ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

28 феврал 2024, Чоршанбе
9
0

ТАСАРРУФИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

Беш аз 2 миллион сомониро кӣ ба ҷайбаш андохт?

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калонро аз ҷониби масъулони «Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент» ошкор кард.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар дод, Б. Эргашев, сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, бо истифода аз ваколати мансабӣ, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Б. Бобоев ва дигар шахсони масъул дар чанд маврид ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намудаанд. Аз ҷумла, Б. Эргашев ҳамчун шахси масъулияти моддидошта дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Б. Бобоев ва дигар шахсони масъул таҷҳизотҳои барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2 136613,31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонданд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Б. Бобоев, Б. Эргашев ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида ба пуррагӣ барқарор ва тафтиши пешакӣ идома дорад.


ҚАЛЛОБӢ
Нафси баде, ки ҳаёти як мансабдорро доғдор кард
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба суд ирсол намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷ. Анваров, мудири шуъбаи дуюми Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, айбдоршаванда бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд З. Ашуров даромада, аз ӯ барои дохил кардани писараш ба факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5000 доллари ИМА ва 19000 сомонӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷ. Анваров вобаста ба мавқеи мансабиаш ваколати дохил кардани довталабро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон надорад ва бо мақсади тасарруф намудани молу мулки ғайр дидаю дониста ба чунин амал даст задааст.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷ. Анваров бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив