русӣ ва англисӣ надорад. Ҳамчунин, он ба талаботи қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет ҷавобгӯ нест.
Наход тайи ин муддат дар шаҳр ягон рӯйдоди муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ нашуда бошад? Чаро мақомот аз фаъолияти худ хабару гузориш барои сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама барои сокинони шаҳри Ваҳдат, пешниҳод намекунад? Ҳол он ки  асри XXI-ро асри иттилоот меноманду бештари аҳолӣ барои дарёфти хабару гузориш аз интернет истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мебоист, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба воситаи сомонаи расмии худ оид ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ сари вақт маълумот диҳанд, аз иҷрои барномаҳои қабулгардида, раванди иҷрои супоришҳои роҳбарияти мамлакат ҳисобот пешниҳод кунанд, мавҷуд будани мушкилотро пинҳон насозанд, балки барои бартараф намудани камбудиву нуқсонҳо пешниҳоди худро ироа ва аҳли ҷомеаро барои саҳмгузорӣ ҳидоят намояд. Бешубҳа,  агар сомона доир ба ҳар як дастоварду муваффақиятҳои худ хабару гузоришҳо нашр кунад, эътибори он боло меравад. Вале бо чунин шеваи корбарӣ дар фазои интернет дар бораи пешравӣ ҳоҷати сухангӯӣ ҳам нест.
Вобаста ба ин, бояд таъкид сохт, ки мунтазам фаъол набудани сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маънои иҷро накардани қарори Ҳукуматро дорад. Умедворем, ки баъди нашри мавод масъулон барои ислоҳи ин камбудӣ камари ҳиммат хоҳанд баст.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив